Ҳукми боздошти раҳбари Ихвонулмуслимини Миср содир шуд

  • 10 Июл, 2013
Муҳаммад Бадеъ ба ҳангоми суханронӣ
Image caption Эҳтимолан додситонӣ дар судури ҳукми боздошти Муҳаммад Бадеъ ба суханронии ӯ дар ҷамъи муътаризон истинод кардааст

Дар ҳоле ки Ихвонулмуслимин ширкат дар давлати эътилофии ҷадиди Мисрро мардуд дониста, додситонии ин кишвар ҳукми боздошти раҳбар ва аъзои аршади ин гурӯҳро содир кардааст.

Дар ҳамин ҳол Арабистони Саъӯдӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ кумаки‌ густардаи молиро дар ихтиёри давлати муваққати Миср қарор додаанд.

Рӯзи чаҳоршанбе, 19 тир (10 июн) додситонии кулли Миср эълом кард, ки ҳукми боздошти Муҳаммад Бадеъ, раҳбари гурӯҳи исломгарои Ихвонулмуслимин ва шуморе аз аъзои аршади ин гурӯҳ содир шудааст. Далели судури ҳукми боздошти ин афрод "таҳрик ба иқдомоти хушунатомез" дар ҷараёни таҷаммуъи эътирозӣ дар баробари мақари горди раёсати ҷумҳурии Миср унвон шуда­­аст.

Рӯзи душанбеи ин ҳафта дасти кам панҷоҳу як нафар дар асари тирандозӣ дар ин маҳал кушта шуданд, ки аксари онон аз аъзои Ихвонулмуслимин буданд.

Ихвонулмуслимин нерӯҳои низомӣ ва амниятиро ба "куштори" муътаризон муттаҳам карда, аммо артиши Миср гуфтааст, ки маъмурони давлатӣ ба тирандозии "терруристҳои мусаллаҳ" ва талоши онон барои ҳамла ба мақари горди раёсати ҷумҳурӣ посух доданд.

Рӯзи ҷумъа дар ҳоле ки гузоришҳо аз боздошти Муҳаммад Бадеъ тавассути нерӯҳои амниятӣ интишор ёфта буд, вай дар миёни таҷаммуъкунандагон дар ин маҳал ҳозир шуд ва бо дурӯғ хондани ин гузоришҳо ба суханронӣ пардохт ва бо интиқод аз фармондеҳи артиш, хостори қиёми артишиён барои бозгардондани Муҳаммад Мурсӣ ба қудрат шуд. Эҳтимолан додситонии Миср ин суханрониро омили таҳрики муътаризон ба ҳамла ба нерӯҳои амниятӣ донистааст.

Хабари судури ҳукми боздошти раҳбари Ихвонулмуслимин дар ҳоле интишор меёбад, ки пештар гузориш шуда буд, ки ин гурӯҳ даъвати Ҳозим Албибловӣ, нахуствазири ҷадиди Миср барои ширкат дар давлати муваққатро рад карда ва гуфтааст, танҳо роҳи бурунрафт аз буҳрони кунунии Миср бозгашти Муҳаммад Мурсӣ ба симати раёсати ҷумҳурӣ аст.

Рӯзи гузашта Адлӣ Маҳмуд Мансур, раиси ҷумҳурии муваққати Миср, оқои Албибловӣро маъмури ташкили кобина кард ва аз ҳамаи гурӯҳҳо ва шахсиятҳоии сиёсии Миср даъват кард дар ростои бозгашти сареъи демукросӣ ба ин кишвар бо давлати ҷадид ҳамкорӣ кунанд.

Сухангӯи Ихвонулмуслимин дар мусоҳиба бо хабарнигори бахши форсии Бибисӣ дар Қоҳира гуфтааст, ки раиси ҷумҳурӣ ва давлати ҷадид ғайриқонунӣ ва фоқиди машруъият ҳастанд ва бинобарин музокира барои мушорикат дар давлат ба раҳбарии онон мавзуъе надорад.

Image caption Ихвонулмуслимин ҳеҷ мусолеҳаеро бидуни бозгашти Мурсӣ ба қудрат напазируфтааст

Ин гурӯҳи исломгаро иқдоми артиш дар барканории Муҳаммад Мурсӣ аз раёсати ҷумҳуриро кудетои ғайриқонунӣ медонад ва чанд ҳазор тан аз аъзо ва ҳаводорони он бо таҷаммуъ дар шаҳраки Наср, дар ҳумаи Қоҳира, хостори бозгашти оқои Мурсӣ ба қудрат шудаанд.

Якшанбеи гузашта даҳҳо ҳазор тан аз мухолифони Муҳаммад Мурсӣ дар эътироз ба нотавонии давлат дар ҳалли мушкилоти мардум ва он чӣ, ки гароиши ҷиноҳии раиси ҷумҳурӣ ва хатари бозгашти истибдод ба Миср мехонданд, дар Қоҳира ва сойири нуқоти Миср таҷаммуъ карданд ва хостори истеъфои раиси ҷумҳурӣ шуданд.

Дар идомаи эътирозот артиши Миср бо таъини зарбулаҷале аз оқои Мурсӣ хост мутолиботи мардумро бароварда кунад. Рӯзи чаҳоршанбе артиш расман раиси ҷумҳуриро аз кор барканор ва барномаи ҷадидеро барои бозгашти демукросӣ ба Миср эълом кард. Ин барнома шомили интисоби раиси додгоҳи қонуни асосӣ ба симати раиси ҷумҳурии муваққат, ислоҳи қонуни асосӣ ва сипас баргузории интихоботи порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ будааст.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Омрико гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида хостори он аст ки Ихвонулмуслимин низ ба унвони яке аз гурӯҳҳои муҳими сиёсии Миср дар раванди бозгашти қудрат ба давлати ғайринизомии мунтахаби мардум мушорикат дошта бошад.

Мақомоти Омрикоӣ ҳануз саргарми баррасии ин суол ҳастанд, ки оё иқдоми артиш дар барканории Муҳаммад Мурсӣ ба манзури ҳимоят аз "мутолиботи" мардум ва интисоби як раиси ҷумҳурии ғайринизомӣ машмули қавонини Омрико дар манъи кумак ба ҳукуматҳои кудетоӣ мешавад ё на. Омрико ҳарсола кумакҳои муҳиммеро дар ихтиёри Миср ва ба вижа артиши ин кишвар мегузорад ва қавонини Иёлоти Муттаҳида монеъ аз кумак ба давлатҳое аст, ки бо кудето ба қудрат расидаанд.

Кумаки молии аъроб ва интиқоди Афви Байналмилал

Муҳаммад Мурсӣ дар июни соли гузашта давраи зимомдории худро оғоз кард, аммо тайи ин муддат Миср гирифтори душвориҳоии иқтисодии шадид, аз ҷумла камбуди сӯхт, гаронии ақломи асосӣ ва коҳиши хатарноки захоири арзӣ будааст.

Image caption Ҳайати эъзомии Аморот бо Адлӣ Мансур дидор ва ҳимояти худ аз давлати муваққатро эълом кард

Дар ин муддат Қатар ва Туркия аз давлати оқои Мурсӣ ҳимояти молӣ ва сиёсӣ ба амал меоварданд, аммо бархе дигар аз кишварҳои сарватманди араб, ба хусус Арабистони Саъӯдӣ ва Аморот, тамоюли чандоне ба кумак ба давлати вобаста ба Ихвонулмуслимин надоштанд.

Бархе нозирон гуфтаанд, ки ҳукумати Арабистони Саъудӣ бо сохтор ва гароишҳои суннатитар, нигарони он буд, ки ҷунбиши баҳори арабӣ ва "демукросии исломӣ" аз навъи Туркия ва Миср, боъиси бурузи бесуботӣ дар ин кишвар низ шавад.

Соъоте пас аз кудетои артиши Миср алайҳи Муҳаммад Мурсӣ подшоҳи Арабистон бо ирсоли паёме интисоби раиси ҷумҳурии муваққати он кишварро табрик гуфт ва аз иқдоми артиши Миср қадрдонӣ ба амал овард.

Дар рӯзҳои ахир як ҳайат аз мақомоти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳам дар сафар ба Қоҳира бо Адлӣ Мансур, раиси ҷумҳурии муваққат ва женерол Абдулфаттоҳ Алсисӣ, фармондеҳи артиш дидор кардааст.

Амороти Муттаҳидаи Арабӣ эълом карда, ки маблағи 3 милёрд дулорро ба шакли вом ва кумаки билоиваз дар ихтиёри Миср қарор медиҳад ва Арабистони Саъудӣ низ 5 милёрд дулорро барои кумак ба Миср ихтисос додааст. Тайи чанд моҳи гузашта музокираи байни давлати Миср ва Сандуқи Байналмиллалии Пул барои дарёфти ҳудуди 5 милёрд дулор вом идома дошта ва ҳанӯз ба натиҷа нарасидааст.

Image caption Ба гуфтаи Афви Байналмилал вокуниши артиши Миср бо амалиёти мухолифони мусаллаҳ таносубе надоштааст

Давлати Омрико аз мақомоти Арабистони Саъудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қатар хостааст давлати ҷадид ва гурӯҳҳои мухталифи мисриро таҳти фишор қарор диҳанд то аз тавассул ба хушунат худдорӣ кунанд.

Дар ҳамон ҳол Афви Байналмиллал, аз созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар нерӯҳои низомӣ ва амниятии Мисрро ба корбурди "ғайримутаносиби қувваи қаҳрия" алайҳи муътаризон муттаҳам карда ва аз онон хостааст ба манзури иҷтиноб аз фоҷиъаи бештари дигар аз худ хештандорӣ нишон диҳанд.

Афви Байналмиллал бо ишора ба кушта шудани дастикам панҷоҳу як тан дар ҷараёни даргирии байни муътаризон ва нерӯҳои амниятӣ гуфтааст, ки "ҳатто агар бархе аз муътаризон ба хушунат мутавассил шуда буданд, вокуниши хушунатомези артиш таносубе бо ин надошт ва натиҷаи он кушта шудани шуморе аз муътаризони бегуноҳ будааст."

Артиши Миср дар тавҷеҳи тирандозӣ ба суи муътаризон гуфтааст, ки аз миёни муътаризоне, ки дар баробари мақари горди раёсати ҷумҳурӣ таҷаммуъ карда буданд, ба суи нерӯҳои амниятӣ тирандозӣ шуд ва низомиён низ ба ин тирандозӣ посух доданд.

Шаби гузашта фармондеҳи артиши Миср таъкид кард, ки ба касе иҷозаи ихлол дар раванди бозгашт ба демукросӣ дода намешавад ва афзуд, ки "ояндаи кишвар муҳимтар аз он аст, ки касе иҷозаи сангандозӣ дар баробари онро дошта бошад."

Матолиби муртабит