Даргириҳои ҳаводорон ва мухолифони Мурсӣ 30 кушта бар ҷой гузошт

  • 6 Июл, 2013
Қоҳира
Image caption Гузоришҳо баёнгари заду хурди ду тараф бо корд ва чубу ботрӣ аст.

Дар пайи даргирии шадид миёни ҳаводорон ва мухолифони Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури барканоршудаи Миср ҳадди ақал 30 нафар кушта ва беш аз 1000 нафар захмӣ шудааст.

Вазорати беҳдошти ин кишвар хабар додааст, ки дасти кам 12 нафар дар Искандария ва 8 нафар дар ду даргирии ҷудогона дар Қоҳира кушта шудаанд.

Артиши Миср шомгоҳи чаҳоранбе оқои Мурсиро пас аз тазоҳуроти милюнҳо нафар аз раёсати ҷумҳурӣ барканор кард, қонуни асосиро ба ҳолати таълиқ даровард.

Оқои Мурсӣ узви шохаи сиёсии Ихвонулмуслимин нахустин раиси ҷумҳури Миср аз, ки тавассути интихоботи озод ба қудрат расдааст.

Гузоришҳо баёнгари заду хурди ду тараф бо корд ва чубу ботрӣ аст.

Ду тараф дар атрофи Пули Шашуми октябр, наздикии мйдони Таҳрири Қоҳира бо ҳам даргир шуда буданд.

Гузоришҳо баёнгари бозгашти оромӣ ба Қоҳира аст.

Иёлоти Муттаҳида зимни маҳкум кардани хушунат, аз раҳбарони гурӯҳҳо ва Ихвонулмуслимин дар Миср хостааст монеъ аз бурузи даргириҳои ҷадид миёни ҳаводоронашон шаванд.

Ҷен Сокӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Омико дар баёнияе хоҳони ҳаллу фасли мусолиматомези ихтилофҳо дар Миср ва худдорӣ аз корбурди хушунат шуд.

Дар пайи барканории оқои Мурсӣ аз қудрат Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико хоҳони вогузории сареъи қудрат ба ғайринизомиён шуда буд.

Аз сӯйи дигар Ҷон Мак-Кейн, сенотури ҷумҳурихоҳони қатъи кумакҳои молии Омрико ба артиши Миср шудааст.

Ба гуфтаи оқои Мак Кейн Омрико набояд бо ҳимоят аз барканории як давлати мунтахаб иштибоҳҳои гузаштаи худро такрор кунад.

Ба гуфтаи ӯ кумакҳои Омрико ба артиши Миср бояд ба ҳолати таълиқ дарояд ва заминаи баргузории интихоботи озод дар ин кишвар бояд фароҳам шавад.

Даргириҳои рӯзи ҷумъа пас аз он шурӯъ шуд, ки сарбозони мисрӣ ба сӯйи гурӯҳе аз ҳаводорони оқои Мурсӣ, ки дар хориҷи мақари Горди раиси ҷумҳурӣ, маҳалли боздошти Муҳаммад Мурсӣ таҷаммуъ карда буданд оташ гушуданд.

Ҳаддиақал се нафар дар ин тирандозӣ кушта шуданд ва даҳҳо нафари дигар аз ҷумла Ҷеремӣ Буин, сардабири умури Ховари Миёнаи Би-би-сӣ маҷруҳ шуданд.

Ҳаводорони Ихвонулмуслимин пас аз намози ҷумъа ба сӯйи ин мақар ҳаракат карда буданд.

Даҳҳо ҳазор нафар аз тарафдорони Ихвонулмуслимин низ дар атрофи масҷиди Робеъа дар Қоҳира таҷаммуъ карда буданд.

Таҷаммуъҳои мушобеҳе дар шаҳрҳои дигари Миср анҷом шуд.

Муҳаммад Бадеъ, раҳбари Ихвонулмуслимин дар суханоне хитоб ба таҷаммуъкунандагон дар Қоҳира гуфт: “Ба таҷаммуъ дар майдонҳо идома медиҳем, то Мурсӣ ба қудрат боз гардонда шавад.”

Оқои Бадеъ хоҳони тазоҳуроти мусолиматомез шуд ва аз артиш хост туфангҳои худро ба самти тазоҳуркунандагон нишона нагирад.

Сипас гурӯҳе аз ҳаводорони Ихвонулмуслимин ба сӯйи Пули Шашуми Октябр ҳаракат карданд, то бо гузор аз рӯйи руди Нил равонаи майдони Таҳрир шаванд.

Даргирӣ замоне шиддат гирифт, ки мухолифони оқои Мурсӣ саъй карданд, монеъи убури ин афрод аз рӯйи пул шаванд.

Шиддад даргириҳо ба ҳадде буд, ки артиши Миср бо эъзоми чанд тонк саъй кард тарафҳои даргириро аз ҳам ҷудо кунад.

Шоҳидони айнӣ аз ба оташ кашидани як худрав ва ҳамлаи ду тараф бо истифода аз корду санг аст.

Артиши Миср шомгоҳи чаҳоранбе оқои Мурсиро аз раёсати ҷумҳурӣ барканор кард, қонуни асосиро ба ҳолати таълиқ даровард ва аъзоёни аршади ин ҷунбишро бодошт кард. Оқои Мурсӣ узви шохаи сиёсии Ихвонулмуслимин аст.

Матолиби муртабит