Раҳбари ҷадиди Миср савганд ёд кард

Адлӣ Маҳмуд Мансур, қозии аршади Додгоҳи қонуни асосии Миср ба унвони раиси ҷумҳури муваққати ин кишвар чанд соъат пас аз барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳур таввасути артиш ва ҳабси хонагии ӯ савганд ёд кард.
Оқои Мансур гуфт интихоботи тоза "танҳо роҳи пешрафт аст", аммо тавзеҳе дар мавриди замони баргузории он ироа надод.
Оқои Мурсӣ аввалин раиси ҷумҳури ба сурати озод интихобшудаи Миср аст, ки пас аз он ки иқдоми артишро кудето номид, дар ҳабси хонагӣ карор дода шуд.
Артиши Миср гуфтааст ӯ "натавонистааст ба хостҳои мардум ҷавоб бигӯяд".
Тағйирот дар Миср дар пайи чандин рӯзи тазоҳурот ва роҳпаймоиҳо алайҳи раиси ҷумҳури исломгаро сурат мегирад.
Тазоҳуркунандагон оқои Мурсӣ ва Ихвонулмуслиминро муттаҳам ба пешбурди барномаҳои исломгароён ва кутоҳӣ дар ҳалли мушкилоти иқтисодии мардуми Миср мекунанд.
Вазорати беҳдошти Миср гуфтааст, дасти кам 10 нафар дар даргириҳо да саросари кишвар кушта ва даҳҳо нафар маҷруҳ шудаанд. Ҳудуди 50 нафар пас аз оғози нооромиҳо дар рӯзи якшанбе кушта шудаанд.
Оқои Мансур пас аз муддати кутоҳе, ки ба унвони қозии аршади Додгоҳи қонуни асосии Миср савганд ёд кард, ба унвони раиси ҷумҳури муваққат низ савганд ёд кард.
Ӯ қасам ёд кард, ки "низоми ҷумҳуриро ҳифз хоҳад кард ва ба қонуни асосӣ ва қавонин эҳтиром хоҳад гузошт ва аз манофеъи мардум ҳимоят хоҳад кард."
Ӯ афзуд "замоне расида ки корхонаи тавлиди мустабидони мо мутаваққиф шавад."
Ӯ гуфт интихобот бар мабнои "иродаи воқеъии мардум, на бар асоси иродаи тақаллубӣ" баргузор хоҳад шуд. "Ин танҳо роҳ ба суи ояндаи рӯшан аст, ояндае, ки бештар демукротик аст."
Оқои Мансур ҳамчунин аз артиш ба унвони "виҷдони мардум ва зомини таъмини амнияти он" ситоиш кард.
Нигаронии Омрико
Пас аз он ки артиш эълом кард қонуни асосии мавриди ҳимояти исломгароёнро, ки аз тариқи баргузории назархоҳии умумӣ таъйид шуд, ба таълиқ дароварда ва интихоботи тоза баргузор мешавад, мухолифони оқои Мурсӣ тамоми шаб дар майдони Таҳрири Қоҳира ҷашн доштанд.
Ҷиҳод Алҳаддод, сухангӯи Ихвонулмуслимин, ки аз Мурсӣ ҳимоят мекунад, ба Би-би-сӣ гуфт, ки раҳбари барканоршудаи Миср дар ҳабси хонагӣ аст ва "ҳамаи тими ҳамкор бо раиси ҷумҳур" дар боздошт ҳастанд.
Падари оқои Ҳаддод, Исом Алҳаддод, мушовири аршади оқои Мурсӣ ва Саъд Алкататнӣ, раиси шохаи сиёсии Ихвонулмаслимин дар миёни боздоштшудагон ҳастанд.
Рӯзномаи давлатии "Алаҳром" гузориш додааст, ки дастури боздошти 300 раҳбар ва аъзои Ихвонулмуслимин содир шудааст.
Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико гуфтааст аз чархиши ахири таҳаввулот дар Миср "амиқан нигарон" аст ва хостори бозгашти сареъ ба мудирияти ғайринизомӣ дар Миср шудааст.
Барканории раиси ҷумҳури Миср дар пайи чаҳор рӯз тазоҳуроти умумӣ ва зарбулаҷали 48 соъатаи артиш, ки рӯзи чаҳоршанбе ба поён расид, сурат мегирад.
Дар як суханронии телевизиюнӣ женерол Абдулфаттоҳ Алсисӣ, фармондеҳи артиши Миср гуфт, артиш наметавонад паёми тудаҳои мардуми Мисрро нодида бигирад.
Ӯ дар мавриди нақшаи роҳ барои ояндаи кишвар сухан гуфт ва гуфт оқои Мансур вазифадор хоҳад шуд то "умури кишварро дар давраи интиқолӣ то замони баргузории интихоботи раиси ҷумҳури ҷадид дар даст дошта бошад."
Нақшаи роҳи артиш шомили таълиқи қонуни асосӣ, ташкили ҳукумати текнукроти ғайринизомӣ, омодасозии баргузории нитхоботи порлумонӣ ва раиси ҷумҳурӣ тавассути Додгоҳи қонуни асосӣ ва қабул ва ба иҷро гузоштани "маншури ифтихор" барои расонаҳои кишвар аст.
Норизоятӣ
Пас аз эъломи женерол Сисӣ худрав ва тонкҳои артиш дар ҳама манотиқи пойтахт мустақар шуданд.
Пахши барномаҳои шабакаҳои телевизиюнии мутааллиқ ба Ихвонулмуслимин қатъ шуд. Хабаргузории давлатии Мено гузориш додааст, ки кормандони шабакаи Миср25, ки мутааллиқ ба Ихвонулмуслимин аст боздошт шудаанд.
Сафҳаи Фейсбуки оқои Мурсӣ он чиро "кудетои низомӣ" номида маҳкум кардааст.
Баёнияи оқои Мурсӣ дар Фейсбук аз шаҳрвандони кишвар хостааст "аз қонуни асосӣ ва қонунҳои дигар итоаъат кунанд ва ба ин кудето посух надиҳанд".
Дар майдони Таҳрир ҳазорҳо нафар тазоҳуркунандагони зидди оқои Мурсӣ ҷашн ба по кардаанд ва оташбозӣ анҷом дода ва мошинҳоро буқ задаанд.
Умар Шариф, яке аз тазоҳуркунандагон ба хабаргузории Фаронса гуфт: "Ин як лаҳзаи нави торихӣ аст. Мо аз Мурсӣ ва Ихвонулмуслимин халос шудем."
Кевин Кунулӣ, хабарнигори Би-би-сӣ дар Қоҳира мегӯяд касе намедонад, ки пас аз ин чӣ иттифоқ хоҳад уфтод, хатарнок ин аст, ки ҳар ду ҷониб талош хоҳанд кард тарафдорони худро ба хиёбонҳо биёваранд.
Артиш гуфтааст чунин таҳаввули ҳаводисро иҷоза нахоҳад дод, аммо хабарнигори мо мегӯяд, ин кор осон нахоҳад буд.
Пас аз суханронии женерол Сисӣ Поп Тавардос 2, раҳбари калисои масҳиёни мисрӣ ва Муҳаммад Албародаъӣ, яке аз раҳбарони аслии мухолифон аз тариқи телевизиюни давлатӣ дар бораи нақшаи роҳи артиш суханронӣ кардаанд ва гуфтаанд бо артиш мувофиқ ҳастанд.
Оқои Албародаъӣ гуфтааст ҳадафи нақшаи роҳ мусолиҳаи миллӣ аст ва оғози тоза барои инқилоби соли 2011 аст.
Амр Мусо, яке дигар аз роҳбарони мухолифон ва раиси собиқи Иттиҳодияи Араб ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ройзаниҳое барои ташкили ҳукумат ва мусолиҳа "ҳамакнун оғоз хоҳад шуд".
Оқои Мурсӣ, нахустин раиси ҷумҳури исломгарои Миср аст, ки 30 июни соли 2012, пас аз пирӯзӣ дар интихоботе, ки озод дониста мешавад ва пас аз инқилобе, ки Ҳуснӣ Муборакро сарнагун кард, зимоми умурро ба даст гирифт.
Замони ҳукумати ӯ ҳамроҳ бо нооромиҳои идомадори сиёсӣ ва бад шудани вазъи иқтисодии кишвар будааст.
Тазоҳуроти умумӣ дар авохири ҳафтаи гузашта, ки боъиси мудохилаи артиш шуд, ба даъвати ҷунбиши мавсум ба Тамарруд дар эътироз ба вахим шудани вазъи иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ сурат гирифт.
Аммо аз моҳи ноябри гузашта бадинсу, замоне ки оқои Мурсӣ эъломияи баҳсбарангези қонуни асосиро барои афзоиши ихтиёроти худ содир кард, танишҳо дар кишвар дар ҳоли афзоиш будааст.
Иқдомоти ӯ барои тақвияти қавонини исломӣ ва тамаркузи қудрат дар дасти Ихвонулмуслимин муҷиби фосила гирифтани гурӯҳҳои либерол ва секулорист шудааст.
