Исломгароёни ҳомии раиси ҷумҳурии Миср "ултимотуми" артишро рад карданд

Раиси ҷумҳурии Миср ва гурӯҳҳои исломгарои ҳомии ӯ зарбулаҷали артиш барои гардан ниҳодан бар хости муътаризонро рад кардаанд.
Дафтари Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии Миср, бо судури иттилоъияе дар рӯзи сешанбеи 2 июл, дар посух ба мавзеъгирии ахири артиш эълом кард, ки "раиси ҷумҳурӣ дар мавриди баёнияи нерӯҳои мусаллаҳ тарафи машварат қарор нагирифта буд" ва афзуд, ки "дафтари раёсати ҷумҳурӣ муътақид аст бахшҳое аз ин баёния метавонад дар шароити печидаи кунунӣ боъиси бурузи ибҳомоте шавад."
Ишораи ин иттилоъия ба баёнияи артиш дар рӯзи душанбе аст, ки дар он женерол Абдулфаттоҳ Алсисӣ, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ, вазири дифоъ ва раиси шӯрои низомии Миср ба "сиёсатмадорон" 48 соъат муҳлат дода, то мутолиботи муътаризонро бароварда созанд.
Агарчи ин баёния манзури худ аз мутолиботи мардумро мушаххас накарда, аммо хостаи аслии даҳҳо ҳазор тан аз мухолифони Муҳаммад Мурсӣ, ки рӯзи якшанбе дар майдони Таҳрири Қоҳира ва бархе шаҳрҳои дигари Миср даст ба эътироз заданд, канорагирии оқои Мурсӣ аз симати раёсати ҷумҳурӣ будааст.
Дафтари раиси ҷумҳурии Миср афзудааст, ки вай дар назар дорад "бидуни таваҷҷуҳи баёнияҳое, ки боъиси таъмиқи шикоф байни шаҳрвандон мешавад, дар масири барномарезишудаи қаблии худ барои пешбурди оштии ҷомеъи миллӣ гом бардорад."
Эҳтимолан ишораи ин дафтар ба пешниҳоди оқои Мурсӣ барои гуфтугӯ бо аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсии мухолиф аст, ки қаблан аз сӯйи ин аҳзоб рад шудааст.
Дафтари раиси ҷумҳурии Миср бо ишора ба суқути Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳурии собиқи Миср ва баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пас аз ӯ афзудааст, ки интихоби раиси ҷумҳурӣ ба манзалаи "муҳимтарин дастоварди инқилоби январи 2011 аст ва ҳушдор дода, ки иҷоза нахоҳад дод замон ба ақиб баргардонда шавад."
Ҳамчунин гузориш шудааст, ки оқои Мурсӣ дар тамоси телефунӣ бо Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, шароити Мисрро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Дафтари раёстаи ҷумҳурии Миср гуфтааст, ки дар ин муколима оқои Мурсӣ таъкид варзид, ки Миср дар масири мусолиматомези гузор ба демукросӣ мубтанӣ бар қонун ва Қонуни асосӣ ба пеш меравад.
Оқои Убомо дар ин гуфтугӯ аз лузуми мусолиҳа барои ҳалли буҳронҳои сиёсӣ сухан гуфт, дар ҳоле ки давлати Омрико ҳамчунон бар машрӯъияти интихоботи мунҷар ба зимомдории оқои Мурсӣ таъкид гузоштааст.
Гузоришҳои хабарӣ ҳокӣ аз он аст, ки женерол Мортин Дампсӣ, раиси ситоди муштараки артиши Омрико низ бо женерол Алсисӣ тамоси телефунӣ дошта, аммо муҳтавои гуфтугӯи онон интишор наёфтааст. Артиши Миср равобити наздике бо артиши Омрико дорад ва аз кумакҳои фанӣ ва молии Иёлоти Муттаҳида бархӯрдор мешавад.
.
