Мақарри Ихвонулмуслимин дар Қоҳира ғорат шуд, 'ҳашт нафар кушта шуданд'

Мухолифони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии Миср, ки дар чанд рӯзи гузашта даст ба эътирозоти саросарӣ зада буданд, ба ӯ то фардо муҳлат доданд, ки истеъфо диҳад. Мухолифон таҳдид кардаанд, ки агар раиси ҷумҳурӣ истеъфо надиҳад ва интихобот баргузор накунад, иқдом ба "нофармонии мадании тамомайёр" хоҳанд кард.
Ҳамзамон гузориш мерасад, ки мақарри Ихвонулмуслимин дар Қоҳира ба оташ кашида шуда буд ва ғорат шудааст. Як мақоми амниятӣ ба Би-би-сии арабӣ гуфт, ки дар ҷараёни даргирӣ дар ин мақар дастикам ҳашт нафар кушта шудаанд.
Мухолифон, ки акнун ба номи ҷунбиши Тамарруд хонда мешаванд, мегӯянд беш аз 22 милюн имзо барои истеъфои Муҳаммад Мурсӣ ҷамъоварӣ кардаанд.
Садҳо ҳазор нафар аз мухолифони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии Миср, рӯзи якшанбеи 30 июн, дар солгарди ба қудрат расидани ӯ дар майдони Таҳрир дар Қоҳира ва дар чанд шаҳри дигар даст ба эътироз задаанд.
Таҷаммуъи мухолифон дар майдони Таҳрири Қоҳира бузургтарин гирдиҳамоӣ дар ин майдон аз соли 2011 ба шумор меравад.
Дар вокуниш ба ин эътирозот Муҳаммад Мурсӣ аз мардум хоста, ки "муттаҳид бошанд ва ба хираду ақл гӯш диҳанд".
Бар асоси гузоришҳо, дар хушунатҳои парокандае, ки аз дирӯз то ба ҳол рух дода, як нафар дар Қоҳира дар ҳамла ба дафтари Ихвонулмуслимин, ҳизби оқои Мурсӣ, кушта шуда ва чаҳор нафари дигар дар устони Алсиват, маркази Миср кушта шудаанд.
Мухолифон муътақиданд Муҳаммад Мурсӣ аз соли гузашта, ки дар интихобот ба қудрат расида, дар беҳбуди вазъияти иқтисодӣв а амниятии Миср нотавон буда ва бояд канорагирӣ кунад.
Тарафдорони оқои Мурсӣ муътақиданд, ки як сол барои ҳалли мушкилоти кишвар кофӣ нест ва оқои Мурсӣ, ки дар интихоботи қонунӣ ва озод сари кор омада, бояд то поёни давра ба кори худ идома диҳад.
Ҷунбиши Тамарруд дар баёнияе, ки имрӯз (душанбе, 1 июл) мунташир кард, аз оқои Мурсӣ хоста, то фардо соъати сеи баъд аз зуҳр ба вақти Гринвич истеъфо диҳад ва муқаддамоти баргузории интихоботро фароҳам кунад.
Муҳаммад Бадр, аз сухангӯёни ҷунбиши Тамарруд, дирӯз гуфт артиш, пулис ва дастгоҳи қазоии Миср ҳам аз мухолифон ҳимоят мекунанд.
Муҳаммад Мурсӣ аммо дирӯз дар мусоҳиба бо рӯзномаи Гордияни Инглистон дархости мухолифонро рад кард ва гуфт "Агар касеро, ки бар асоси Қонуни Асосӣ ва ба таври машрӯъ интихоб шуда, тағйир диҳем, бо раиси ҷумҳурии ҷадид ҳам бархе мухолиф хоҳанд буд ва як ҳафта ё як моҳ баъд хостори тағйири ӯ ҳам мешаванд."
Оқои Мурсӣ таъкид кард ба ҳеҷ ваҷҳ иҷозаи инҳироф аз Қонуни асосиро нахоҳанд дод.
"Зери суол бурдани машрӯъияти Қонуни асосӣ маҳалле аз эъроб надорад", балки "иқтибос ва бакоргирии Қонуни асосӣ аст, ки бештар аз ҳар чиз аҳаммият дорад."
