Ҳаводорон ва мухолифони Мурсӣ барои баргузории тазоҳурот омода мешаванд

Гузоришҳо аз Миср ҳокӣ аз даргирии байни ҳомиён ва мухолифони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурӣ дар шимоли ин кишвар аст.
Гуфта шуда дар ҷараёни ин даргириҳо дар рӯзи панҷшанбе дастикам як нафар кушта ва чандин нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ин даргириҳо дар ҳоле гузориш мешавад, ки қарор аст ду тараф дар рӯзи ҷумъаи 28 июн роҳпаймоиҳои дигаре баргузор кунанд.
Гузоришҳо аз эъзоми нерӯҳои низомӣ ба манзури ҳифзи назм дар Қоҳира ва чанд шаҳри дигари Миср ҳикоят дорад.
Мунтақидони оқои Мурсӣ бо ишора ба ин ки ӯ дар тӯли як соли ҳукуматаш иқдоме дар ҷиҳати маҳори мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоъии ин кишвар сурат надода, хостори истеъфои ӯ шудаанд.
Ҷабаҳи навҷоти миллӣ, муҳимтарин эътилофи мухолифон рӯиз гузашта зимни радди пешниҳоди оқои Мурсӣ барои анҷоми "гуфтугӯ" дар баёнияе гуфт, ки "хостори баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии зудҳангом" ҳастанд.
Ин дар ҳолест, ки ҳомиёни оқои мурсӣ муътақиданд, ки мушкилоти мавҷуд ба даврони ҳукумати Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқ марбут мешавад.
Онҳо ҳмачунин таъкид мекунанд, ки оқои Мурст аз ҳимояти аксари мардуми Миср бархӯрдор аст.
Пештар артиши Миср нисбат ба бурузи ҳарҷу марҷ дар кишвар ҳушдор додааст.
Оқои Мурсӣ дар як суанронӣ дар шомгоҳи чаҳоршанбе, ки ба муносиюбати фаро расидани аввалин соли раёсати ҷумҳурии худ эрод кард, гуфт, ки нооромиҳо таҳдиде барои кишвар ба шумор меравад.
Оқои Мурсӣ, вобаста ба гурӯҳи Ихвонулмуслимин аст, муваффақ шуд, ки дар ҷараёни интихоботе, ки аз он ба унвони интихоботе озод ва мунсифона ёд шуда дар 30 июни соли гузашта зимоми умурро ба даст бигирад.
Оқои мурсӣ дар аввалин соли раёсати ҷумҳурии худ бо нооромиҳои сиёсӣ ва шароити бади иқтисодӣ рӯбарӯ буд.
