Ҳушдори Мурсӣ: Нооромиҳо Мисрро фалаҷ мекунад

  • 27 Июн, 2013
Image caption Мурсӣ гуфта, ки аз замони ба уҳда гирифтани қудрат дар Миср "иштибоҳоте" карда

Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии Миср, ҳушдор додааст, ки нооромиҳои мудовим ин кишварро дар маърази он қарор дода, ки "фалаҷ шавад."

Оқои Мурсӣ дар як нутқи телевизиюнӣ дар асри чаҳоршанбеи 26 июн ба муносибати аввалин солгарди интихобаш ба раёсати ҷумҳурӣ гуфта, ки аз замони ба уҳда гирифтани қудрат дар Миср "иштибоҳоте" кардааст.

Мухолифони Муҳаммад Мурсӣ гуфтаанд, ки барои дархости истеъфои ӯ рӯзи якшанбеи оянда тазоҳурот мекунанд. Дар пайи ин эълом нерӯҳои низомӣ дар сартосари шаҳрҳои Миср мустақар шудаанд.

Пеш аз суханронии оқои Мурсӣ даргириҳое дар шаҳри шимолии Мансура байни ҳомиёни давлат ва мухолифони он рух дод, ки мунҷар ба кушта шудани ду нафар ва маҷрӯҳ шудани 170 нафар шуд.

Муҳаммад Мурсӣ дар 30 июни соли 2012 қудратро дар даст гирифт. Нахустин соли зимомдории ӯ бо нооромиҳои сиёсӣ пайваста ва бо иқтисоди рӯ ба уфул ҳамроҳ будааст.

Мухолифони оқои Мурсӣ қасд доранд рӯзи якшанбе дуруст дар яксолагии раёсати ҷумҳурии ӯ тазоҳуроте густарда барои истеъфои ӯ баргузор кунанд.

"Буҳрони маҳорнашуданӣ"

Image caption Ҳомиёни Мурсӣ мегӯянд ӯ бо раъйи мардум интихоб шуда ва ҳар талоше барои канор задани ӯ ғайридемукротик аст

Кампайни "Тамарруд" ё шӯриш, ки теъдоде аз ҷавонони мисрӣ онро роҳ андохтанд, аз ҷамъоварии беш аз 13 милюн имзо дар ҳимоят аз канорагирии оқои Мурсӣ хабар додааст.

Исломгароён эълом кардаанд, ки аз Муҳаммад Мурсӣ ҳимоят мекунанд.

Ҳомиёни раиси ҷумҳурии Миср ёдоварӣ мекунанд, ки ӯ бо раъйи мардум интихоб шуда ва ҳар талоше барои канор задани ӯ ғайридемукротик аст.

Артиши Миср чанд рӯз пеш ҳушдор дод, ки иҷоза намедиҳад кишвар ба коми "буҳроне маҳорнашуданӣ" фурӯ равад.

Женерол Абдулфаттоҳ Алсисӣ, вазири дифоъ ва фармондеҳи артиши Миср хоҳони як тавофуқи миллӣ дар кишвар шуда ва гуфтааст, ки артиш сокит нахоҳад монд.

Бисёре аз мисриҳо ба далели нигаронӣ аз тазоҳуроте, ки қарор аст якшанбеи оянда дар ин кишвар баргузор шавад ба хариди мояҳтоҷи аввалия рӯй овардаанд.

Хабарнигорон мегӯянд бархе аз мағозаҳо тамоми мавҷудии маводди ғизоии худро ба фурӯш расондаанд.

Камбуди маводди сӯхтӣ боъис шуда, то ронандагон сафҳои тӯлонӣ дар баробари пумпи бензинҳо ташкил диҳанд.

Хабарнигори Би-би-сии форсӣ дар Қоҳира мегӯяд мардуми Миср нигарони нооромиҳо ва даргириҳои хушунатбори эҳтимолӣ дар 30 июн ҳастанд.

Матолиби муртабит