Додгоҳи қонуни асосии Миср Маҷлиси улё ва Маҷлиси муассисонро ғайриқонунӣ эълом кард

  • 2 Июн, 2013
Image caption Бар асоси ҳукми додгоҳи қонуни асосӣ Маҷлиси улё то замони интихоби порлумони ҷадид ба кори худ идома медиҳад

Додгоҳи қонуни асосии Миср қонунеро, ки аъзои Маҷлиси улёи порлумони он кишвар бар асоси он интихоб шудаанд, ғайриқонунӣ донистааст.

Ин додгоҳ гуфт интихоби як сеюми аъзои маҷлиси улёи порлумони Миср ба унвони афроди мустақил мухолифи қонун будааст, чаро ки дар канори афроди мустақил аъзои бархе аҳзоб низ худро ба унвони кондидоҳои мустақил номзад карда ва вориди маҷлис шуданд, дар ҳоле ки ин ҳақро надоштанд.

Бо ин ҳол додгоҳ гуфта бар асоси модаи 230 қонуни асосии ҷадиди Миср Маҷлиси улёи порлумони Миср ҳақ дорад то замони интихоби порлумони ҷадид ба кори худ идома диҳад ва наметавонад мунҳал шавад.

Ин ба он маъно аст, ки ин маҷлис ҳақи қонунгузорӣ низ дорад.

Бар асоси ҳукми ин додгоҳ инҳилоли Маҷлиси улё пас аз ташкили порлумони ҷадид сурат хоҳад гирифт.

Ҳанӯз торихе барои баргузории интихобот таъин нашудааст.

Додгоҳи қонуни асосии Миср ҳамчунин раъй дод, ки маҷлиси муассисони Миср, ки қонуни асосии ҷадиди ин кишварро тадвин карда бар хилофи қонун ташкил шуда буд.

Бо ин ҳол додгоҳ дар ҳукми худ гуфта қонуни асосие, ки ин маҷлис тасвиб кард ва 64 дар сад аз раъйдиҳандагони мисрӣ онро дар ҳамапурсӣ таъйид карданд, қонунӣ аст.

Ҳанӯз наметавон дар мавриди табаъоти тасмимгириҳои додгоҳи қонуни асосӣ қазоват кард, аммо гуфта шуда ин ҳукми он додгоҳ эҳтимолан ба афзоиши танишҳо байни Ихвонулмуслимин ва дастгоҳи қазоӣ дар мавриди ислоҳоти қазоӣ дар кишвар доман хоҳад зад.

Исломгароён бар зарурати ислоҳот дар дастгоҳи қазоӣ таъкид доранд. Онҳо мегӯянд афроде, ки дар даврони Ҳуснӣ Муборак ба маносиби қазоӣ расидаанд, бояд барканор шаванд.

Ин дар ҳоле аст, ки қуззот ин иқдомро талош дар ҷиҳат тасфия кардани низоми қазоии Миср медонанд.

Додгоҳи қонуни асосии Миср ҳамчунини соли гузашта гуфта буд, ки қавонини интихоботӣ, ки бар асоси он аъзои Маҷлиси улё ва суфлои порлумон интихоб шудаанд, муътабар нест.

Матолиби муртабит