Даргирӣ дар маросими тадфин дар Миср як кушта ба ҷой гузошт

Мақомҳои мисрӣ мегӯянд дастикам як нафар дар пайи даргирии миёни азодорони қибтӣ ва мусалмонон дар Қоҳира ҷони худро аз даст додааст.
Маросими азодорӣ барои чаҳор масеҳии қибтӣ баргузор шуда буд, ки дар хушунатҳои панҷшанбеи гузашта миёни иддае мусулмонон ва масеҳӣ рух дод.
Дар даргирии рӯзи панҷшанбе панҷ нафар кушта шуданд, ки чаҳор нафар аз онҳо масеҳии қибтӣ ва як нафар низ мусалмон буд.
Гузориш шудааст пулис барои пароканда кардани таҷаммуъи рӯзи якшанбе аз гози ашковар истифода кардааст.
Хабаргузории давлатии Миср эълом кардааст, ки беш аз 80 нафари дигар низ захмӣ шудаанд.
Бар асоси гузоришҳо, азодорон пас аз маросим дар калисо, шиъорҳое алайҳи Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии исломгарои Миср, сар доданд.
Як шоҳиди айнӣ ба як шабакаи телевизиюни маҳаллӣ гуфт дар ҳоле ки азодорон аз калисо хориҷ мешуданд, иддае ба онҳо ҳамла карда ва сангу бумбҳои дастсози бензинӣ партоб карданд.
Ба гуфтаи ӯ дар ибтидо пулис ҳузури камранге дар маҳал доштааст.
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, масеҳиён низ дар посух б самти мусулмонон санг партоб карданд ва муддате кӯтоҳ баъд аз он пулис дар маҳал ҳузур ёфта ва барои поён додан ба хушунатҳо аз гози ашковар истифода кардааст.
Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии Миср, дар тамосе бо поп Тавозруси Дувум,масъули калисои қибтиён дар Миср, хушунатҳоро маҳкум кард.
Оқои Мурсӣ гуфт: "Ҳар гуна ҳамла ба калисо ҳамла ба шахси ман аст."
Поп Тавозруси Дувум низ хоҳони поёни даргириҳо шуда ва аз ҳама хост оромиши худро ҳифз кунанд.
Аз сӯйи дигар ҳизби Озодӣ ва Адолат, ки бозӯи сиёсии Ихвонулмуслимин аст, дар баёнияе дар саҳфаи Фейсбуки худ хушунатҳоро маҳкум карда ва "инзиҷори" худро аз ин даргириҳо иброз кардааст.
Қибтиҳо, ки ҳудуди даҳ дарсади ҷамъияти Мисрро ташкил медиҳанд ва ақаллият ба шумор мераванд, мегӯянд давлат пас аз фурӯпошии давлати Ҳуснӣ Муборак аз онҳо ҳимояте накардааст.
Аз замони суқути давлати Ҳуснӣ Муборак, борҳо даргирӣ миёни мусалмонон ва қибтиҳо гузориш шудааст, аммо даргириҳои ахир яке аз хушунатбортарин дар моҳҳои гузашта аст.
