Ҳушдори Омрико ба шаҳрвандони худ дар Миср

Бо идомаи даргириҳои хунин дар Миср, давлати Омрико аз шаҳрвандони ин кишвар хоста, ки аз афарҳои ғайризарурӣ ба Миср парҳез кунанд ва ба диплумотҳои худ, ки масъулияти изтирорӣ дар Миср надоранд, гуфтааст, ки кишварро тарк кунанд.
Вазорати хориҷаи Омрико ҳамчунин аз шаҳрвандони Омрико дар Миср хоста, ки “гӯш ба занг” бошанд.
Ин ҳушдор дар пайи кушта шудани дасти кам се нафар аз ҷумла як шаҳрванди омрикоӣ дар ҷараёни даргириҳои ахир дар Миср эълом шудааст.
Рӯзи ҷумъа ду нафар дар шаҳри Искандария дар шимоли Миср дар пайи ҳамлаи муътаризон ба дафтари Ихвон-ул-муслимин, ки аз оқои Мурсӣ ҳимоят мекунад, кушта шуданд, ки гузориш шуда яке аз онҳо аккос-хабарнигори омрикоӣ будааст.
Гузоришҳо дар бораи чигунагии кушта шудани ин хабарнигор зиддунақиз ба назар мерасанд.
Дар ҳоле ки бархе аз гузоришҳо марги ӯро бар асари ҷароҳоти ношӣ аз корд дар ноҳияи сина ривоят кардаанд, гузоришҳои дигар иллати марги ӯро бархурди гулӯла эълом мекунанд.
Ин даргириҳо дар пайи эътирозоти рӯзи 28-уми июн рух дода, ки дар ҷараёни он мухолифони хоҳони канорагирии раиси ҷумҳури Миср шудаанд.
Мухолифони оқои Мурсӣ гуфтаанд, ки қасд доранд рӯзи якшанбе 30-уми июн, дар нахустин солгарди ба раёсати ҷумҳурӣ расидани оқои Мурсӣ, даст ба тазоҳурот бизананд.
Дар баёнияе, ки вазорати хориҷаи Омрико мунташир кардааст, омада ба далели "эҳтимоли идомаи нооромии сиёсӣ ва иҷтимоъӣ" дар Миср шаҳрвандони Омрико аз сафарҳои ғайризарурӣ дар ин замон парҳез кунанд.
Аз мақомҳои расмӣ нақл шуда, ки фурӯдгоҳи аслии Қоҳира пур аз мусофироне аст, ки қасди хуруҷ аз Мисрро доранд ва тамоми парвозҳо ба мақсади Омрико, кишварҳои урупоӣ ва кишварҳои Халиҷи Форс пур шудаанд.
Ин мақомҳои расмӣ, ки нахостаанд ҳуввияташон ифшо шавад ба Асошиейтед Пресс гуфтаанд, ки ҳаҷми хуруҷ аз Миср "бесобиқа" аст.
Хабарнигори Би-би-сӣ дар Искандария, дуввумин шаҳри бузурги Миср аз маҷруҳ шудани дасти кам 20 нафар дар ҷараёни даргириҳо дар ин шаҳр хабар додааст.
Гузоришҳо аз эъзоми нерӯҳои низомӣ ба манзури ҳифзи назм дар Қоҳира ва чанд шаҳри дигари Миср ҳикоят дорад.
Мунтақидони оқои Мурсӣ бо ишора ба ин ки дар тӯли як соли ҳукуматаш иқдоме дар ҷиҳати маҳори мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоъии ин кишвар накарда, хостори истеъфои ӯ шудаанд.
Ин дар ҳоел аст, ки ҳомиёни оқои Мурсӣ муътақиданд, ки мушкилоти мавҷуд ба даврони ҳукумати Ҳуснӣ Муборак, раисҷумҳури собиқ марбут мешавад.
