Даргириҳои хунин дар ҷараёни эътирозоти Миср

  • 29 Июн, 2013
Миср
Image caption Мухолифони Муҳаммад Мурсӣ хоҳони истеъфои ӯ шудаанд

Аз Миср гузориш мерасад, ки таҷаммуъҳои мухолифон ва мувофиқони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури ин кишвар бо даргириҳои хунине ҳамроҳ будааст.

Расонаҳо аз кушта шудани дасти кам ду нафар хабар додаанд, ки гумон меравад яке аз онҳо рӯзноманигори омрикоӣ бошад.

Телевизиюни миллии Миср хабари кушта шудани як аккос-хабарнигори омрикоиро дар ҳоле хабар карда, ки гузоришҳои дигар дар ин бора зидду нақиз ба назар мерасанд. Дар ҳоле ки бархе аз гузоришҳо марги ӯро бар асари ҷароҳоти ношӣ аз корд дар ноҳияи сина ривоят кардаанд, гузоришҳои дигар иллати марги ӯро бархурди гулӯла эълом мекунанд.

Ҳамзамон вазорати хориҷаи Омрико эълом карда, ки дар ҳоли таҳқиқ дар ин бора аст. Вазорати хориҷаи Омрико аз шаҳрвандони ин кишвар хоста, ки аз сафарҳои ғайризарурӣ ба Миср парҳез кунанд.

Дар ҳамин ҳол аз шаҳри Пурт Саъид хабар мерасад, ки садои инфиҷор дар ин шаҳр ба гӯш расидааст.

Гузоришҳои дигаре аз марги ҳафт нафар дар минтақаи шимоли Миср хабар медиҳанд.

Дар Қоҳира ҳазорон нафар аз ҳомиёни оқои Мурсӣ рӯзи ҷумъа, 28 июн аз баробари масҷиди ҷомеъи пойтахт роҳпаймоии худро шурӯъ карданд.

Эътирозоти рӯзи ҷумъа дар ҳоле барпо шуда, ки мухолифони оқои Мурсӣ эълом кардаанд, қасди доранд тазоҳуроти густардаеро дар рӯзи якшанбе, 30 июн баргузор кунанд.

Мухолифон аз оқои Мурсӣ хостаанд, то аз мақоми худ канорагирӣ кунад.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Искандария, дуввумин шаҳри бузурги Миср аз маҷруҳ шудани дасти кам 20 нафар дар ҷараёни даргириҳо дар ин шаҳр хабар додааст.

Дар пайи кушта шудани чаҳор нафар ва захмӣ шудани садҳо нафар дар ҷараёни даргириҳои ду рӯзи гузашта мақомот нисбати бурузи ҷанги дохилӣ дар кишвар ҳушдор доданд.

Гуфта шуда дар ҷараёни даргириҳои рӯзи панҷшанбе дасти кам як нафар кушта ва чандин нафар захмӣ шудаанд.

Гузоришҳо аз эъзоми нерӯҳои низомӣ ба манзури ҳифзи назм дар Қоҳира ва чанд шаҳри дигари Миср ҳикоят дорад.

Мунтақидони оқои Мурсӣ бо ишора ба ин ки дар тӯли як соли ҳукуматаш иқдоме дар ҷиҳати маҳори мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоъии ин кишвар накарда, хостори истеъфои ӯ шудаанд.

Ин дар ҳоел аст, ки ҳомиёни оқои Мурсӣ муътақиданд, ки мушкилоти мавҷуд ба даврони ҳукумати Ҳуснӣ Муборак, раисҷумҳури собиқ марбут мешавад.

Матолиби муртабит