Ҳушдори артиши Миср: Иҷозаи нооромиро нахоҳем дод

  • 24 Июн, 2013
Image caption Вазирои дифоъи Миср хоҳони як тавофуқи миллӣ дар кишвар шудааст

Артиши Миср дар остонаи баргузории тазоҳуроти зиддидавлатӣ ҳушдор дода, ки иҷоза нахоҳад дод кишвар даргири нооромиҳои ғайриқобили кунтрул шавад.

Женерол Абдулфатоҳ Алсисӣ, вазири дифоъ ва фармондеҳи артиши Миср, гуфт, ки артиш муваззаф аст, то монеъи ғалтидани Миср ба сӯйи "тунели торику сиёҳ" шавад.

Аз замони ба қудрат расидани Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии исломгарои Миср ин изҳорот яке аз шадидтарин изҳори назарҳои артиш дар мавриди масоъили ин кишвар ба шумор меравад.

Женерол Алсисӣ ҳушдор дод, ки артиш сокит нахоҳад монд ва гуфт шикофе дар ҷомеъа вуҷуд дорад, ки идомаи он хатаре барои кишвар ба шумор меравад.

Вазири дифоъи Миср хоҳони як тавофуқи миллӣ дар кишвар шудааст.

Женерол Алсисӣ дар моҳи январи имсол низ ҳушдор дода буд, ки "идомаи таниш байни ҷиноҳҳои мухталифи сиёсӣ сарнавишти насли ояндаи кишварро таҳдид мекунад."

Фармондеҳи артиши Миср рӯзи якшанбе 23 июн бо Муҳаммад Мурсӣ дидор кард. Сухангӯйи артиш гуфтааст, ки ин як дидори оддӣ ва аз қабл барномарезишуда буд.

Гурӯҳҳои секулор дар Миср мехоҳанд дар 30 июн, аввалин солгарди ба қудрат расидани Муҳаммад Мурсӣ, даст ба таҷаммуъе густарда дар кишвар бизананд.

Ин гурӯҳҳо, ки мухолифи идомаи раёсати ҷумҳурии оқои Мурсӣ ҳастанд, мегӯянд барои канорагирии раиси ҷумҳурии Миср 13 милюн имзо ҷамъ кардаанд.

Матолиби муртабит