Таҷаммуъи мухолифони мисрӣ дар майдони Таҳрири Қоҳира

Муътаризон ба ҳукумати Миср дар остонаи тазоҳуроти густардаи мухолифон дар Қоҳира дар майдони Таҳрир таҷаммуъ кардаанд.
Гузоришҳо баёнгари ҳузури ҳазорон нафар аз мухолифон дар ин майдон аст.
Якшанбе нахустин солгарди таҳлифи Муҳаммад Мурсӣ ба унвони раиси ҷумҳурии Миср аст.
Муътаризон ба сиёсатҳои Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии исломгарои Миср эътироз доранд.
Ҳазорон нафар аз ҳомиёни Оқои Мурсӣ ҳам шанбе дар Қоҳира роҳпаймоӣ карданд.
Дар рӯзҳои гузашта танишҳои сиёсӣ дар Миср афзоиш ёфтааст.
Се нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Омрико дар нооромиҳои рӯзи ҷумъа ҷони худро аз даст доданд.
Иёлоти Муттаҳида ба шаҳрвандони худ дар бораи сафар ба Миср ҳушдор додааст.
Бритониё ҳам аз атбоъи худ хостааст ба маҳалли тазоҳурот наздик нашаванд ва давлати Фаронса низ ба шаҳрвандонаш ҳушдор дода аз тараддуди ғайризарурӣ дар Қоҳира ва дигар шаҳрҳои Миср худдорӣ кунанд.
Нигаронии Убомо
Борок Убомо гуфтааст, ки Омрико бо нигаронӣ авзоъи Мисрро зери назар дорад.
Оқои Убомо, ки ба Офриқои ҷанубӣ сафар кардааст, аз ҳамаи тарафҳои даргир хост аз хушунат дурӣ кунанд ва аз пулис ва артиши Миср ҳам хост хештандорӣ ба харҷ диҳанд.
Оқои Убомо гуфт: "Мо хоҳони ин ҳастем, ки мухолифон ва оқои Мурсӣ вориди гуфтугӯи созандатаре шаванд."
Фаъъолони мухолифи оқои Мурсӣ мегӯянд тавонистаанд 22 миллиюн имзо дар ҳимоят аз баргузории интихоботи зудҳангом ҷамъоварӣ кунанд.
Онҳо аз имзокунандагон хостаанд то дар рӯзи якшанбе ба майдони Таҳрир сарозер шаванд.
Ҳамзамон гузоришҳо баёнгари ҳуҷуми шаҳрвандони хориҷӣ ба фурудгоҳи Қоҳира барои хуруҷ аз ин кишвар аст.
Хунрезӣ
Эндрю Потчер, шаҳрванди Омрико ва як мисрӣ дар нооромиҳои рӯзи ҷумъа дар шаҳри Искандария кушта шуданд.
Оқои Потчер, ки барои фарогирии арабӣ ва омӯзиши англисӣ дар Миср зиндагӣ мекард, дар ҳоле кушта шуд, ки дар ҳоли аккосӣ аз тазоҳуркунандагон буд.
Ба гуфтаи хонаводаи оқои Потчер ӯ бо чоқу кушта шудааст.
Фарди мисрии кушташуда ҳам ба зарби гулӯла аз по даромадааст.
Қурбонии сеюм як рӯзноманигор буд, ки дар як инфиҷор дар шаҳри Пурт Саид кушта шуд.
