Вазири умури хориҷаи Миср истеъфо кард

  • 2 Июл, 2013
Ҳаводорони Мурсӣ
Image caption Ҳаводорони Мурсӣ барои дифоъ аз ӯ гурӯҳҳои чумоқдор ташкил додаанд

Муҳаммад Комил Амру, вазири умури хориҷаи Миср истеъфо кард.

Ин дар ҳолест ки ҳазорон нафар аз мухолифон ва мувофиқони Муҳаммад Мурсӣ ба хиёбонҳо омадаанд ва мунтазири поёни бисту чаҳор соъати боқимонда аз зарбулаҷали артиши Миср ҳастанд.

Истеъфои вазири хориҷаи Миср пас аз он анҷом мегирад, ки гурӯҳи бузурге аз мухолифони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои Миср бо шаклдиҳии ҷунбиши "Тамарруд" хоҳони канорагирии ӯ аз қудрат шудаанд.

Ба ҷуз оқои Амр имрӯз Иҳоб Фаҳмӣ, сухангӯи раиси ҷумҳур ва Ало Алҳадидӣ, сухагӯи давлат низ истеъфо кардаанд.

Пеш аз ин чаҳор вазири кобинаи оқои Мурсӣ низ истеъфо дода буданд. Вузарои муҳити зист, иртиботот, гардишгарӣ ва умури порлумонӣ низ рӯзи гузашта истеъфои худро ба Ҳишом Қандил, нахуствазир таслим карда буданд.

Ҳанӯз хабаре дар бораи пазириш ё ради истеъфои мақомҳои давлати Миср мунташир нашудааст.

Муҳаммад Мурсӣ дар мувоҷиҳа бо мухолифон бо мушкил мувоҷеҳ аст. Артиши Миср дар иттилоъияе ба сиёсатмадорон зарбулаҷале 24-соъата барои ҳалли буҳрон додааст, ҳарчанд таъкид карда, ки таъини муҳлат ба маънии қасди артиш барои кудатои низомӣ нест.

Вазири кишвари Миср низ дар баёнияе аз мавзеъи артиш ҳимоят кардааст.

Тазоҳуроти мухолифон ва мувофиқони Муҳаммад Мурсӣ ҳамчунон идома дорад. Ин тазоҳурот бо хушунат низ ҳамроҳ будаст. Аз ҷумла теъдоде аз мухолифон бо ҳамла ба дафтари марказии Ихвонулмуслимин дар Қоҳира онро ба оташ кашидаанд.

Дар муқобил ҳомиёни Муҳаммад Мурсӣ дастаҳои чӯбдореро барои дифоъ аз ӯ басиҷ кардаанд.

Эътирозот алайҳи Муҳаммад Мурсӣ, ки аввалин раиси ҷумҳури баромада аз як интихоботи озод дар Миср аст, як сол пас аз ба қудрат расидани ӯ авҷ гирифтааст.

Матолиби муртабит