Муҳаммад Мурсӣ: Бо раъйи мардум раиси ҷумҳур шудам, канор намеравам

  • 3 Июл, 2013
Image caption Муҳаммад Мурсӣ дар нутқи худ гуфт чорае ҷуз ин надорад, ки дар симаташ боқӣ бимонад

Бо вуҷуди тазоҳуроти густарда ва зарбулаҷали артиш, Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии Миср, дар як нутқи телевизиюнӣ гуфт аз симати худ канор намекашад ва "то пойи ҷон" аз машрӯъияти ҷойгоҳи худ мубтанӣ бар интихобот дифоъ мекунад.

Оқои Мурсӣ дар нутқи телевизиюнӣ, ки дар соъоти поёнии шомгоҳи сешанбе дувумииюл пахш шуд, хостори оромиши Миср шуд.

Раиси ҷумҳурии Миср ҳамчунин зарбулаҷали артиши ин кишварро рад кард ва гуфт зери бори он намеравад.

Фармондеҳи артиши Миср пештар дар рӯзи душанбе дар иттилоъияе гуфт, ки ба "сиёсатмадорони" ин кишвар 48 соъат муҳлат медиҳад, то ба "хости мардум" расидагӣ кунанд.

Бар асоси гузоришҳо, милюнҳо нафар дар ҳимоят аз истеъфои Муҳаммад Мурсӣ тазоҳурот кардаанд.

Оқои Мурсӣ дар нутқи худ бори дигар таъйид кард, ки иштибоҳоте кард ва қавл дод, ки ба мардуми вафодор бимонад.

Ӯ аз тазоҳуркунандагон хост, ки аз хушунат парҳез кунанд ва таъкид кард, ки зери бори дастур намеравад.

Муҳаммад Мурсӣ дар нутқи телевизиюнии худ, ки 45 дақиқа тӯл кашид, гуфт, ки ба ҳаққи тазоҳуроти мусолиматомез эҳтиром мегузорад, вале ба гуфтаи ӯ эҳтиром ба Қонуни асосии ин кишвар "танҳо тазмини ҷилавгирӣ аз хунрезиҳои бештар аст."

Ӯ гуфт ҷонашро медиҳад, то аз машруъияти мубтанӣ бар Қонуни асосӣ дифоъ кунад.

Раиси ҷумҳурии Миср нооромиҳоро ба фасод ва бақоёи ҳукумати соқитшудаи Ҳуснӣ Муборак муртабит кард ва аз тазоҳуркунандагон хост ба ҳокимияти қонун эҳтиром бигузорад.

Муҳаммад Мурсӣ хостори ташкили шӯрои оштии миллӣ ва ҳамчунин як ойиннома барои расонаҳо шуд.

Ӯ гуфт ҳозир аст дар раванди гуфтугӯйи миллӣ бо ҳамаи гурӯҳҳо ва афрод дидор кунад.

Тарҳи артиш барои баргузории интихоботи зудҳангом

Image caption Тарҳи артиши Миср як шӯрои фароҷиноҳиро ҷойгузини оқои Мурсӣ мекунад, то интихоботи ҷадид баргузор шавад

Муҳаммад Мурсӣ пеш аз нутқи худ барои дувумин рӯзи мутаволӣ бо женерол Абдулфаттоҳ Алсисӣ, фармондеҳи артиш, мулоқот карда буд.

Онон дар бораи музокироти худ, ки бо ҳузури Ҳишом Қандил, нахучствазири Миср, сурат гирифта, ҳеҷ ҷузъиёте мунташир накардаанд.

Манобеъе дар артиши Миср ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки мавзеъи раиси ҷумҳурии ин кишвар ҳар лаҳза "заъифтар" мешавад.

Ба гуфтаи онон, бар асоси пешнависи тарҳи артиши Миср, як шӯро шомили афроди фароҷиноҳӣ, ҷойи оқои Мурсиро мегирад, то интихоботи ҷадид баргузор шавад.

Соъоте пеш аз ин нутқи оқои Мурсӣ ҷузъиёте аз тарҳи артиши Миср барои мудохила дар буҳрони сиёсии ҷории ин кишвар фош шуд.

Мутобиқи он чи хабаргузории Руйтерз аз тарҳи артиш мунташир карда, эҳтимол меравад, ки артиш даст ба инҳилоли маҷлис бизанад, ки дар ҳоли ҳозир дар ихтиёри исломгароён аст ва Қонуни асосиро ба таъвиқ дароварад.

Мутобиқи тарҳе, ки Руйтерз фош карда, шурои муваққатии муташаккил аз гурӯҳҳои сиёсии мухталиф барои идораи кишвар ба қудрат хоҳад расид ва то тасвиби Қонуни асосии ҷадид уҳдадори ин амр хоҳад буд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии дигаре низ пас аз он баргузор хоҳад шуд.

Рӯзи душанбе дар пайи интишори зарбулаҷали артиш хеле аз муътаризон онро ба унвони поёни ҳукумати оқои Мурсӣ талаққӣ карданд ва ба шодмонӣ дар гӯшаву канори Қоҳира машғул шуданд.

Бо ин ҳол каме баъд артиши Миср таъкид кард дар пайи кудетои низомӣ нест.

Зарбулаҷали артиш то соъати 4:30 баъд аз зуҳри рӯзи чаҳоршанбе ба вақти маҳаллӣ поён мегирад.

Ифшои тарҳи артиш дар авҷи буҳрони сиёсии Миср ва дар ҳоле рух медиҳад, ки мувофиқони Муҳаммад Мурсӣ ба хиёбонҳо рехтаанд..

Матолиби муртабит