Артиши Миср Мурсиро барканор кард

Артиши Миср эълом кард, ки Муҳаммад Мурсӣ дигар раиси ҷумҳури ин кишвар нест ва Қонуни Асосӣ ба ҳолати таълиқ даромадааст.
Ба гуфтаи фармондеҳи артиш, раиси Додгоҳи Қонуни Асосии Миср зимоми умурро дар даст мегирад. Давлати муваққат интихоботи зудҳангоми порлумонӣ ва раёсати ҷумҳуриро баргузор мекунад.
Қарор аст гурӯҳе барои бознависии Қонуни Асосӣ ташкил шавад.
Муҳаммад Мурсӣ ва раҳбарони "Ихвон-ул-муслимин" иҷоза надоранд Мисрро тарк кунанд.
Бо эъломи тасмимоти тозаи артиш майдони Таҳрир ва муҳавватаи кохи раёсатҷумҳурии Миср ба валвала уфтод ва мухолифони муътаризи оқои Мурсӣ фарёди шодмонӣ сар доданд ва ба оташбозӣ пардохтанд.
Дар ин лаҳазот дар гӯшае дигар аз Қоҳира, дар минтақаи мавсум ба Наср, дар ҷамъи ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, ки дуруст соле пеш, пас аз сарнагунии Ҳуснӣ Муборак, раисҷумҳури собиқ, ба қудрат расид, сукути танишолуде ҳоким буд.
Шайх Аҳмад ат-Тайиб, раиси ал-Азҳар, Поп Тавозруси Дувум, раҳбари масеҳиёни қибтии Миср ва Муҳаммад ал-Бародеъӣ, аз раҳбарони мухолифони давлати Мурсӣ, аз иқдоми артиш пуштибонӣ кардаанд.
Аммо худи Муҳаммад Мурсӣ ва ҳизби ӯ, "Ихвон-ул-муслимин", дахолати артишро "кудетои низомӣ" номидаанд.
Тазоҳуроти густарда алайҳи Муҳаммад Мурсӣ чанд рӯз пеш оғоз шуд ва рӯзи 30 жуан ба нуқтаи авҷи худ расид.
Артиши Миср қаблан ба давлати оқои Мурсӣ 48 соъат муҳлат дод, то авзоъро ба сомон оварад.
Аммо тайи ин муддат тазоҳурот идома дошт, оқои Мурсӣ ба артиш эътироз кард, ки барои ӯ зарбулаҷал таъйин кардааст. Вай гуфт, ки мардум ба ӯ раъй додаанд ва ӯ "то дами марг" аз орои мардум ҳимоят хоҳад кард.
Тайи як соли ахир бисёре аз мардум аз сиёсатҳои исломгароёнаи оқои Мурсӣ нохушнуд буданд.
