Раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср таҳти боздошт аст

  • 4 Июл, 2013
Image caption Ҳангоме ки артиш барканории оқои Мурсиро эълом кард, мухолифонаш дар майдони Таҳрир ба шодию пойкӯбӣ пардохтанд

Артиши Миср эълом кард, ки Муҳаммад Мурсӣ дигар раиси ҷумҳури ин кишвар нест ва Қонуни Асосӣ ба ҳолати таълиқ даромадааст.

Ба гуфтаи фармондеҳи артиш, раиси Додгоҳи Қонуни Асосии Миср зимоми умурро дар даст мегирад. Давлати муваққат интихоботи зудҳангоми порлумонӣ ва раёсати ҷумҳуриро баргузор мекунад.

Қарор аст гурӯҳе барои бознависии Қонуни Асосӣ ташкил шавад.

Муҳаммад Мурсӣ ва раҳбарони "Ихвон-ул-муслимин" иҷоза надоранд Мисрро тарк кунанд.

Бо эъломи тасмимоти тозаи артиш майдони Таҳрир ва муҳавватаи кохи раёсатҷумҳурии Миср ба валвала уфтод ва мухолифони муътаризи оқои Мурсӣ фарёди шодмонӣ сар доданд ва ба оташбозӣ пардохтанд.

Ҷиҳод Алҳадод, сухангӯйи Ихвонулмуслимин, ба хабарнигори Би-би-сӣ гуфтааст, ки раиси ҷумҳури махлуъи (барканоршудаи) Миср ва мушовиронаш дар фурудгоҳи горди раёсати ҷумҳурӣ таҳти боздошт ҳастанд ва иҷозаи иртиботи ҷаҳони хориҷ ба онон дода намешавад.

Бон-Ки-мун, дабири кулли Созмони Милал, дар баёнияе дар бораи рухдодҳои Миср , хостори оромиш, дурӣ аз хушунат, гуфтугӯ ва хештандорӣ дар ин кишвар шудааст.

Оқои Бон гуфтааст мудохилаи артиш дар умури сиёсӣ ҳамвора мояи нигаронӣ буда ва хостори он шудааст, ки давлати ғайринизомӣ сареъан сари кор биёяд.

Мақомоти ҳукуматӣ ва расонаҳои маҳаллӣ мегӯянд зарфи соъоти гузашта пас аз барканории Мурсӣ тавассути артиш, омори кушташудагони даргириҳои хунбор ба 14 нафар расидааст.

Котрин Эштун, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, хостори бозгашти сареъи демукросӣ дар Миср шудааст.

Ӯ гуфтааст: "Аз ҳамаи тарафайн мехоҳам сареъан ба раванди демукротик бозгарданд ва аз ҷумла интихоботи озод ва мунсифонаи раёсати ҷумҳурӣ ва маҷлисро баргузор кунанд, Қонуни асосиро ба наҳве ки комилан ҷомеъ ва фарогир бошад, таъйид кунанд, то ба кишвари худ иҷоза диҳанд гузор ба демукросиро идома диҳад ва такмил кунад."

Хонуми Эштун бар аҳамияти эҳтиром ба ҳама ҳуқуқи асосӣ ва ҳокимияти қонун таъкид кард ва гуфт, ки мақомоти феълии Мисрро масъули ин маворид медонад.

Яке аз сухангӯёни гурӯҳи Ихвонулмуслимин гуфтааст, ки раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср дар боздошт аст, аммо маълум нест куҷост.

Як мақоми амниятии Миср ҳам боздошти ӯро таъйид карда ва гуфта, ки ӯ дар як пойгоҳи иттилоъотии низомӣ нигаҳ дошта шудааст.

Дар ин лаҳазот дар гӯшае дигар аз Қоҳира, дар минтақаи мавсум ба Наср, дар ҷамъи ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, ки дуруст соле пеш, пас аз сарнагунии Ҳуснӣ Муборак, раисҷумҳури собиқ, ба қудрат расид, сукути танишолуде ҳоким буд.

Шайх Аҳмад ат-Тайиб, раиси ал-Азҳар, Поп Тавозруси Дувум, раҳбари масеҳиёни қибтии Миср ва Муҳаммад ал-Бародеъӣ, аз раҳбарони мухолифони давлати Мурсӣ, аз иқдоми артиш пуштибонӣ кардаанд.

Аммо худи Муҳаммад Мурсӣ ва ҳизби ӯ, "Ихвон-ул-муслимин", дахолати артишро "кудетои низомӣ" номидаанд.

Тазоҳуроти густарда алайҳи Муҳаммад Мурсӣ чанд рӯз пеш оғоз шуд ва рӯзи 30 июн ба нуқтаи авҷи худ расид.

Артиши Миср қаблан ба давлати оқои Мурсӣ 48 соъат муҳлат дод, то авзоъро ба сомон оварад.

Аммо тайи ин муддат тазоҳурот идома дошт, оқои Мурсӣ ба артиш эътироз кард, ки барои ӯ зарбулаҷал таъйин кардааст. Вай гуфт, ки мардум ба ӯ раъй додаанд ва ӯ "то дами марг" аз орои мардум ҳимоят хоҳад кард.

Тайи як соли ахир бисёре аз мардум аз сиёсатҳои исломгароёнаи оқои Мурсӣ нохушнуд буданд.

Матолиби муртабит