Ихвонулмуслимини Миср тазоҳуроти эътирозии густардаеро тадорук дидааст

  • 5 Июл, 2013
Миср
Image caption Ихвонулмуслимин иқдоми артишро кудетои ғайриқонунӣ дониста ва ба эътирозоти густардаи раъйдиҳандагон умед бастааст

Ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, алайҳи барканории ӯ тазоҳуротеро тадорук дидаанд ва артиши Миср гуфтааст, ҳаққи мардум барои баргузории тазоҳуроти мусолиматомезро тазмин мекунад.

Ҷунбиши исломгарои Ихвонулмуслимин дар Масир аз мардуми саросари ин кишвар даъват кардааст бо истифода аз фурсати намози ҷумъа дар рӯзи 5-уми июл дар тазоҳуроте густарда ширкат ва ба кудетои артиш барои сарнагунии раиси ҷумҳурии собиқ ва боздошти шуморе аз раҳбарони ин ҷунбиш эътироз кунанд.

Артиши Миср шомгоҳи чаҳошанбе оқои Мурсӣ, раиси ҷумҳурӣ аз ҳизби Озодӣ ва Адолат, шохаи с иёсии Ихвонулмуслиминро барканор кард, қонуни асосиро ба ҳолати таълиқ даровард ва аъзои аршади ин ҷунбишро боздошт кард.

Ихвонулмуслимин зимни даъват ба тазоҳуроти эътирозӣ бар мусолиматомез будани ин тазоҳурот таъкид карда ва афзудааст, ки бо вуҷуди инки иқдоми артишро ғайриқонунӣ ва зиддинқилобӣ медонад дар назар надорад алайҳи ин иқдом ба хушунат руй оварад ё ба амалиёти мусаллаҳ мутавассил шавад.

Дар чанд рӯзи мунтаҳӣ ба сарнагунии оқои Мурсӣ чандсад ҳазор тан аз мухолифони ӯ дар майдони Таҳрири Қоҳира ва чанд нуқтаи дигари пойтахт таҷаммуъ карда буданд.

Дар ҳамон ҳол ҳомиёни Ихвонулмуслимин ва соири ҳаводорони раиси ҷумҳурӣ низ дар нуқоти дигар даст ба тазоҳурот зада буданд.

Дар мавориде байни ду тараф даргирӣ руй дод ва талафоте бар ҷой гузошт.Бархе тасовире, ки аз ҳаводорони Ихвонулмуслимин интишор шуда, ононро муҷаҳҳаз ба корд нишон медиҳад, аммо гузоришҳои хабарӣ ҳокӣ аст, ки дар даргириҳои ахир тирандозиҳое ҳам сурат гирифтааст.

Ҳамзамон манобеъи низомии Миср таъкид кардаанд, ки дар ҳамла ба як посгоҳи низомӣ дар наздикии марзи Миср ва Исроил дар Саҳрои Сино як низомии мисрӣ кушта ва се тани дигар захмӣ шудаанд.

Манобеъи артиши Миср ин ҳамларо ба шибҳанизомиёни исломгаро нисбат додаанд, дар ҳоле ки ба гуфтаи манобеъи хабарӣ, аз замони канорагирии Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳурии пешин дар феврали соли 2011 ин минтақа дастхуши бенизомӣ ва беқонунӣ будааст.

Соли гузашта ва кутоҳмуддате пас аз зимомдории Муҳаммад Мурсӣ ҳам чанд низомии мисрӣ ба дасти муҳоҷимони мусаллаҳ дар ин минтақа кушта шуданд ва раиси ҷумҳурӣ бо интиқод аз бекифоятии артиш дар ҳифозат аз нафароти худ тағйиротеро дар радаи низомиёни аршад эъмол кард.

Матолиби муртабит