Башор Асад: Суқути Мурсӣ нишонаи шикасти исломи сиёсӣ аст

  • 5 Июл, 2013
Image caption Мурсӣ дар пайи тазоҳуроти густардаи мухолифон аз мақоми худ барканор шуд

Дар вокуниш ба барканории раиси ҷумҳурии Миср тавассути низомиёни он кишвар, давлатҳои арабӣ хостори истиқрори сареъи демукросӣ дар Миср шудаанд. Сурия ин воқеъаро нишонаи шикасти исломӣ дониста ва як мақоми эронӣ саҳлангории Ихвонулмуслимин дар поксозии ташкилоти ҳукуматиро омили ин воқеъа тавсиф кардааст.

Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, ки бо шӯриши густардаи мусаллаҳона дар дохил мувоҷеҳ аст, гуфтааст: "Он чи ки дар Миср рӯй медиҳад, ҳокӣ аз шикасти исломи сиёсӣ дар ҷаҳон ва сарнавишти маҳтуми (устувори) тамоми касоне аст, ки аз дин барои аҳдофи сиёсӣ ва ҷиноҳӣ баҳрабардорӣ мекунанд."

Дар пайи иқдоми артиши Миср дар сарнагунии Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои Миср, мақомоти кишварҳо ва созмонҳои мухталифи ҷаҳон дар қиболи ин таҳаввул мавзеъгирӣ ва нисбат ба табаъоти он изҳори назар кардаанд.

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, аз "тасмими нерӯҳои мусаллаҳ дар барканории президент Мурсӣ ва таълиқи Қонуни асосӣ" ибрози нигаронии амиқ карда ва гуфтааст: "Аз низомиёни Миср мехоҳем, то ҳарчи сареътар ва ба шакле масъулона, аз тариқи фароянде фарогир ва шаффоф, ихтиёроти сиёсиро ба як давлати ғайринизомии мунтахаби мардум вогузор ва аз ҳар иқдоме дар боздошти худсаронаи президент Мурсӣ ва ҳаводорони ӯ ҷиддан худдорӣ кунанд."

Дар Бритониё, Вилём Ҳейг, вазири умури хориҷа, шароити кунунии Мисрро "хатарнок" тавсиф кард ва аз ҳамаи тарафҳо хост, то хештандорӣ нишон диҳанд ва аз даст задан ба хушунат худдорӣ варзанд.

Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Саъудӣ, бо ирсоли паёме барои Адлӣ Маҳмуд Мансур, раиси ҷумҳури муваққати Миср, оғози раёсати ҷумҳурии ӯро табрик гуфтааст.

Котрин Эштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, дар изҳори назар перомуни таҳаввулоти ахири Миср, хостори бозгашти ҳар чи сареътари ҳукумати демукротик ба Миср ҳамроҳ бо "баргузории интихоботи озод ва мунсифонаи раёсати ҷумҳурӣ ва порлумонӣ ва тасвиби Қонуни асосӣ бо мушорикати фарогири ҳамаи аҳзоб ва гурӯҳҳо" шудааст.

Ҳанӯз давлати Русия расман нисбат ба таҳаввулоти Миср вокунише нишон надода, аммо яке аз намояндагони порлумони он кишвар, ин таҳаввулотро нишонаи номуносиб будани демукросӣ барои милали ғайриғарбӣ қаламдод кардааст.

Ин намояндаи порлумони Русия афзудааст: "Демукросӣ дармони ҳамаи дардҳо нест, бахусус дар кишварҳое, ки бахше аз ҷаҳони Ғарб нестанд."

Дар Чин сухангӯйи вазорати хориҷа аз изҳори назар дар мавриди ҳаводиси Миср худдорӣ варзида ва гуфтааст, ки бояд хости мардуми Миср муҳтарам шумурда шавад.

Матолиби муртабит