Артиши Миср ҳаққи баргузории 'тазоҳуроти сулҳомезро' тазмин кардааст

Дар остонаи тазоҳуроти рӯзи ҷумъа ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср, артиши ин кишвар мегӯяд, ки ҳаққи тазоҳуроти сулҳомезро тазмин мекунад.
Пештар артиши Миср алайҳи раҳбарии гурӯҳи Ихвонулмуслимин, ки оқои Мурсӣ узви он аст, вориди амал шуд.
Оқои Мурсӣ ва ҳамчунин шуморе аз чеҳраҳои аршади ин гурӯҳи исломгаро дар боздошт ба сар мебаранд. Артиш ҳамчунин дар ҷустуҷӯи садҳо нафар аз аъзои дигари ин гурӯҳ аст.
Адлӣ Маҳмуд Мансур, қозии аршади додгоҳи Қонуни асосии Миср, ба унвони раҳбари муваққати ин кишвар савганд ёд кардааст.
Ӯ қавл додааст бар асоси "иродаи воқеъии мардум" интихобот баргузор кунад.
Рӯзи панҷшанбе Ҷиҳод Алҳадод, сухангӯйи Ихвонулмуслимин, дар кунфронсе хабарӣ аз радди "кудетои артиш" сухан гуфт ва хостори озодии фаврии Муҳаммад Мурсӣ ва соири боздоштиҳо шуд.
Аз сӯйи дигар, фармондеҳии артиш дар баёнияе дар вебсойташ дар Фейсбук гуфт, ки "алайҳи ҳеҷ ҷиноҳ ё ҷараёни сиёсӣ даст ба иқдомоти худсарона" нахоҳад зад ва ҳаққи эътирозро то замоне ки амнияти миллиро таҳдид накунад, тазмин хоҳад кард.
Дар ин баёния омадааст: "Тазоҳуроти сулҳомез ва озодии баён аз ҳуқуқи тазминшудаи ҳамаи афрод аст, ҳаққе, ки мисриҳо ба унвони яке аз дастовардҳои инқилоби бошукӯҳи худ касб кардаанд."
Пештар аз қавли чеҳраҳои аршади Ихвонулмуслимин ва шохаи сиёсии он, ҳизби Озодӣ ва Адолат, нақл шуда буд, ки бо мароҷеъи тозаи қудрат кор нахоҳанд кард, аммо даст ба силоҳ нахоҳанд бурд ва пайравони худро ҳам ташвиқ ба ин кор нахоҳанд кард.
Талотум дар Миср пас аз чанд рӯз таҷаммуъҳои густарда алайҳи оқои Мурсӣ ва Ихвон дар эътироз ба он чи дунбол кардани як дастури кори исломӣ ва нокомӣ дар расидагӣ ба мушкилоти иқтисодӣ хонда мешавад, рӯй медиҳад.
Ҳудуди 50 нафар аз замони шурӯъи нооромиҳо дар рӯзи якшанбе кушта шуданд ва хабарнигорон мегӯянд, ки нигаронӣ дар мавриди рӯёрӯии гурӯҳҳои ҳаводор ва мухолифи Мурсӣ ҳамчунон идома дорад.
Эътилофе аз аҳзоби исломӣ, эътилофи миллӣ дар ҳимоят аз машрӯъият, хостори эътирози анбӯҳ пас аз намози ҷумъаи ин ҳафта дар маҳкумияти иқдомоти артиш шудаанд.
Ҷиҳод Алҳадод, сухангӯйи Ихвонулмуслимин, пештар ба Би-би-сӣ гуфт, ки оқои Мурсӣ таҳти боздошти хонагӣ даромад ва "кулли тими раёсати ҷумҳурӣ" дар боздошти хонагӣ даромад ва "кулли тими раёсати ҷумҳурӣ" дар боздошт аст.
Артиш гуфт, ки оқои Мурсӣ, ки аввалин раиси ҷумҳурии Миср буд, ки дар як интихоботи озод баргузида мешуд, "аз баровардани хостаҳои мардум бозмонда".
Исом Алҳадод, падари Ҷиҳод Алҳадод, ки дастёри аршади оқои Мурсӣ аст ва Саъд Алкатотанӣ, раҳбари ҳизби Озодӣ ва Адолат дар миёни боздоштшудагон ҳастанд.
Панҷшанбеи баъд аз зуҳр мақомҳое, ки аз онҳо ном бурда нашуд, гуфтанд, ки Муҳаммад Бадеъ, раҳбари Ихвон низ боздошт шуд.
Ҳамчунин гузориш мешавад, ки ҳукми ҷалби 300 узви дигари ин гурӯҳ содир шудааст.
