Адлӣ Мансур, раиси ҷумҳури муваққати Миср кист?

Артиши Миср пас аз анҷоми як кудетои муваффақ алайҳи давлати Муҳаммад Мурсӣ Адлӣ Маҳмуд Мансурро ба унвони раиси ҷумҳури муваққати Миср мансуб кард.
Ин дар ҳоле аст ки ба муҷиби қонуни асосии Миср дар сурати бурузи ҳодиса барои раиси ҷумҳур нахуствазир бояд идораи умурро дар даст бигирад.
Артиши Миср Миср дирӯз (чаҳоршанбе) қонуни асосиро таълиқ кард ва женерол Абдулфаттоҳ Алсисӣ, фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳ гуфт, ки артиш Адлӣ Мансурро ба раёсати ҷумҳурӣ мансуб хоҳад кард.
Адлӣ Мансур аз соли 1992 то чаҳор рӯз пеш муъовини додгоҳи қонуни асосии Миср будааст ва танҳо рӯзи аввали июл (рӯзи душанбе) ба унвони раиси ин додгоҳ мансуб шуд.
Оқои Мансур дар соли 1940 дар Қоҳира ба дунё омад ва дар соли 1967 аз донишгоҳи Қоҳира диплуми ҳуқуқ гирифт. Ӯ дар соли 1970 вориди Шурои давлатӣ шуд ва бо тайи мадориҷи тараққӣ ниҳоятан дар 1992 ба муъовинати додгоҳи қонуни асосӣ расид.
Ӯ дар соли гузаштаи мелодӣ (2012) бо ибтоли қонуни "инзивои сиёсӣ" иҷоза дод мақомоти режими Ҳуснӣ Муборак дар интихоботи Миср номзад шаванд ва бар он асос буд, ки Аҳмад Шафиқ нахуствазири давраи Муборак дар интихоботи соли гузашта ширкат кард.
Исми Адлӣ Мансур ибтидо рӯзи якшанбеи 30 июн (панҷ рӯз пеш) тавассути гурӯҳе аз мухолифони давлат ба унвони як ҷойгузин барои раиси ҷумҳур матраҳ шуд.
Ҳамид Алҷамол, як қозии мисрӣ ба нашрияи Алаҳром Алшабоби Миср гуфтааст, ки Адлӣ Мансур "марде сокит ва ором аст, ки ҷониби эътидолро дар тасмимоташ риоят мекунад ва ба иродаи мардуми Миср эҳтиром хоҳад гузошт."
Мардуми Миср дар интихоботи умумии соли гузашта Муҳаммад Мурсиро ба унвони раиси ҷумҳур интихоб карданд. Инак Адлӣ Мансур кондидои артиши Миср барои раёсати ҷумҳурии муваққат пас аз кудето алайҳи давлати Муҳаммад Мурсӣ аст.
Бояд дид ин ҳуқуқдон чигуна аз иродаи мардуми Миср посдорӣ хоҳад кард.
