Таҳаввулоти Миср аз дидгоҳи сиёсатмадорони тоҷик

Давлати Тоҷикистон расман нисбат ба таҳаввулоти Миср вокунише нишон надодааст, аммо ин мавзСъ дар расонаҳо бозтоб шуда ва сиёсатмадорони тоҷик дар маҳофили сиёсии кишвар дар ин бора табодули назар мекунанд.
Бархе аз аҳзоби сиёсӣ дар ин кишвар даст задани мардуми Миср ба тазоҳуроти ахир ва барканории мақомоти баландпояи он кишварро як амали шитобзада хонданд, зеро ӯ муддати кӯтоҳе дар қудрат буд ва замоне кофӣ барои тағйироти назарраси иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ надошт.
Аммо иддае низ бар ин боваранд, ки оқои Мурсӣ, ки намоядаи Ихвонулмуслимин буд, ба ҷойи ҷалби таваҷҷуҳ ба ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвараш, фаъъолияташро бештар ба “исломикунонӣ”-и ҷомеъа мутамаркиз карда буд.
Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби куммунисти Тоҷикистон
Дар воқеъ инқилоби қаблӣ дар Миср инқилобе мардумӣ буд ва мардум мехост, ки раҳабри ҷадиде, ки рӯйи кор меояд, аз мавқеъи мардум дифоъ кунад ва иқтисод ва иҷтимоъи кишварро пеш барад. Мардум дар он кишвар аз системи истисморгар хаста шуда буданд ва давлати мардумиро орзу доштанд. Замоне, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Муҳаммад Мурсӣ интихоб шуд, тақозои мардум аз ӯ ин буд, ки як давлати демукротик бунёд кунад.
Вале ӯ ба ҷойи иттихози иқдомот барои пешрафти кишвар, ба исломӣ кардани системи Миср шурӯъ кард. Муҳаммад Мурсӣ аз Омрико ба Миср омада буд ва имкон надошт, ки дар бораи мардум фикр кунад. Акнун дар Миср мехоҳанд сараввал порлумонро интихоб кунанд ва сипас интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар он кишвар баргузор шавад. Ва ин дуруст аст, зеро мардум дар Миср бо ин роҳ намояндагони порлумонро аз вобастагӣ ба раиси ҷумҳурӣ озод мекунанд.
Ва порлумон дар ин шароит комилан порлумони “кисаӣ” нахоҳад буд. Ман ҳамчунин бар ин назарам, ки ҳаводиси ахири Миср ба кишварҳои ҳамсояи он низ таъсиргузор хоҳад буд.
Усмон Солеҳ, сухангӯи Ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон
Ман гумон намекунам, ки ҳодисаи ахири Миср ба вазъияти кишварҳои ҳамсоя ва минтақа таъсире амиқ гузорад. Бараъкс, мардумони кишварҳои ҳамсоя бо таваҷҷуҳ ба беназмиҳо дар Миср аз даст задан ба эътирозот ва майдоншинӣ даст хоҳанд кашид.
Ҳамчунин фикр намекунам, ки чунин шеваи тақозои мардум аз давлатро метавон наҳваи демукросӣ хонд. Акнун Адлӣ Маҳмуд Мансур, раиси ҷумҳури муваққати Миср бояд барои даст ёфтан ба оромиш ва субот дар кишвараш ба нерӯҳои артиши Миср такя кунад. Аммо нерӯҳои мухолифи ин раҳбар чи мехоҳанд ва кишварро ба куҷо мекашанд? Инро танҳо вақт муъайян хоҳад кард.
Муҳаммадалӣ Ҳайит, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
Баъзеҳо суқути Мурсиро нишонаи шикасти исломи сиёсӣ хонданд, аммо аз ибтидоди пайдоиши ислом, ислом сиёсат, иқтисод ва иҷтимоъ дошт ва бидуни сиёсат ҳеч гоҳ ислом фаъъолият надоштааст. Аз ибтидо, ҳукуматҳои исломӣ дорои сиёсате қавӣ буданд ва имрӯз андешаи он ки ислом аз сиёсат бояд ҷудо бошад ин андешае бисёр нодуруст аст ва тобишҳои сиёсӣ дорад. Ва ҳар кас ба манфиъати худаш ин истилоҳро истифода мекунад.
Таҳаввулоти ахир дар Миср, ин як кудетои низомист, ки баъд аз як соли сари қудрат будани оқои Мурсӣ анҷом гирифт. Фикр накунам, ки базудиҳо ин кишвар ба оромӣ бирасад ва эҳтимол дорад, ки дар солҳои баъдӣ низ чунин кудетоҳо дар ин кишвар сурат бигиранд. Зеро Мурсӣ аз тарафи мардум интихоб шуда буд ва мардум ӯро пазируфт.
Нерӯҳоие, ки дар интихобот номзад буданду ноком монданд бо истифода аз кумакҳои беруна ӯро аз қудрат рондаанд. Вале оромӣ ва суботи ин минтақаро давлати ҷадид базудӣ таъмин кардан наметавонанд. Нооромиҳои Миср ба вазъияти кишварҳои минтақа низ таъсиргузор хоҳад буд ва минтақаро ноором мекунад.
Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукротҳои Тоҷикистон
Он чи имрӯзҳо дар Миср мегузарад паёмади фақат фаъъолияти Мурсӣ батанҳоӣ дар як соли ахир набуд, балки як масъалаи печида аст. Ҳарчанд гуфтан мумкин аст, ки Президент Мурсӣ дарвоқеъ натавонист, то андозае корашро хуб анҷом диҳад. Аммо аз сӯйи дигар ҳар кас ҳам наметавонад дар тӯли як сол, суботи комил дар кишварро барқарор кунад ва ба таври қобили мулоҳиза сатҳи иқтисодро боло бибарад.
Аз сӯйи дигар барканории Мурсӣ аз қудрат дар Миср, ба иттиҳодҳои нерӯҳҳои мухолифи дохилӣ ва бо ҳимояти мухталиф аз хориҷи кишвар бастагӣ дошт. Зеро замоне, ки ҷомеъа хеле сиёсатзада ва дар ҳаяҷон аст ва ҳамзамон ҳамарӯза аз хориҷ иттилоъот дар мавриди адами тавоноии Мурсӣ ва исломи сиёсӣ дар давлатдорӣ ворид мешавад, таъсири он ба кашидани мардум ба эътироз алайҳи давлат назаррас хоҳад буд. Аммо дар барканории раиси ҷумҳурии Миср аз қудрат, таъсиси созмонёфтаи мухолифони дохилӣ амиқ буд.
