Нахуствазири давлати интиқолии Миср муъаррифӣ шуд

Хонаводаҳои ҳаводорони Ихвонулмуслимин, ки дар ҷараёни хушунатҳои рӯзи гузашта дар ҳумаи Қоҳира кушта шуданд, гуфтаанд, ки ба онҳо иҷоза дода нашуда то аҷсоди ин афродро аз наздик бубинанд.
Ин афрод гуфтаанд, ки ба онҳо гуфта шуда дар сурате ин иҷозаро хоҳанд ёфт, ки гузориши расмии пизишки қонунӣ дар ин мавридро бипазиранд.
Ихвонулмуслимини Миср нерӯҳои амниятии ин кишварро ба куштори беш аз 50 нафар муттаҳам кардааст. Пулис ва артиш мегӯянд нерӯҳояшон дар баробари ҳамлаҳое, ки ба онҳо шуда аз худ дифоъ кардаанд.
Аз суи дигар Адлӣ Маҳмуд Мансур, раиси ҷумҳурии муваққати Миср Ҳозим Албибловӣ, вазири собиқи дороии ин кишварро ба унвони нахуствазири давлати интиқолӣ муъаррифӣ кардааст.
Дафтари оқои Мансур гуфтааст, ки Муҳаммад Албародеъӣ низ муъовини раиси ҷумҳурӣ бо масъулияти сиёсати хориҷӣ хоҳад буд.
Ҳизби салафии Нур гуфтааст, ки аз Ҳозим Албибловӣ ҳимоят мекунад, аммо ҳанъз дар мавриди ҳимоят аз оқои Албародеъӣ тасмим нагирифтааст. Ин ҳизб бо нахуствазирии оқои Албародеъӣ мухолифат карда буд.
Ин дар ҳоле аст ки мақомҳои баландпояи гурӯҳи Ихвонулмуслимини Миср тарҳи Адлӣ Маҳмуд Мансур, раиси ҷумҳури муваққати ин кишвар барои баргузории интихоботи ҷадид дар Мисрро рад кардаанд.
Ин гурӯҳ гуфтааст, ки тарҳи раиси ҷумҳурии муваққати Миср ғайриқонунӣ аст.
Адлӣ Маҳмуд Мансур, тайи фармоне эълом кард, ки дар қонуни асосии Миср, ки дар даврони яксолаи зимомдории исломгароён тадвин шуд, ислоҳоте сурат мегирад ва ин ислоҳот дар маърази ҳамапурсӣ қарор дода хоҳад шуд.
Ин фармон соъоте пас аз кушта шудани 51 нафар аз ҳаводорони раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср содир шуд.
Ихвонулмуслимин гуфтааст, ки тазоҳуроти бештареро тайи рӯзҳои оянда тартиб хоҳад дод.
Ин гурӯҳ гуфтааст, ки нерӯҳои давлатӣ ба суи ҳаводорон тирандозӣ карда, аммо артиш мегӯяд пас аз тирандозӣ ба суи нерӯҳояш маҷбур ба вокуниш шудааст.
Имрӯз қарор аст маросими ташйеъи ҷанозаи ҳаводорони ин гурӯҳ, ки дар хушунатҳои рӯзи душанбе бо нерӯҳое дар ҳумаи Қоҳира кушта шуданд, баргузор шавад.
Исом Алъирён, муъовини ҳизби Озодӣ ва адолат, шохаи сиёсии Ихвонулмуслимин гуфтааст, ки тарҳи тағйири қонуни асосии Миср ва барпоии интихоботи ҷадид дар соли оянда ин кишварро ба вазъияти қаблӣ боз мегардонад.
Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии Миср ҳафтаи пеш ба дунболи тазоҳуроти густарда тавассути артиш барканор шуд. Ихвонулмуслимин ин иқдоми артишро кудето хондааст.
Оқои Мурсӣ, аввалин раиси ҷумҳурии Миср буд, ки бо раъйи мардум ба ин симат интихоб шуда буд. Дар рӯзҳои ахири раёсати ҷумҳурии ӯ даҳҳо ҳазор нафар даст ба тазоҳурот заданд ва ӯро ба дар пеш гирифтани рафтори мустабидона ва исломгароёна ва нокомӣ дар рафъи буҳрони иқтисодии муттаҳам карданд.
