Раиси ҷумҳури муваққати Миср барномаи интихоботро эълом кард

  • 9 Июл, 2013

Адлӣ Мансур, раиси ҷумҳурии муваққати Миср, фармонеро содир кардааст, ки бар асоси он то 15 рӯзи дигар як гурӯҳ барои эҷоди тағйир дар Қонуни асосӣ ташкил шуда ва интихоботи порлумонӣ низ то моҳи феврал баргузор хоҳад шуд.

Дар фармони раиси ҷумҳури муваққати Миср омада тағйироте, ки дар Қонуни асосӣ вазъ мешаванд, ба ҳамапурсӣ гузошта хоҳанд шуд.

Ин ҳамапурсӣ то чаҳор моҳи оянда барномарезӣ хоҳад шуд.

Сипас интихоботи порлумонӣ дар моҳи феврал баргузор шуда ва замоне, ки порлумони ҷадид шакл гирифт, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд.

Ихвонулмуслимин ҳанӯз вокуниши расмӣ нисбат ба барномаи ҷадид нишон надодааст.

Оқои Мансур ҳамчунин нисбат ба кушта шудани дастикам 51 нафар дар Қоҳира ибрози нороҳатӣ карда ва аз тарафҳои даргирӣ хоста оромиши худро ҳифз кунанд.

Вай гуфт дастур дода таҳқиқе дар бораи марги ин афрод анҷом гирад.

Субҳи рӯзи душанбе (8 июл) даҳҳо нафар аз ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср, бар асари шиллики нерӯҳои артиш кушта шуданд.

Вазири беҳдошти Миср теъдоди кушташудагонро 53 нафар ва захмиҳоро 435 нафар эълом кардааст.

Ихвонулмуслимин мегӯяд занону кӯдакон дар миёни кушташудагон будаанд, аммо артиши Миср ин мавзӯъро рад карда ва мегӯяд аксҳое, ки дар интернет мунташир шуда, марбут ба даргириҳо дар Сурия аст.

Аъзои Ихвонулмуслимин мегӯянд ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ барои ҳимоят аз вай дар мақарри горди раёсати ҷумҳурӣ таҳассун карда буданд, аммо артиш мегӯяд ин афрод мусаллаҳ буда ва ба сӯйи нерӯҳои артиш тирандозӣ кардаанд.

Дар ин миён, ҳизби Адолат ва Озодӣ, шохаи сиёсии Ихвонулмуслимин аз ҳаводоронаш хоста "шӯриш " кунанд.

Ин ҳизб, ки дар солҳои 2011 ва 2012 тақрибан ниме аз курсиҳоро дар интихоботи порлумонӣ аз они худ кард, аз мисриҳо хост, то алайҳи касоне, ки қасд доранд "бо тонк инқилобро аз онҳо бигиранд" шӯриш кунанд.

Ин ҳизб мегӯяд артиши Миср даст ба кудето задааст.

Ҳамзамон, давлати Омрико низ хушунатҳо дар Мисрро маҳкум кард ва аз ҳама гурӯҳҳо хост то "ниҳояти хештандориро" ба харҷ диҳанд.

Кохи сафед дар баёнияе эълом кард, ки давлати Омрико бо ҳеҷ ҷунбиши сиёсӣ дар Миср ҳамроҳ нест.

Дар ин баёния ҳамчунин омада қатъи кумакҳои молӣ ба артиши Миср дар ростои манофеъи Омрико нест.

Рӯзи душанбе мақомҳои донишгоҳи Алазҳар нисбат ба бурузи як ҷанги дохилӣ дар Миср ҳушдор доданд.

Матолиби муртабит