Даҳҳо ҳаводори Ихвонулмуслимин дар тирандозии артиш кушта шуданд

  • 8 Июл, 2013
Image caption Пеш аз кушта шудани ин афрод дар муқобили мақарри горди раёсати ҷумҳурӣ, гуфта мешуд оқои Мансур базудӣ номи нахуствазири муваққатро эълом мекунад

Дастикам чиҳил нафар аз ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср, ки муқобили мақарри горди раёсати ҷумҳурӣ таҳассун карда буданд, рӯзи душанбеи 8 июл бар асари шиллики нерӯҳои артишӣ дар Қоҳира кушта шуданд.

Ба гуфтаи артиши Миср ин афрод қасд доштанд вориди мақарри горди раёсати ҷумҳурӣ шаванд. Гуфта мешавад оқои Мурсӣ дар ин маҳал дар боздошти артиш аст.

Ҳизби исломгарои Нур дар вокуниш ба ин иттифоқ эълом кард, ки фавран аз тамоми музокирот барои интихоботи нахуствазири муваққат канор мекашад.

Ба гуфтаи тазоҳуркунандагон, горди вижаи артиш пас аз намози субҳ ба касоне, ки таҳассун карда буданд, шиллик кардааст.

Расонаҳои Миср гузориш додаанд артиш ва пулис баъд аз он ки гурӯҳе аз тазоҳуркунандагон қасди боло рафтан аз девори мақарро доштанд, даст ба аслиҳа бурдаанд.

Як шоҳиди айнӣ ба хабаргузории Фаронса гуфта артиш ба сӯйи тазоҳуркунандагон гози ашковар шиллик карда, аммо теъдоде либосшахсӣ ба муътаризон шиллик кардаанд.

Гуфта мешавад дар ин ҳамла даҳҳо нафар маҷрӯҳ ва ба бемористон мунтақил шудаанд.

Ҷиҳод Ҳадод, яке дигар аз сухангӯёни Ихвонулмуслимин гуфтааст шумори кушташудагон ба сиву чаҳор нафар мерасад ва панҷсад нафар ҳам захмӣ шудаанд.

Артиши Миср дар баёнияе гуфта гурӯҳе терурист қасд доштанд вориди ин муҳавватаи низомӣ шаванд ва як афсари артишро ҳам ба қатл расондаанд.

Дар ин баёния омада дусад фарди мусаллаҳ дастгир шудаанд, аммо дар мавриди кушта шудани муътаризон ҳарфе зада нашудааст.

Image caption Рӯзи гузашта шаҳрҳои Миср шоҳиди тазоҳуроти мухолифон ва мувофиқони оқои Мурсӣ буд

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Қоҳира мегӯяд ҳанӯз рӯшан нест дар муқобили мақарри горди раёсати ҷумҳурӣ чи иттифоқе афтода, аммо маълум аст, ки дар онҷо иддае кушта шудаанд ва ин авзоъи Мисрро вахимтар аз қабл хоҳад кард.

Сухангӯйи ҳизби салафии Нур дар Твитери худ навишт: "Мо тасмим гирифтаем, то дар вокуниши қатли омми беруни мақарри горди раёсати ҷумҳурӣ фавран аз тамоми музокирот (барои ташкили давлати ҷадид) канор бикашем."

Ҳизби Нур танҳо ҳизби исломгарост, ки вазири дифоъи Миср чанд рӯз пеш эълом кард дар даврони пас аз оқои Мурсӣ дар саҳнаи сиёсӣ ҳозир хоҳад буд. Ин ҳизб аз иқдоми артиш дар барканории оқои Мурсӣ ҳимоят карда буд.

Гуфта мешавад ҳифзи муҳофизакори Нур бо нахуствазирии Муҳаммад Албародеъӣ, раиси собиқи Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ ва аз мухолифони ҷиддии Ихвонулмуслимин, муҳофизат кардааст.

Дирӯз (7 июл) даҳҳо ҳазор нафар аз мухолифон ва мувофиқони оқои Мурсӣ дар шаҳрҳои мухталифи Миср тазоҳурот карданд.

Муҳаммад Мурсӣ, аввалин раиси ҷумҳурии исломгарои Миср, ки соли гузашта интихоб шуд, баъд аз эътирозоти мардум чаҳоршанбеи гузашта (2 июл) ба дасти артиш барканор шуд ва Адлӣ Мансур, раиси додгоҳи Қонуни асосии Миср ҷои ӯро ба унвони раиси ҷумҳури муваққат гирифт.

Оқои Мансур қавли баргузории интихобот дода, аммо замоне барои он таъйин накардааст.

Тарафдорони оқоқи Мурсӣ аз рӯзи чаҳоршанбе дар муқобили горди раёсати ҷумҳурӣ таҳассун карда ва хостори бозгашти оқои Мурсӣ ба мақоми худ шудаанд.

Матолиби муртабит