Идомаи тазоҳуроти ҳаводорони Мурсӣ дар Миср

Ҳаводорон ва мухолифони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср , рӯзи якшанбеи 7 июл ҳам тазоҳуроти васеъеро баргузор карданд.
Таҷаммуъи иддаи ҳаводорони Мурсӣ дар шаҳри Наср, дар наздикии Қоҳира баргузор шуд. Ҳаводорони оқои Мурсӣ хоҳони бозгашти ӯ ба қудрат шуданд.
Ҳаводорони оқои Мурсӣ эълом кардаанд, ки то бозгашти ӯ ба раёсати ҷумҳурӣ ба эътирозоти худ идома медиҳанд.
Дар айни ҳол, ҳазорон нафар ҳам бо барпоии тазоҳуроте дар Қоҳира аз иқдоми артиш дар баканории Муҳаммад Мурсӣ ҳимоят карданд,
Таҷаммуъҳое дар шаҳри Искандария низ баргузор шудааст. Се рӯз пеш таҷаммуъоте, ки дар вокуниш ба барканории Муҳаммад Мурсӣ баргузор шуданд, ба хушунат кашида шуданд. Ин хушунатҳо дастикам 30 кушта барҷой гузошт.
Ояндаи сиёсии Миср ҳамчунон мубҳам аст ва дар бораи моҳияти иқдоми ахири артиш низ ихтилофи назари густардае вуҷуд дорад. Интизор меравад, ки Муҳаммад Албародеъӣ уҳдадори нахуствазирии Миср шавад.
Бисёре бо "кудето" донистани ҳаракати артиши Миср нисбат ба паёмадҳои мудохилаи низомиён дар сиёсат ҳушдор медиҳанд.
Дар муқобил, мухолифони Муҳаммад Мурсӣ ва Ихвонулмуслимин бо ишора ба норизоятии умумӣ ва эътирозоти густардае ки дар рӯзҳои мунтаҳӣ ба барканории Муҳаммад Мурсӣ буруз кард, иқдоми ахири артишро ҳам ҳамҷиҳат бо "иродаи мардум" медонанд.
Кишварҳои мухталиф аз эҳтимоли боло гирифтани хушунатҳо дар Миср ибрози нигаронӣ кардаанд. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфтааст, ки Миср дар масири бадал шудан ба Сурия ва гирифторӣ дар ҷанги дохилӣ аст.
Вазорати умури хориҷаи Эрон низ дар баёнияе гуфтааст, ки Эрон бадиққат таҳаввулоти Мисрро зери назар дорад. Вазорати хориҷаи Эрон дар бораи бурузи даргирии мисриҳо бо якдигар низ ҳушдор додааст.
