Ихвонулмуслимин фармони раиси ҷумҳури муваққати Мисрро рад кард

Мақомоти баландпояи гурӯҳи Ихвонулмуслимини Миср тарҳи Адлӣ Маҳмуд Мансур, раиси ҷумҳурии муваққати ин кишвар барои баргузории интихоботи ҷадид дар Мисрро рад кардаанд.
Ин гурӯҳ гуфтааст, ки тарҳи раиси ҷумҳурии муваққати Миср ғайриқонунӣ аст.
Адлӣ Маҳмуд Мансур, тайи фармоне эълом кард, ки дар қонуни асосии Миср, ки дар даврони яксолаи зимомдории исломгароён тадвин шуд, ислоҳоте сурат мегирад ва ин ислоҳот дар маърази ҳамапурсӣ қарор дода хоҳад шуд.
Ин фармон соъоте пас аз кушта шудани 51 нафар аз ҳаводорони раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср содир шуд.
Ихвонулмуслимин гуфтааст, ки тазоҳуроти бештареро тайи рӯзҳои оянда тартиб хоҳад дод.
Ин гурӯҳ гуфтааст, ки нерӯҳои давлатӣ ба суи ҳаводорон тирандозӣ карда, аммо артиш мегӯяд пас аз тирандозӣ ба суи нерӯҳояш маҷбур ба вокуниш шудааст.
Имрӯз қарор аст маросими ташйеъи ҷанозаи ҳаводорони ин гурӯҳ, ки дар хушунатҳои рӯзи душанбе бо нерӯҳое дар ҳумаи Қоҳира кушта шуданд, баргузор шавад.
Исом Алъирён, муъовини ҳизби Озодӣ ва адолат, шохаи сиёсии Ихвонулмуслимин гуфтааст, ки тарҳи тағйири қонуни асосии Миср ва барпоии интихоботи ҷадид дар соли оянда ин кишварро ба вазъияти қаблӣ боз мегардонад.
Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии Миср ҳафтаи пеш ба дунболи тазоҳуроти густарда тавассути артиш барканор шуд. Ихвонулмуслимин ин иқдоми артишро кудето хондааст.
Оқои Мурсӣ, аввалин раиси ҷумҳурии Миср буд, ки бо раъйи мардум ба ин симат интихоб шуда буд. Дар рӯзҳои ахири раёсати ҷумҳурии ӯ даҳҳо ҳазор нафар даст ба тазоҳурот заданд ва ӯро ба дар пеш гирифтани рафтори мустабидона ва исломгароёна ва нокомӣ дар рафъи буҳрони иқтисодии муттаҳам карданд.
