Ҳушдор ба Миср дар мавриди "боздоштҳои худсарона"

Омрико ба Артиши Миср ҳушдор дода, ки боздошти худсаронаи аъзои гурӯҳи Ихвонулмуслиминро мутаваққиф кунад. Ҳамзамон гурӯҳи Ихвонулмуслимин низ эълом кардааст, ки ба муқовимати мусолиматомез алайҳи барканории Муҳаммад Мурсӣ аз раёсати ҷумҳурӣ идома медиҳад.
Ҷай Корнӣ, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи панҷшанбе дар як конфаронс дар Вошингтун хитоб ба артиши Миср ва давлати муваққат гуфт: “Агар шумо давлате фарогир ташкил надиҳед, алайҳи худатон кор хоҳед кард.”
Давлати Омрико то кунун барканор шудани оқои Мурсиро кудето тавсиф накардааст.
Давлати Борок убомо мегӯяд, дар ҳоли баррасии моҳияти иқдоми артиш аст ва қатъи фаврии кумакҳои низомӣ-иқтисодӣ ба Мисрро рад кардааст.
Аз сӯйи дигар Бон Ки-мун дабири кулли СММ дар гуфтугӯи телефунӣ бо вазири хориҷаи Миср дар бораи боздошти мақомҳои Ихвонулмуслимин ва раиси ҷумҳурӣ ибрози нигаронӣ кардааст.
Ихвонулмуслимин панҷшанбе бо судури баёнияе гуфт: “Мо ба муқовимати мусолиматомез дар баробари кудетои низомии хунин алайҳи машруъияти мубтанӣ бар қонуни асосӣ идома медиҳем.”
Ин баёния меафзояд: “Мо итминон дорем, ки иродаи мардумӣ ва мусолиматомез дар баробари нерӯҳои ситамгар пируз хоҳад шуд.”
Ин гурӯҳ ҳамчунин судури ҳукми боздошти раҳбаронашро маҳкум кардааст.
Додситонии кулли Миср рӯзи чаҳоршанбе ҳукми боздошти Муҳаммад Бадеъ, раҳбари Ихвонулмуслимин ва шуморе аз аъзои аршади ин гурӯҳро содир кард.
“Таҳрик ба иқдомиоти хушунатомез” дар таҷаммуъи эътирозии рӯзи душанбе, дар муқобили мақари Горди раёсати ҷумҳурӣ дар Қоҳира иттиҳоми аслии ин афрод эълом шудааст.
Дар он ҳодиса дастикам 51 нафар дар асари тирандозии нерӯҳои артиш кушта шуданд, ки аксарияташон аз аъзои Ихвонулмуслимин буданд.
Тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ муътақиданд, ки ӯ дар ин мақари низомӣ маҳбус аст.
Мақомҳои давлати интиқолии Миср то ба ҳол аз изҳори назар дар бораи маҳалли боздошти Муҳаммад Мурсӣ худдорӣ кардаанд.
Аммо сухангӯи вазорати хориҷаи Миср гуфтааст, ки оқои Мурсӣ дар “маконе амн” ба сар мебарад ва бо ӯ бо “эҳтироми бисёр” рафтор мешавад.
Тайи рӯзи панҷшанбе низ таҷаммуъи эътирозомези тарафдорони оқои Мурсӣ дар баробари мақари Горди раёсати ҷумҳурӣ идома дошт.
Муҳаммад Мурсӣ, ки ба гурӯҳи Ихвонулмуслимини Миср вобаста аст, дар моҳи июни соли 2012 давраи зимомдории худро оғоз карда буд. Ӯ рӯзи сеюми июл аз қудрат барканор шуд.
Оқои Мурсӣ дар давраи дувуми интихоботӣ, ки дар маҷмуъ озод ва мунсифона тавсиф шудааст, бо аксарияти ночизе бар рақиби худ пирӯз шуд.
Ба ҳамин далел тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ ва баъзе аз нозирон ӯро нахустин раиси ҷумҳурии Миср медонанд, ки ба шеваи демукротик қудратро дар даст гирифтааст.
Аммо мухолифон, ки Муҳаммад Мурсиро ба бекофиятӣ ва истибдод муттаҳам мекунанд, эътирозотро идомаи инқилоби худ медонанд. Ба бовари онҳо артиш иродаи мардумиро ба иҷро гузоштааст.
