Кумаки низомӣ ва иқтисодии Омрико ба Миср идома дорад

Давлати Омрико бо ирсоли чаҳор фарванд ҳавопаймои пешрафтаи низомӣ ба Миср кумаки худ ба давлати ҷадиди Мисрро идома медиҳад.
Рӯзи панҷшанбе, 20 тир (11 июл) ба нақл аз манобеъи Пентогун - вазорати дифоъи Омрико гузориш шуд, ки бо вуҷуди таҳаввулоти ахири Миср, ки ба мудохилаи артиш ва барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии Миср мунҷар шудааст, Иёлоти Муттаҳида дар назар дорад моҳи ояндаи мtлодӣ чаҳор фарванд ҳавопаймои ҷанганда аз навъи F-16-ро ба артиши Миср таҳвил диҳад.
Ин иқдом дар идомаи таҳвили бист фарванд F-16 дар чорчӯби барномаи кумаки хориҷии Иёлоти Муттаҳида ба давлати Миср сурат мегирад, ки миқдори он ба ҳудуди якуним милёрд дулор дар сол болиғ мешавад ва кумакҳои низомӣ бахши умдае аз онро ташкил медиҳад.
Давлати Миср пас аз кишварҳое монанди Афғонистон, Исроил ва Ироқ бузургтарин дарёфткунандаи кумакҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида ба хусус дар заминаи ақломи низомӣ аст ва дар ҳоли ҳозир артиши Миср дорои мақодири қобили таваҷҷуҳе таслиҳоти пешрафтаи омрикоӣ монанди ҳавопаймоҳои F-16, болгардҳои Опочӣ ва тонк аст ва таъсисоте низ барои тавлиди бархе анвоъи аслиҳаи омрикоӣ дар он кишвар эҷод шудааст.
Тасмими Омрико ба идомаи ирсоли кумак ба Миср дар ҳоле эълом мешавад, ки наҳваи барканории раиси ҷумҳурии собиқи Миср саволотеро дар мавриди равобити Омрико бо он кишвар матраҳ кардааст.
Қонуни кумаки хориҷии Иёлоти Муттаҳида ва ислоҳоти он муқарар доштааст, ки ҳеҷ навъи кумаки молӣ ва ғайримолии Омрико "наметавонад дар ихтиёри кишваре қарор гирад, ки раиси интихобии он кишвар ба воситаи кудето ё ҳукми низомӣ ба ҷабр аз симати худ барканор шудааст."
Бар асоси ин қонун азсаргирии кумак ба чунин кишваре мусталзами он аст, ки раиси ҷумҳурии Омрико ташхис дода бошад, ки дар пайи қатъи кумакҳои Иёлоти Муттаҳида давлате, ки ба шакле демукротик интихоб шуда муҷаддадан зимоми умурро дар даст гирифтааст.
Бар хилофи бисёре аз қавонини роҷеъ ба равобити хориҷии Омрико қонуни кумаки хориҷии Иёлоти Муттаҳида, ки дар даҳаи 1960 ба ибтикори кунгреи Омрико тасвиб ва баъдан ислоҳоте ҳам дар он сурат гирифт, ба раиси ҷумҳур иҷозаи онро ҳам намедиҳад, ки дар сурати салоҳдид кишвареро аз шумули ин қонун мустасно кунад.
Дар солҳои ахир Иёлоти Муттаҳида дар чанд маврид кумакҳои худ ба кишварҳоеро қатъ карда, ки давлатҳои онҳо ба дасти низомиён соқит шудааст, ки аз он ҷумла метавон ба Соҳили Оҷ, Ҷумҳурии Офриқои Марказӣ ва Покистон ишора кард.
Ба ҳамин далел мақомоти қувваи муҷрия дар Иёлоти Муттаҳида дар мавориде талош доштаанд то аз итлоқи истилоҳи кудето ба таҳаввулоти сиёсӣ дар бархе кишварҳое худдорӣ варзанд, ки аз он ҷумла метавон ба ҳаводиси мунҷар ба канорагирии Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳурии собиқи Миср дар феврали соли 2011 ишора кард, ки дар пайи тазоҳуроти эътирозӣ бо фишори артиш аз симати худ истеъфо кард.
Дар замони эътирозоти ду соли пеши Миср гузориш шуд, ки мақомоти Омрикоӣ мушаххасан аз оқои Муборак хостаанд бо посухи мусбат ба мутолиботи мардум канорагирии мусолиматомез аз қудратро мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳад.
Вазъи мубҳами Омрико: Кудето ё ғайрикудето?
Дар пайи таҳаввулоти ин ҳафта дар Миср ин суол матраҳ шуд, ки нақши артиш дар барканории Муҳаммад Мурсӣ аз симати раёсати ҷумҳурӣ, ки бар хилофи майли ӯ сурат гирифт ба манзалаи вуқуъи кудетои низомӣ дар Миср будааст ё он тавр ки мухолифони оқои Мурсӣ таъкид доштаанд , як "инқилоби мардумӣ" маҳсуб мешавад, ки бо ҳимояти артиш ба натиҷа расид.
Касоне ки таҳаввулоти Мисрро кудето медонанд, гуфтаанд ки ҳар гоҳ нерӯҳои мусаллаҳи як кишвар ба ирода ва ташхиси худ давлат ё раҳбари давлатиро аз қудрат барканор кунанд, чунин иқдоме бидуни таваҷҷуҳ ба маслиҳати эҳтимолӣ ва натоиҷи муфид ё зиёнбори он кудето талаққӣ мешавад ва агар фарди барканоршуда дар интихоботи демукротик ба қудрат расида бошад, барканории ӯ машмули мамнуъияти қонунии эътои кумаки хориҷии Омрико хоҳад буд.
Дар муқобил барои касоне, ки хостори канорагирии Муҳаммад Мурсӣ буданд, артиш сирфан ба унвони муҷрии хости аксарияти бузурге аз мардуми Миср вориди амал шуд, ки раиси ҷумҳуриро ба бекифоятӣ дар идораи умур ва талош барои истиқрори низоми истибдодии ҷадид таҳти ливои ҳукумати мубтанӣ бар шаръ ва ҷилавгирӣ аз пешрафт ба суи демукросии касратгаро муттаҳам мекарданд.
Бархе аз коршиносон ва расонаҳои омрикоӣ ҳам аз назари гурӯҳи аввал ҳимоят карда ва таҳаввулоти ахири Мисрро навъе кудетои низомӣ донистаанд, аммо мақомоти давлати Омрико аз ба кор гирифтани ин истилоҳ иҷтиноб варзидаанд. Бо ин ҳама бархе аз мухолифони Муҳаммад Мурсӣ ҳатто адами ҳимояти сареҳи мақомоти омрикоӣ аз таҳаввулоти ахири Мисрро маҳкум дониста ва ононро ба хотири нармиш дар баробари исломгароён ба ҳимоят аз "терруристҳо" муттаҳам мекунанд.
Рӯзи чаҳоршанбеи ин ҳафта ва дар вокуниш ба тазоҳуроти даҳҳо ҳазор тан аз муътаризон ба сиёсатҳои Муҳаммад Мурсӣ, фармондеҳи артиши Миср эълом кард, ки бо таваҷҷуҳ ба худдории раиси ҷумҳурӣ аз посух ба мутолиботи мардум ӯро аз кор барканор кардааст. Тасмими артиш бо эъломи ҳимояти бархе аз гурӯҳҳо ва шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ ҳамроҳ буд
Бар хилофи воқеаъи канорагирии Ҳуснӣ Муборак, ки Шурои Низомии Миср барои ҳудуди як солу ним ихтиёроти раёсати ҷумҳӯриро дар ихтиёр гирифт, дар ҷараёни барканории Муҳаммад Мурсӣ артиш таъкид доштааст, ки дар садади вуруд ба умури сиёсӣ нест, балки дар вокуниш ба норизоии мардум вориди амал шуда ва қудратро низ ба ғайринизомиён супурдааст.
Барканории оқои Мурсӣ бо эъломи "нақшаи роҳ" барои бозгашти демукросӣ ҳамроҳ буда, ки дар он сирфан шахсиятҳо ва ташаккулҳои ғайринизомӣ ифои нақш мекунанд, ҳар чанд ин нақшаи роҳ зоҳиран ба ибтикор ва бо ҳимояти артиш тадвин ва эълом шудааст.
Муҳаммад Мурсӣ, ки ба ҷунбиши исломгарои Ихвонулмуслимини Миср вобаста аст дар моҳи июни соли гузашта давраи зимомдории худро оғоз кард, дар ҳоле ки дар марҳалаи дувуми интихоботе ки дар маҷмуъ, озод ва мунсифона тавсиф шуд, бо аксарияти ночизе бар рақиби худ пирӯз шуда буд. Ба ҳамин далел тарафдорони оқои Мурсӣ ва бархе нозирони сиёсӣ ӯро нахустин раиси ҷумҳурии Миср медонанд, ки ба шевае демукротик қудратро дар даст гирифт.
Тайи як соли зимомдории оқои Мурсӣ шароити иқтисодии Миср ба вахомат гароид ва боъиси ташдиди норизоятии мардум шуд, дар ҳоле ки бархе сиёсатҳои ӯ, монанди ҳимоят аз тадвини қонуни асосӣ тавассути ҳайате таҳти тасаллути исломгароён ва иқдом дар ҷобаҷоии теъдоде аз мақомоти қазоӣ ва низомӣ боъиси ибрози нигаронӣ дар мавриди ҳаракат ба суи истиқрори режими динӣ шуда буд.
Дар тули як соли гузашта дар Иёлоти Муттаҳида низ баъзе аз ташаккулҳои сиёсӣ талвеҳан ё сароҳатан нисбат ба истиқрори як ҳукумати истибдодӣ таҳти ливои дин дар Миср ибрози нигаронӣ карда ва идомаи кумаки низомии Иёлоти Муттаҳида ба Мисрро барои ояндаи демукросӣ дар минтақа ва ҷаҳон хатарнок дониста буданд.
Тасмими давлати Омрико ба идомаи кумак ба Миср дар ҳоле гузориш мешавад ки ҳануз чанд ҳазор тан аз аъзо ва ҳаводорони ҷунбиши Ихвонулмуслимин дар ҳимоят аз бозгардондани Муҳаммад Мурсӣ ба симати раёсати ҷумҳурӣ таҳассун кардаанд ва рӯзи гузашта додситонии Миср ҳукми боздошти Муҳаммад Бадеъ, раҳбари аршад ё муршиди ом ва чанд тани дигар аз аъзои раҳбарии ин ҷунбишро содир кард. Далели судури ин ҳукм таҳрики мардум ба хушунат алайҳи нерӯҳои мусаллаҳ ва барҳам задани назм унвон шуда, ки ба гуфтаи мақомоти амниятии Миср омили даргирии хунини рӯзи душанбеи ин ҳафта буд.
