Эштун хостори поён додан ба рӯёрӯии артиш бо Ихвонулмуслимин шуд

Котрин Эштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, ки ба Миср сафар карда бо Абдулфаттоҳ Алсисӣ, фармондеҳи артиш, Муҳаммад Албародеъӣ, муовини раиси ҷумҳури муваққат ва Набил Фаҳмӣ, вазири хориҷаи давлати муваққати ин кишвар дидору гуфтугӯ кардааст.
Хонуми Эштун дар ҷараёни сафараш ба Миср аз мақомоти ин кишвар хост, ки аз рӯёрӯӣ бо ҳаводорони Ихвонулмуслимин, ки аз Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршуда ҳимоят мекунанд, даст бардоранд.
Дидори хонуми Эштун аз Миср дар ҳоле сурат мегирад, ки дар ҷараёни муқобалаи артиш бо тарафдорони оқои Мурсӣ дар рӯзҳои ахир дастикам 80 нафар кушта ва шумори зиёде маҷруҳ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол ҳаводорони оқои Мурсӣ аз баргузории роҳпаймоии эътирозӣ ба суи марокизи амниятӣ тайи имшаб хабар додаанд.
Ин дувумини сафари хонуми Эштун ба Миср аз замони сарнагунии ҳукумати Муҳаммад Мурсӣ дар ин кишвар аст.
Ҳанӯз ҷузъиёти зиёде аз дидори имрӯз (душанбеи 29 июл)-и хонуми Эштун бо мақомоти Миср мунташир нашудааст.
Хабаргузории МЕНО ба нақл аз оқои Албародеъӣ гуфта, ки ӯ дар ҷараёни дидораш бо хонум Эштун эълом карда, ки раҳбарии ҷадиди Миср тамоми тавони худро барои дастёбӣ ба роҳи ҳалли сулҳомез барои поён додан ба буҳрони феълӣ дар кишвар анҷом медиҳад.
Интизор меравад, ки хонуми Эштун бо аъзои Ҳизби озодӣ ва адолат, ки шохаи сиёсии Ихвонулмуслимин аст, ҳам дидоре дошта бошад.
Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши бадбинии мардуми Миср нисбат ба мудохилаи Омрико Иттиҳодияи Урупо дар шаш моҳи гузашта барои ором кардан танишҳоии сиёсӣ дар Миср талош кардааст.
Идомаи эътирозоти ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ
Ҳомиёни оқои Мурсӣ гуфтаанд, ки ба роҳпаймоиҳои эътирозии худ тайи имшаб идома медиҳанд.
Муътаризон ҳамчунин гуфтаанд, ки фардо (сешанбеи 30 июл) ҳам роҳпаймоии эътирозии густардаеро баргузор хоҳанд кард.
Ин дар ҳоле аст ки раҳбарони давлати муваққат ба муътаризон ҳушдор додаанд, ки бо ҳар гуна тахаттӣ аз қонун ба шиддат бархурд мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир ҳазорон нафар аз ҳомиёни Муҳаммад Мурсӣ дар атрофи масҷиди Робиъа Алъадавия дар шарқи Қоҳира мустақар ҳастанд. Онҳо хостори он ҳастанд то оқои Мурсӣ ба унвони раиси ҷумҳур ба кор идома диҳад.
