Вазири кишвари Миср гуфт муътаризони тарафдори Мурсиро мутафарриқ хоҳад кард

Муҳаммад Иброҳим, вазири кишвари Миср ба тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи он кишвар ҳушдор дода, ки давлат онҳоро ба зудӣ аз маҳалли таҷаммуъи онҳо дар наздикии як масҷид мутафарриқ хоҳад кард.
Оқои Иброҳим гуфтааст сокинони хонаҳои атрофи масҷиди Робиъа ал-Адавия дар Қоҳира хостори поён додан ба таҷаммуъи афроде шудаанд, ки барои эътироз ба кудетои артиши Миср алайҳи давлати Муҳаммад Мурсӣ ба хиёбонҳо омадаанд.
Изҳороти ӯ нишонаи тангтар шудани мавзеъи давлати муваққати Миср аст, ки пас аз кудетои артиш дар Миср ташкил шуд.
Алорағми изҳороти вазири кишвар ҳазорон фарди муътариз дар Қоҳира гуфтаанд, ки дар масҷиди Робиъа ал-Адавия ва муҳавватаи атрофи он хоҳанд монд.
Ҷиҳод Алҳаддод, сухангӯи Ихвонулмуслимин гуфтааст, ки таҷаммуъ дар эътироз ба зулм ва хатари дарозмуддати кудетои низомӣ аст.
Ҷим Мюр, хабарнигори Бибисӣ дар Қоҳира гуфтааст, ба сахтӣ метавон тасаввур кард, ки артиш бидуни хунрезии бештар тарафдорони оқои Мурсиро аз маҳали таҷаммуъ мутафарриқ кунад.
Минтақаи атрофи масҷиди Робиъа ал-Адавия рӯзи гузашта маҳали даргириҳои хунине буда ва ба гуфтаи пизишкони бемористонӣ дар муҷовирати масҷид ҳамлаи нерӯҳои амниятӣ ба мардум беш аз 100 кушта ва 1500 захмӣ бар ҷой гузошт. Ин дар ҳоле аст ки давлати таҳти ҳимояти артиш ба кушта шудани 78 шаҳрванд иқрор дорад.
Ин пизишкон мегӯянд тирандозии мустақим ба сар ва синаи бисёре аз қурбониён муҷиби марги онҳо шудааст.
Ихвонулмуслимин артиши Мисрро ба тирандозӣ ба қасди куштан муттаҳами карда ва хостори вокуниши ҷомеъаи байналмилалӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико дар вокуниш ба даргириҳои хунини Миср гуфт Кохи Сафед хоҳони поён додан ба боздоштҳои сиёсӣ ва озодии раҳбарони сиёсии он кишвар аст.
Оқои Керрӣ дирӯз гуфт мақомҳои мисрӣ ахлоқан ва қонунан муваззафанд, ки ба ҳаққи таҷаммуъоти сулҳомез ва озодии баён эҳтиром бигзоранд.
Ба гуфтаи вазири хориҷаи Омрико "хушунати бештар на танҳо фароянди демукротик шудан ва оштии миллиро ба таъхир меандозад , балки таъсири бисёр манфӣ бар суботи минтақа хоҳад дошт."
Дар ҳамин ҳол Аҳмад Таййиб, шайхи Алазҳар ва Муҳаммад Албародеъӣ, ки аз иқдомоти артиши Миср барои барканории Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури мунтахаби мардуми Миср ҳимоят карда буданд, куштори теъдоди зиёде аз ҳаводорони оқои Мурсӣ дар даргирӣ бо нерӯҳои артишро маҳкум кардаанд.
Шайхи Алазҳари Миср, ки баландпоятарин руҳонии суннимазҳаби Миср ба шумор меравад, хоҳони таҳқиқ дар ин маврид шудааст.
Муҳаммад Албародеъӣ, муъовини раиси ҷумҳури муваққати феълии Миср низ гуфтааст, ки аз хушунати номутаносибе дар даргириҳо истифода шудааст.
