Дабири кулли СММ хостори озодии Мурсӣ ва раҳбарони Ихвонулмуслимин шуд

  • 26 Июл, 2013
Image caption Дабири кулли Созмони Милал хостори озодӣ ва расидагии шаффоф ба паровандаи Муҳаммад Мурсӣ ва раҳбарони Ихвонулмуслимин шуд

Дар ҳоле ки гурӯҳҳои сиёсии рақиб дар Миср омода мешаванд рӯзи ҷумъаи 26 июл дар тазоҳуроти густардаи хиёбонӣ ширкат кунанд, давлати Омрико ба ҳимояти молӣ аз ин кишвар идома медиҳад ва Созмони Милал хостори озодии раиси ҷумҳурии собиқи Миср шудааст.

Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, аз давлати Миср хостааст, то Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии барканоршуда ва раҳбарони гурӯҳи исломгарои Ихвонулмуслиминро "бидуни таъхир озод ва парвандаи ононро ба таври шаффоф мавриди расидагӣ қарор диҳад."

Сухангӯйи Бон Ки-мун гуфтааст, ки бо таваҷҷуҳ ба шароити танишолуди сиёсӣ дар Миср, "дабири кул бо нигаронии авзоъро аз наздик дунбол мекунад ва зимни ҳимоят аз ҳаққи тамомии мардуми Миср барои эътирози мусолиматомез аз тамомии тарафҳои даргир бори дигар мехоҳад ҳадди аксари хештандориро аз худ нишон диҳанд."

Оқои Бон ҳамчунин бори дигар хостори "гуфтугӯйи маънодор ва ба ҷараён афтодани раванди фарогири оштии миллӣ" шуда ва гуфтааст, ки ҳадафи ниҳоӣ бояд ҳаракати мусолиматомез ба сӯйи бозгашти давлате комилан ғайринизомӣ, ҳокимияти Қонуни асосӣ ва ҳукумати демукротик бошад.

Рӯзи 3 июл артиши Миср Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳуриро, ки ҳудуди як сол пеш пас аз пирӯзӣ дар марҳилаи дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, қудратро дар даст гирифта буд, барканор кард ва қудратро ба як раиси ҷумҳурии муваққат супурд, то заминаи ислоҳи Қонуни асосӣ ва баргузории интихоботи озодро фароҳам кунад.

Барканории оқои Мурсӣ пас аз чанд рӯз таҷаммуъи эътирозии чандсад ҳазор нафар сурат гирифт, ки раиси ҷумҳуриро ба кифояте дар ҳалли мушкилоти мардум ва талош барои баҳрабардорӣ аз мавқеъияти худ ҷиҳати истиқрори як ҳукумати динӣ ба ҷои як низоми демукротик муттаҳам мекарданд.

Image caption Фармондеҳи олии артиши Миср хостори "муҷаввиз ва фармони" мардум барои муқобила бо "терурисм ва хушунат" шудааст

Аз он замон, аз шароиту маҳалли нигаҳдории Муҳаммад Мурсӣ иттилоъе дар даст нест, ҳарчанд мақомоти давлати муваққат итминон додаанд, ки раиси ҷумҳурии собиқ солим аст ва дар маҳалле амн ба сар мебарад.

Оқои Мурсӣ ба унвони раҳбари ҳизби озодӣ ва адолат, вобаста ба гурӯҳи исломгарои Ихвонулмуслимин ба қудрат расид ва тарафдорони ин гурӯҳ тайи се ҳафтаи гузашта бо баргузории таҷаммуъҳои эътирозӣ хостори бозгашти ӯ ба қудрат шудаанд.

Фармондеҳи олии артиши Миср хостори "муҷаввиз ва фармони" мардум барои муқобила бо "терурисм ва хушунат" шудааст.

Дар ин муддат байни ин афрод бо мухолифони Мурсӣ ва ҳамчунин нерӯҳои амниятӣ даргириҳое рӯй дода ва гуфта мешавад яксад то дусад нафар, ки аксаран аз аъзои Ихвонулмуслимин будаанд, дар ин даргириҳо ҷони худро аз даст додаанд.

Ҳамчунин дар ҳоле ки натанҳо Ихвонулмуслимин, балки гурӯҳҳои муҳимми исломгарои дигар низ аз ҳамкорӣ бо давлати муваққат худдорӣ кардаанд, гузоришҳое аз ҳамалоте ба нерӯҳои амниятӣ, бахусус дар минтақаи саҳрои Сино гузориш ва ин ҳамалот ба гурӯҳҳои исломгарои тундрав нисбат дода шудааст.

Ихвонулмуслимин ин ҳамалотро маҳкум карда ва бар идомаи эътирозоти мусолиматомез то бозгашти Муҳаммад Мурсӣ ба қудрат таъкид ниҳодааст.

Мавзеъи Омрико

Таҳаввулоти се ҳафтаии ахир дар Миср барои давлати Омрико низ мушкилотеро фароҳам кардааст.

Иёлоти Муттаҳида аз ҳудуди чиҳил сол пеш то кунун аз ҳомиёни аслии давлати Миср буда ва Миср аз ҷумлаи дарёфткунандагони кумакҳои Омрико, бахусус дар заминаи кумакҳои низомӣ маҳсуб мешавад.

Image caption Мухолифони Мурсӣ ҳимояти Убомо аз артиши Мисрро маҳкум ва ӯро ба тарафдорӣ аз терурисм муттаҳам кардаанд

Дар ҷараёни ҳаракати эътирозӣ алайҳи ҳукумати Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳурии собиқ, дар авоили соли 2011 давлати Омрико ба вай тавсия кард ба ҷойи муқобила бо хости мардум, ки метавонист ба даргирӣ ва хунрезӣ мунҷар шавад, аз қудрат канорагирӣ кунад. Дар он замон, бархе нозирон гуфтанд, ки ин тавсия боъис шуд то низомиёни мисрӣ низ, ки дорои равобити наздике бо артиши Омрико ҳастанд, оқои Муборакро аз ҳимояти худ маҳрум кунанд.

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, аз замони оғози зимомдорӣ талвеҳан бар лузуми ҳаракати кишварҳои минтақаи Ховари Миёна ба сӯйи демукросӣ ба унвони омиле дар ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ ва терурисм, таъкид дошта ва ба ин тартиб, аз таҳаввулоти баъдӣ, аз ҷумла баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, дар фазое нисбатан озод ва мунсифона истиқбол кард.

Дар айни ҳол, бархе аз мақомот ва нозирони омрикоӣ муътақиданд, ки рафтори Муҳаммад Мурсӣ пас аз дастёбӣ ба қудрат аз тариқи интихобот, ҳокӣ аз гароиши эҳтимолии ӯ ба истибдод ва нодида гирифтани ҳуқуқи демукротик аз тариқи тасбити мавқеъияти исломгароёни тарафдори худ буд.

Иқдоми ахири артиш дар барканории Муҳаммад Мурсӣ давлати Иёлоти Муттаҳидаро дар мавқеъияти душворе қарор дод, зеро мудохилаи низомӣ дар барканории як раиси ҷумҳурии ғайринизомӣ маъмулан "кудето" дониста мешавад ва қавонини Иёлоти Муттаҳида, кумаки ин кишвар ба режимҳои кудетоиро манъ кардааст.

Дар айни ҳол, аз он ҷо, ки кудето маъмулан бо интиқоли қудрати сиёсӣ ба низомиён ҳамроҳ аст, наҳваи амалкарди артиши Миср дар барканории раиси ҷумҳурии ғайринизомӣ ва қарор додани як двлати муваққати ғайринизомӣ ба ҷойи ӯ ибҳомотеро дар истинботи қонунӣ аз ин иқдом эҷод кард.

Ба гузориши "Руйтерз" як мақоми омрикоӣ гуфтааст, ки қонуни манъи кумак ба режимҳои кудетоӣ ба давлати Омрико таклиф намекунад, ки ҳатман дар мавриди таҳаввулоти сиёсӣ дар кишварҳои дигар изҳори назар кунад ва афзуда, ки дар шароити кунунӣ мавзеъгирӣ дар мавриди номгузории таҳаввулоти ахири Миср "дар ростои манофеъи миллии Иёлоти Муттаҳида нест."

Дар ҳоли ҳозир агарчи давлати Борок Убомо ҳозир ба қатъи кумакҳои эътоӣ ба Миср нашуда, аммо бо эъломи ин ки таҳвили чаҳор фарванд ҷети ҷангандаи Эф-16 ба Мисрро феълан ба таълиқ андохта, "нохурсандии" худ аз нақши артиш дар саҳнаи сиёсии Мисрро нишон додааст.

Матолиби муртабит