Дар хушунатҳои Қоҳира 7 нафар кушта ва беш аз 260 нафар захмӣ шуданд

Мақомоти мисрӣ мегӯянд дар хушунатҳои душанбешаб дар Қоҳира миёни нерӯҳои амниятӣ ва ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии барканоршудаи Миср ҳафт нафар кушта ва беш аз 260 нафар захмӣ шуданд.
Хушунатҳои шаби гузашта (15 июл) дар марказ ва ҳумаи Қоҳира рӯй дод ва пулис бо гози ашковар ба муқобала бо муътаризоне пардохт, ки ба суи нерӯҳои амниятӣ санг партоб мекарданд.
Ин даргириҳо замоне рӯй дод, ки муъовини вазири умури хориҷаи Омрико барои дидор бо мақомҳои давлати интиқолӣ ба Миср сафар карда буд.
Уилиём Бурнз дар ин сафар аз нерӯҳои амниятии Миср хоста то ҳадди аксари хештандориро дар баробари муътаризон нишон диҳанд.
Сафари ӯ ба Миср бо мухолифати Ихвонулмуслимин, ки аз Муҳаммад Мурсӣ ҳимоят мекунад, рӯ ба рӯ шудааст.
Даргириҳои шаби гузашта пас аз он рух дод, ки яке аз мақомҳои аршади Омрико гуфт, ки барои ба вуҷуд овардани демукросӣ "фурсате дубора" барои мисриҳо фароҳам шудааст.
Оқои Бурнз баландпоятарин мақоми давлати Омрико аст, ки пас аз барканории Муҳаммад Мурсӣ аз раёсати ҷумҳурӣ ба Миср сафар кардааст.
Эътирозоти хиёбонӣ душанбешаб, як ҳафта пас аз даргирии хунин дар муқобили подгони горди раёсати ҷумҳурӣ сурат гирифтааст.
Ҳаводорони оқои Мурсӣ ҳафтаи гузашта муқобили ин подгон, ки ба гуфтаи онҳо маҳалли нигаҳдории оқои Мурсӣ буд, даст ба эътироз заданд, ки дар ҷараёни даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ беш аз 50 нафар аз онҳо кушта шуданд.
Оқои Мурсӣ сеюми июл тавассути артиши Миср аз симати худ барканор ва билофосила боздошт шуд.
Давлати Омрико ҳанӯз дар мавриди барканории оқои Мурсӣ аз раёсати ҷумҳурӣ, тасмимгирӣ накарда, аммо хостори озодии Муҳамад Мурсӣ шудааст.
Ихвонулмуслимин гуфтааст, ки ҳеҷ барнома барои дидор бо оқои Бурнз надорад
Агар Вошингтун ба ин натиҷа бирасад, ки ин барканорӣ кудето буда, Омрико бояд кумакҳои низомии худро ба Миср, ки соле 1,3 милёрд дулор мерасад, коҳиш диҳад.
Артиши Миср билофосила пас аз барканории оқои Мурсӣ Адлӣ Маҳмуд Мансур, раиси пешини додгоҳи қонуни асосиро ба унвони ҷойгузини муваққати оқои Мурсӣ муъаррифӣ кард.
Ихвонулмуслимин, ҳизби оқои Мурсӣ муттаҳам аст бо таҳрик ба хушунат ба нооромиҳои Миср доман задааст.
Давлати муваққати Миср ба раёсати Ҳозим Албибловӣ, савганд ёд карда ва вазифа дорад "нақшаи роҳе"-ро, ки артиш таъин карда пайгирӣ кунад, то як давлати демукротик ва ғайринизомӣ зимоми умурро дар даст бигирад.
Дар ду ҳафтаи гузашта шуморе аз тарафдорон ва мухолифони оқои Мурсӣ дар эътирозҳо ва нооромиҳои Миср кушта шудаанд.
