Сафари Уилиём Бурнз ба Миср барои гуфтугӯ бо сарони артиш ва давлати муваққат

  • 15 Июл, 2013
Уилиём Бурнз
Image caption Уилиём Бурнз, муъовини вазири хориҷаи Омрико

Уилиём Бурнз, муъовини вазири хориҷаи Омрико имрӯз (душанбе 24 тир, 15 июл) дар Қоҳира бо давлати муваққат ва сарони артиши Миср дар бораи поён додан ба хушунатҳо ва баргузории интихоботи демукротик дидору гуфтугӯ мекунад.

Оқои Бурнз баландпоятарин мақоми давлати Омрико аст, ки пас аз барканории Муҳаммад Мурсӣ аз раёсати ҷумҳурӣ ба Миср сафар кардааст.

Гуфта мешавад оқои Бурнз бо давлати муваққат ва сарони артиш дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.

Давлати Омрико мегӯяд дар ин музокирот оқои Бурнз бар поён додан ба хушунатҳо таъкид хоҳад кард ва хостори ташкили давлате фарогир хоҳад буд, ки дар интихоботе озод ба қудрат расида бошад.

Интизор меравад ҳамзамон бо сафари оқои Бурнз ба Қоҳира тарафдорон ва мухолифони Муҳаммад Мурсӣ тазоҳурот кунанд.

Давлати Омрико ҳануз дар мавриди барканории оқои Мурсӣ аз раёсати ҷумҳурӣ бо ҳукми артиш тасмимгирӣ накарда, аммои хостори озодии Муҳаммад Мурсӣ шуда, ки дар боздошти артиш аст.

Агар Вошингтун ба ин натиҷа бирасад, ки ин барканорӣ кудето буда, Омрико бояд кумакҳои низомии худро ба Миср, ки соле ба 1,3 милёрд дулор мерасад, коҳиш диҳад.

Артиши Миср ду ҳафта пеш оқои Мурсӣро барканор кард ва зимоми умурро ба Адлӣ Мансур, раиси пешини додгоҳи қонуни асосӣ супурд.

Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки додситони кулли Миср амволи 14 нафар аз раҳбарони исломгароро масдуд кардааст.

Гуфта мешавад Муҳаммад Бадеъ, раҳбари Ихвонулмуслимин ва Хайрат Алшотир, муъовини ӯ ҳам дар миёни ин 14 нафар ҳастанд.

Ихвонулмуслимин, ҳизби оқои Мурсӣ муттаҳам аст бо таҳрик ба хушунат ба нооромиҳои Миср доман задааст.

Масдуд шудани дороҳои ин афрод дар робита бо ҳамин иттиҳом талаққӣ мешавад.

Давлати муваққати Миср, ки дирӯз ба раёсати Ҳозим Албибловӣ савганд ёд кард, вазифа дорад "нақшаи роҳе"-ро, ки артиш таъин карда пайгирӣ кунад, то як давлати демукротик ва ғайринизомӣ зимоми умурро дар даст бигирад.

Ихвонулмуслимин ва ҳизби муҳофизакори Нур (ки ибтидо аз барканории Муҳаммад Мурсӣ ҳимоят кард) дар давлати муваққат ширкат накардаанд.

Ихвонулмуслимин оқои Мурсиро, ки соли пеш дар интихобот ба қудрат расид, раиси ҷумҳури қонунӣ медонад ва хостори бозгашти ӯ ба раёсати ҷумҳурӣ аст.

Аммо артиши Миср мудохилаи худро ба дархости миллиюнҳо нафар медонад, ки ба сиёсатҳои оқои Мурсӣ муътариз буданд ва дар хиёбонҳои Миср тазоҳурот карданд.

Артиш давлати оқои Мурсиро ба худкомагии рӯзафзун ва нотавонӣ дар ҳалли мушкилоти иқтисодӣ муттаҳам кардааст.

Дар ду ҳафтаи гузашта шуморе аз тарафдорон ва мухолифони оқои Мурсӣ дар эътирозҳо ва нооромиҳои Миср кушта шудаанд.

Матолиби муртабит