Нуҳ нафар дар даргирии ҳаводорон ва мухолифони Муҳаммад Мурсӣ кушта шуданд

  • 23 Июл, 2013
даргириҳо дар Миср

Давлати Миср мегӯяд дар даргирии миёни ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии сарнагуншудаи Миср ва мухолифони ӯ дар шабонарӯзи гузашта 9 нафар кушта шудаанд.

Рӯзи сешанбеи 23 июл ду мард дар ҳамла ба таҷаммуъи ҳаводорони оқои Мурсӣ дар наздикии донишгоҳи Қоҳира ба зарби гулӯла кушта шуданд.

Як мард низ шаби гузашта дар шимоли Қоҳира дар ҷараёни задухӯрди нерӯҳои пулис бо ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ кушта шуд.

Се нафари дигар низ дар даргириҳои шимоли Қоҳира кушта шуданд. Яке аз ин афрод ҳангоми фирор аз нооромиҳо бо қатор тасодуф кард ва мурд.

Рӯзи душанбе Шаймо Мурсӣ, духтари раиси ҷумҳурии барканоршуда артишро муттаҳам ба рабудани падараш кард ва низомиёнро масъули "саломат ва амнияти" ӯ донист.

Муҳаммад Мурсӣ аз рӯзе, ки артиш ӯро барканор карда дар макони номаълуме ба сар мебарад ва ҳеҷ ниҳоде дар бораи вазъияти ӯ гузорише надодааст. Мақомҳои давлати интиқолӣ гуфтаанд, ки оқои Мурсӣ дар "маконе амн" ба сар мебарад.

Омрико ва бархе кишварҳои урупоӣ хоҳони озодии оқои Мурсӣ шудаанд.

Ихвонулмуслимини Миср аз ба расмият шинохтани давлати ҷадиди Миср, ки таҳти ҳимояти артиш ташкил шуда, худдорӣ карда ва тақрибан ҳар рӯз дар Миср тазоҳуроте дар эътироз ба барканории Муҳаммад Мурсӣ баргузор мекунад.

Аз замони барканории оқои Мурсӣ то кунун беш аз 60 нафар кушта шудаанд.

Матолиби муртабит