Таҳияи пешнависи қонуни асосии Миср аз ҳамин рӯз оғоз мешавад

Ҳайати 10 нафараи коршиносони ҳуқуқӣ, ки аз суи давлати муваққати Миср барои баррасӣ ва ислоҳи қонуни асосии кишвар интихоб шудаанд, аз имрӯз кори худро оғоз мекунад.
Ихвонулмуслимин, ки гуфта мешавад дар тадвини қонуни асосии қаблӣ дар Миср нақши муҳимме дошта, ин иқдоми давлати муваққатро маҳкум кардааст.
Ин гуруҳ 30 рӯз фурсат дорад то пас аз баррасӣ ва эъмоли тағирот ва ислоҳот пешнависи қонуни асосии ҷадидро ироа диҳад.
Ин тағирот ва ислоҳот бо ҳадафи ҳамвор кардани роҳ барои баргузории интихоботи ҷадиди порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ дар он кишвар анҷом мешавад.
Иҷрои қонуни асосии қаблии Миср дар пайи барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури пешини тавассут артиш дар авоили моҳи ҷории мелодӣ ба ҳоли таълиқ даромад.
Интизор меравад, ки қонуни асосии ҷадид пас аз тадвин зарфи чаҳор моҳ ба ҳамапурсӣ гузошта шавад ва интихоботи порлумонии ҷадид ҳам ду моҳ пас аз он баргузор шавад.
Қонуни асосии қаблӣ дар ҷараёни рефрондуме ҷанҷолӣ дар декабри соли 2012 мелодӣ ба тасвиб расид.
Мухолифон муътақид буданд, ки муҳтавои исломгароёнаи қонуни асосии қаблӣ ба оқои Мурсӣ ихтиёроти бештаре медиҳад ва онро муғойир бо озодии баён ва мазҳаб медонистанд.
Гузоришҳо аз Миср ҳокӣ аз он аст, ки рӯзи ҷумъаи гузашта (19 июл) ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, ки аксари онҳо аз аъзои Ихвонумуслимин ҳастанд, даст ба эътироз заданд.
Дар ҳамин ҳол Ҳозим Албибловӣ, нахуствазири давлати эътилофӣ дар аввалин гуфтугӯи телевизиюнии худи ибрози умедворӣ кард, ки ҳамаи гурӯҳҳо дар гуфтугӯи миллӣ дар кишвар мушорикат кунанд.
Ӯ гуфт: "Мо наметавонем замоне ки тафриқа ва чанддастагӣ аст, қонуни асосӣ тадвин кунем. Мо бояд бо ҳам ҳамоҳамоҳанг бошем."
Дар таҳаввуле дигар дар бораи Миср рӯзи гузашта Малик Абдулло, подшоҳи Урдун барои дидор ва музокира бо мақомоти Миср вориди ин кишвар шуд. Подшоҳи Урдун аввалин раҳбари як кишвари арабӣ аст, ки аз замони барканории оқои Мурсӣ аз ин кишвар дидор мекунад.
