Дар даргириҳои Миср теъдоди зиёде кушта ва маҷрӯҳ шудаанд

  • 27 Июл, 2013
Яке аз ҳаводорони маҷрӯҳи Муҳаммад Мурсӣ дар Қоҳира
Image caption Яке аз ҳаводорони маҷрӯҳи Муҳаммад Мурсӣ дар Қоҳира

Дар Қоҳира миёни ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури барканоршудаи Миср, ва нирӯҳои амниятии ин кишвар даргириҳои маргбор дар ҷараён аст ва гуфта мешавад теъдоди зиёде дар ин даргириҳо кушта шудаанд.

Пизишки масъули бемористони муваққатие, ки дар масҷиди Робиъаи Адавия, маҳалли вуқӯъи даргирӣ, эҷод шуда, теъдоди кушташудагонро беш аз 100 нафар ва теъдоди маҷрӯҳонро беш аз як ҳазор нафар баровард кардааст.

Аммо ҳаводорони оқои Мурсӣ мегӯянд беш аз 120 нафар кушта шудаанд. Бритониё ва Иттиҳодияи Урупо тавассул ба зӯрро маҳкум кардаанд.

Артиш барои ақаб рондани ҳаводорони оқои Мурсӣ ба масҷиди Робиъаи Адавия, дар шимоли шарқи шаҳр, иқдом ба тирандозӣ ва шиллики гози ашковар кардааст.

Гузорише дар ин бора

Куэнтин Сомервил, хабарнигори Би-би-сӣ дар маҳал, мегӯяд қатли оме дар ҷараён аст, хиёбонҳо пур аз хун аст, теъдоде аз ҳаводорони оқои Мурсӣ кушта шудаанд ва омбулонсҳо дар ҳоли интиқоли маҷрӯҳон ба бемористонҳои атроф ҳастанд.

Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ, садои тирандозӣ ба гӯш мерасад ва рагбори гулӯлаҳои гози ашковар дар фазо ҷорист.

Пештар теъдоди кушташудагон дастикам 20 нафар гузориш шуда буд, аммо дар ҳамон замон ҷунбиши Ихвонулмуслимин теъдоди онҳоро дастикам 31 нафар эълом карда буд.

Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ, муътаризони тарафдори Муҳаммад Мурсӣ, ки аз чанд ҳафта қабл атрофи масҷид чодар задаанд, ҳоло дар ҳоли сохтани сангар ҳастанд.

Пештар Муҳаммад Иброҳим, вазири кишвари Миср, гуфта буд, ки ба таҳассуни ҳаводорони оқои Мурсӣ дар масҷиди Робиъаи Адавия "базудӣ ба шеваҳои қонунӣ поён дода хоҳад шуд."

Вай ба ҷузъиёти мавзӯъ ишора накард, аммо гуфт аҳолии маҳал ба чодарҳое, ки дар атрофи масҷид барпо шуда, эътироз кардаанд.

Шаҳри Искандария низ саҳнаи даргириҳои густардаи танбатан миёни ҳаводорон ва мухолифони Муҳаммад Мурсӣ будааст.

Хушунатҳо дар гирдиҳамоиҳое буруз кард, ки ду тараф аз рӯзи ҷумъа дар сартосари Миср барпо кардаанд. Гуфта мешавад садҳо нафар ҳам дар ин даргириҳо маҷрӯҳ шудаанд.

Дар Қоҳира ҷумъашаб ҷамъияте бузург тақозои артиш барои ибрози ҳимояти мардумиро иҷобат карданд ва ба майдони Таҳрир омаданд. Ҳаводорони артиш бо васоили оташбозӣ осмони минтақаро рӯшан карданд.

Матолиби муртабит