Инфиҷор дар идораи амнияти кишварии Миср нигаронии амниятиро ташдид кардааст

  • 24 Июл, 2013
Image caption Бар хилофи нафароти артиш нерӯҳои амниятии Миср шуҳрати матлубе дар миёни мардуми ин кишвар надоранд

Бо идомаи нооромӣ дар Миср як маркази амниятии маҳаллӣ ҳадафи бумбгузорӣ қарор гирифтааст.

Рӯзи чаҳоршанбеи 24 июл сухангӯйи пулиси Миср эълом кард, ки инфиҷори бумб дар баробари сохтмони идораи кулли амнияти кишварӣ дар шаҳри Мансура, воқеъ дар устони Дақҳалия дар шимоли Миср, дастикам нуздаҳ нафарро захмӣ кардааст.

Бар асоси ин гузориш сенздаҳ тан аз захмиҳои ин инфиҷор аз нерӯҳои амниятӣ ва маъмурони пулис ва шаш нафари бақия раҳгузарони ғайринизомӣ будаанд.

Устони Дақҳалия дар минтақаи Делтои рӯди Нил воқеъ аст ва бумбгузорӣ дар баробари идораи кулли амнияти миллӣ дар ин устон боъиси афзоиши нигаронӣ дар мавриди густариши ин гуна амалиёт шудааст.

Аз замони суқути ҳукумати Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи Миср, дар феврали соли 2011 нерӯҳои низомӣ ва амниятии Миср борҳо ҳадафи ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифта ва талафоте ба онон ворид шудааст.

Image caption То пеш аз ин ҳамла ба нерӯҳои адвлатӣ умдатан маҳдуд ба минтақаи Сино буд

Бо ин ҳама, то кунун ин ҳамалот камобеш ба минтақаи саҳрои Сино, воқеъ дар марзи муштараки Миср, Исроил ва Навори Ғазза маҳдуд буда, ки ба "беқонунӣ" шуҳрат доштааст.

Ин минтақа маҳалли фаъъолияти гурӯҳҳои қочоқчӣ ва ҳамчунин исломгароёни тундрав будааст, ки ба назар мерасад аз замони барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии собиқ, тавассути артиши Миср, амалиёти худ алайҳи нерӯҳои амниятиро шиддат бахшидаанд.

Бумбгузорӣ дар Мансура ин эҳтимолро тақвият карда, ки мумкин аст "ҳамалоти кӯрӯрона" ба марокизи амниятӣ ва эҳтимолан соири таъсисоти давлатӣ ба соири нуқоти Миср низ сироят кунад.

Ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, пас аз ин инфиҷор маъмурони пулис ба табодули оташ бо афроди мусаллаҳи ношиносе пардохтанд, ки дар як сохтмони матрука дар наздикии идораи кулли амнияти Мансура мавзеъ гирифта буданд.

Матолиби муртабит