Тазоҳурот дар Миср дар пайи иттиҳоми ҳамкории Мурсӣ бо Ҳамос

Рӯзи ҷумъа мухолифон ва ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури барканоршудаи Миср, дар ин кишвар даст ба тазоҳурот заданд.
Пештар қозии парвандаи раисҷумҳури пешин ҳукми боздошти вайро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҷунбиши Ҳамос содир карда буд.
Бино ба гузоришҳо, дар шаҳри Искандария панҷ нафар кушта шуда ва 72 нафар захмӣ шуданд.
Ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ ба нишони эътироз аз барканории вай тавассути артиши Миср дар хиёбонҳои Қоҳира тазоҳурот карданд.
Тарафдорони артиш низ дар майдони Таҳрир таҷаммӯъ карданд.
Ин дар ҳолест, ки Муҳаммад Мурсӣ ба ҳамкорӣ бо Ҳамос муттаҳам шудааст.
Чанд рӯз пеш женерол Абдулфаттоҳ Алсисӣ, фармондеҳи олии артиши Миср, аз мардум хост, то ба хиёбонҳо биёянд ва нишон диҳанд, ки аз дахолати артиш дар барканории оқои Мурсӣ ва ташкили давлати муваққат ҳимоят мекунанд.
Оқои Мурсӣ 30 январ дар пайи кудетои артиши Миср аз райсати ҷумҳурӣ барканор шуд.
То кунун аз маҳал ва шароити нигаҳдории ӯ хабаре дар даст нест.
Пас аз барканории ӯ даҳҳо нафар дар даргириҳои миёни тарафдорон ва мухолифон кушта шудаанд.
Ҳамзамон шӯришиён дар шибҳиҷазираи Сино даст ба ҳамалоти маргбор задаанд.
Бар асоси гузоришҳои таъйиднашуда, рӯзи ҷумъа шӯршиён дар шаҳри Шайх Зувейд ба нирӯҳои амниятӣ ҳамла карданд.
Тазоҳуроти ҷумъашаб дар ҳоле идома дорад, ки гуфта шуда пулис барои муқобала бо хушунатҳо аз гози ашковар истифода кардааст.
Яке аз сухангӯёни Ихвоналмуслимин иттиҳоми ворида ба Муҳаммад Мурсиро "масхара" тавсиф кард.
Вай ба Хабаргузории Руйтерз гуфт эъломи чунин иттиҳоме "нишонаи бозгашт ба режими пешин" аст.
