Музокироти изтирории Котрин Эштун бо женерол Сисӣ ва Адлӣ Мансур

Пас аз кушта шудани ҳадди ақал 72 нафар аз ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ , раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср ва хатари амиқтар шудани буҳрони Миср, Котрин Эштун, раиси сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Урупо, имрӯз (29 июл) дар Қоҳира бо женерол Абдулфаттоҳ Сисӣ, фармондеҳи артиш, Адлӣ Мансур, раиси ҷумҳури муваққат ва сарони ҳизби Озодӣ ва Адолат, шохаи сиёсии Ихвонулмуслимин дидору гуфтугӯ мекунад.
Хонуми Эштун дар баёнияе эълом кард ҳадафи ӯ дар ин гуфтугӯ расидан ба як "раванди интиқолии фарогир аст, ки дарбаргирандаи тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ, аз ҷумла Ихвонулмуслимин бошад."
Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, пас аз хушунатҳои шанбе бо Котрин Эштун, Муҳаммад Албародеъӣ, муъовини муваққати раиси ҷумҳур ва Набил Фаҳмӣ, вазири хориҷаи Миср, гуфтугӯ ва ибрози нигаронӣ карда буд.
Ғарб нигарон аст пурҷамъияттарин кишвари араб, ки дарвоқеъ пули Ховари Миёна ва Офриқост ва солона як милёрд дулор аз Омрико кумаки низомӣ мегирад, дар буҳрони амиқтарин фурӯ равад.
Пас аз даргириҳои хунини шанбе Ихвонулмуслимин артишро ба тирандозӣ ба қасди куштан муттаҳам карда ва хостори вокуниши ҷомеъаи байналмилалӣ шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, женерол Сисӣ, фармондеҳи артиш, дирӯз барои аввалин бор баъд аз хунрезии рӯзи шанбе дар телевизиюн зоҳир шуд. Оқои Сисӣ дар маросими фориғуттаҳсилии афсарони пуолис ширкат карда буд ва Муҳаммад Иброҳим, вазири кишвар, ӯро "писари фидокори Миср" хонд.
Бархе коршиносон пахши ин барномаро аз телевизиюнҳои давлатӣ ва хусусӣ ба манзалаи зуҳури оқои Сисӣ ба унвони яке аз бозигарони саҳнаи сиёсии Миср қаламдод кардаанд, дар кишваре, ки то соли 2011 ва пеш аз суқути Ҳуснӣ Муборак дар хезишҳои мардумӣ, шаш даҳа таҳти амри низомиён ба сар бурдааст.
Артиш борҳо таъкид карда қасди ба даст гирифтани қудратро надорад ва барои таҳвили он ба давлате ғайринизомӣ, "нақшаи роҳ" ҳам тадорук дидааст, бо ин ҳол чеҳрае, ки женерол Сисӣ ба унвони нумоди низоми сиёсии тоза дар Миср ба намоиш мегузорад, ин заннро тақвият карда, ки шояд артиши қудратро комилан ба ғайринизомиён вогузор накунад.
Набил Фаҳмӣ, вазири хориҷаи муваққати Миср, дирӯз гуфт амиқ шудани шикофҳо ба "трожедии бештар" мунҷар хоҳад шуд. Оқои Фаҳмӣ аз Ихвонулмуслимин ба далели хушунат интиқод, аммо таъкид кард, ки онҳо бояд дар саҳнаи сиёсии Миср ҳузур дошта бошанд.
"Ҳатто агар ман ба шахса бо мавзеъ ё идеулужии онҳо мухолиф бошам, боз ҳам онҳо бояд ҷойи худро дар ҳаёти сиёсии Миср пайдо кунанд."
Дар ҳамин ҳол ва бар хилофи ҳушдори артиш, чанд ҳазор нафар аз тарафдорони оқои Мурсӣ дар соъатҳои аввалияи рӯзи душанбеи 29 июл, ба самти як маҷмаъи низомӣ дар Қоҳира роҳпаймоӣ карданд ва хостори бозгашти Муҳаммад Мурсӣ ба раёсати ҷумҳурӣ шуданд.
Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршуда, дар боздошти артиш аст ва давлати муваққат оқои Мурсиро ба ҷароими мухталиф, аз ҷумла қатл муттаҳам ва таҳқиқотро дар ин бора шурӯъ кардааст.
Ҷиҳод Ҳадод, сухангӯйи Ихвонулмуслимин ба Би-би-сӣ гуфт тазоҳурот аз масҷиди Робиъа Алъадавия оғоз шуда, ки муътаризон дар он таҳассун карда ва хостори бозгашти Муҳаммад Мурсӣ ба раёсати ҷумҳурӣ буданд.
Ба гуфтаи оқои Ҳадод муътаризон ҳеҷ даргирие бо артиш надоштаанд.
Муҳаммад Иброҳим, вазири кишвари Миср, ба тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи он кишвар, ҳушдор дода, ки давлат онҳоро бауздӣ аз масҷиди Робиъа Алъадавия дур хоҳад кард.
Оқои Иброҳим гуфтааст сокинони хонаҳои атрофи масҷид хостори поён додан ба таҷаммуъи ин афрод шудаанд.
