Сенотурҳои омрикоӣ озими Миср мешаванд

  • 5 Август, 2013
Image caption Тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ хоҳони абқои ӯ ҳастанд

Ҳамзамон бо анҷоми музокироти фишурда барои поён додан ба буҳрони сиёсии Миср, ду сенотури барҷаста аз ҳизби Ҷумҳурихоҳ низ барои ширкат дар раванди миёнҷигарии байналмилалӣ озими Қоҳира мешаванд.

Интизор меравад, ки сенотур Ҷон Мак Кейн ва сенотур Линдзей Гроҳом асри душанбе вориди Қоҳира шаванд ва ду рӯз бо мақомҳои мисрӣ дидор ва гуфтугӯ кунанд.

Диплумотҳои омрикоӣ ва урупоӣ рӯзи якшанбе низ бо раҳбарони низомӣ ва тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии барканоршудаи Миср аз гурӯҳи Ихвонулмуслимин, гуфтугӯи фишурдае анҷом доданд.

Намояндаи аршади Омрико дар ин гуфтугӯҳо Вилём Бернз, муъвини сиёсии вазорати хориҷа аст, ки илова бар мақомҳои Ихвонулмуслимин бо Набил Фаҳмӣ, вазири умури хориҷаи Миср, гуфтугӯҳое доштааст.

Бернордину Леун, фиристодаи Иттиҳодияи Урупо, низ дар ин гуфтугӯҳо ширкат дорад.

Ҷузъиёте аз муҳтавои музокирот эълом нашуда аст, вале тарафайн умедворанд, ки аз бурузи хунрезии бештари байни тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ ва нерӯҳои амниятӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Бино бар гузоришҳо, диплумотҳое аз Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ низ дар ин гуфтугӯҳо ширкат доранд.

Image caption Сенотур Гроҳом (васат) ва сенотур Мак Кейн (чап) ба Миср мераванд

Аз сӯйи дигар додгоҳе дар Қоҳира эълом кардаааст, ки муҳокимаи Муҳаммад Бадеъ, раҳбари гурӯҳи Ихвонулмуслимин, ки дар нуқтае номаълум махфӣ шудааст ва Хайрот Шотир, муъовини ӯ, ба иттиҳоми таҳрики мардум ба хушунат аз рӯзи 25 август оғоз хоҳад шуд.

Нозирон муътақиданд, ки оғози ин муҳокима метавонад музокироти оштии миллӣ дар Мисрро бо мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ кунад.

Ивонулмуслимин иттиҳомоти воридшуда ба раҳбари ин гурӯҳро беасос медонад ва ҳадаф аз тарҳи онро хунсо кардани эътирозоти мардумӣ тавсиф мекунад.

Ҳазорон нафар аз ҳомиёни Муҳаммад Мурсӣ ва тарафдорони гурӯҳи Ихвонулмуслимин ҳамчунон бо нодида гирифтани ҳушдорҳои давлати муваққат аз тарки маҳалҳои таҳассуни худ дар наздикии масҷиди Робиъа Адавия ва майдони Наҳзати Қоҳира худдорӣ мекунанд.

Чархболҳои артиш рӯзи якшанбе рӯйи таҳассункунандагон эъломияҳое рехтанд, ки онҳоро ба тарки маҳалл тарғиб кард.

Аз замони барканории оқои Мурсӣ тавассути артиш дар авоили моҳи июни имсол ва дар пайи эътирозоти густарда беш аз 100 нафар аз ҳаводорони оқои Мурсӣ дар даргирӣ бо нерӯҳои низомӣ кушта шудаанд.

Матолиби муртабит