Номаи нахуствазири Бритониё ба раиси ҷумҳури ҷадиди Эрон

Девид Комерун, нахуствазири Бритониё дар номае ба Ҳасани Руҳонӣ, раиси ҷумҳури ҷадиди Эрон изҳори умедворӣ кардааст, ки Эрон таҳти раёсати ҷумҳурии ӯ масири ҷадиде дар пеш бигирад ва равобити ду кишвар беҳбуд ёбад.
Оқои Комерун дар ин нома, ки дар вебсойти дафтари нахуствазирии Бритониё мунташир шуда, хоҳони беҳбуди гом ба гоми равобит бо талоши ҳар ду тараф шудааст.
Ӯ навиштааст: "Беҳбуди равобити ду кишвар раванде тадриҷӣ хоҳад дошт ва лозим аст чандин масаъла ҳаллу фасл шавад."
Нахуствазири Бритониё дар ин нома ҳамчунин аз Эрон хостааст бар сари барномаи ҳастаии худ ба таври созанда ва ҷиддӣ бо ҷомеъаи байналмилалӣ вориди таъомул шавад ва аз як роҳи ҳалли сулҳомез барои буҳрони Сурия ҳимоят кунад.
Ин нома ба муносибати таҳлифи Оқои Руҳонӣ ирсол шудааст.
Равобити Эрон ва Бритониё аз озармоҳи соли 1390 (ноябри соли 2011) ва дар пайи ҳамлаи гурӯҳе аз мунтақидони сиёсатҳои Бритониё ба сафоратхона ва иқоматгоҳи диплумотҳои ин кишвар дар Теҳрон ба пойинтарин ҳадд таназзул ёфт.
Пас аз он ҳодиса Бритониё сафоратхонаи худро дар Теҳрон баст ва диплумотҳои эрониро ҳам аз Ландан ихроҷ кард.
Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта ҳам Уилиём Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё дар тамосе телефунӣ бо Алӣ Акбари Солеҳӣ, вазири умури хориҷаи Эрон барои беҳбуди тадриҷии равобити ду кишвар ибрози омодагӣ карда буд.
Оқои Ҳейг гуфта буд, ки омода аст дар моҳи сентябр ва дар ҳошияи Маҷмаъи умумии Созмони Милал бо ҳамтои эронии худ дидор кунад.
Оқои Ҳейг дар ин тамоси телефунӣ дар мавриди сарнавишти Аббос Яздонпаноҳи Яздӣ, шаҳрванди эронӣ – бритониёӣ, ки моҳи гузаштаи милодӣ дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мафқуд шудааст, ибрози нигаронӣ карда буд.
Гурӯҳе дастгоҳҳои иттилоъотӣ ё гурӯҳҳои зинуфуз дар ҳукумати Эронро ба рабудани оқои Яздӣ муттаҳам карда буд, аммо вазорати умури хориҷаи Эрон даст доштани ниҳодҳои эронӣ дар ҳар гуна иқдоми ғайриқонунӣ дар Аморотро такзиб кардааст.
Номи оқои Яздӣ дар чанд парвандаи марбут ба муъомилоти нафтии ширкатҳои хориҷӣ бо Эрон ба унвони даллол ва воситаи мақомҳои вақт ва афроди соҳибнуфуз дар Эрон матраҳ будааст.
