Алии Шамхонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон шуд

  • 10 Сентябр, 2013

Мушовири Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, эълом кардааст, ки тайи ҳукме аз сӯйи Рӯҳонӣ, Алии Шамхонӣ ба дабирии Шӯрои олии амнияти миллӣ мансуб шудааст.

Оқои Шамхонӣ дар давраи раёсати ҷумҳурии Муҳаммади Хотамӣ вазири дифоъи Эрон буд ва пас аз поёни давраи вазораташ раиси Маркази мутолиъоти роҳбурдии нерӯҳои мусаллаҳ шуд.

Дабири қаблии Шӯрои олии амнияти миллӣ Саъид Ҷалилӣ буд, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии июни имсол рақиби оқои Рӯҳонӣ буд.