Оятуллоҳ Хоминаӣ: Омрико дар Сурия зарар хоҳад кард

Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Эрон дар дидор бо аъзои Маҷлиси хибрагон гуфтааст, ки иддаъои инсондӯстонаи Иёлоти Муттаҳида барои мудохилаи низомӣ дар Сурия пазируфтанӣ нест. Ӯ гуфта Омрико дар Сурия зарар хоҳад кард.
Раҳбари Эрон гуфт, ки Омрико ва Исроил қасд доранд бар минтақаи Ховари Миёна мусаллат шаванд.
Ӯ гуфт: "Омрикоиҳо саъй мекунанд бо лаффозӣ ва забонбозӣ ингуна вонамуд кунанд, ки барои як ҳадафи инсонӣ вориди қазия шудаанд" аммо "дар собиқаи онҳо зиндонҳои Гуонтоному ва Абуғурайб, сукут дар баробари истифодаи Саддом аз силоҳи шимиёӣ дар шаҳрҳои Эрон, куштори мардуми бегуноҳи Афғонистон ва Покистон ва Ироқ вуҷуд дорад."
Оқои Хоминаӣ натиҷа гирифта: "Омрикоиҳо дар ҳоли хато ва иштибоҳ дар Сурия ҳастанд ва бар ҳамин асос низ зарбаи ворида ба худро эҳсос ва қатъан зарар хоҳанд кард."
Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико эълом карда, ки дар сурати мувофиқати кунгре дастури ҳамла ба Сурияро содир мекунад. Омрико ва муттаҳидонаш мегӯянд давлати Башор Асад алайҳи шаҳрвандони сӯрӣ аз ҷангафзори шимиёӣ истифода кардааст.
Давлати Сурия ба шиддат ин иддаъоро рад мекунад ва мегӯяд дар шароите, ки пирӯзиҳои низомӣ ба даст оварда ва бозрасони Созмони Милал дар Сурия ба сар мебурда, нерӯҳои давлатӣ далели барои истифода аз таслиҳоти шимиёӣ надоштаанд.
Ҷумҳурии исломии Эрон танҳо муттаҳиди минтақаии Сурия, гуфта иқдоми низомии хориҷӣ алайҳи ҳукумати Сурия "хатти қирмизи" Эрон аст, аммои рӯшан накарда, ки дар сурати вуқуъи ин ҳамла ба чӣ иқдомоте даст хоҳад зад.
Ҳадаф: эҷоди тамаддуни исломӣ
Оқои Хоминаӣ гуфт: "Ормони Ҷумҳурии исломӣ эҷоди тамаддуни исломӣ аст." Ба гуфтаи ӯ ин ҳадаф бо такя бар исломият , мазлум воқеъ нашудан ва такя ба орои мардум ба даст хоҳад омад.
Раҳбари Эрон ҳамчунин бо ишора ба таҳаввулоти сиёсӣ ва сарнавишти инқилобҳои ахири кишварҳои арабӣ гуфт: "Ин тасаввур, ки бедории исломӣ аз байн рафта, тасаввури ғалате аст." Мақомҳои эронӣ таҳаввулоти кишварҳои арабиро, ки бархе ба он "Баҳори арабӣ" мегӯянд, бедории исломӣ меноманд.
Ӯ гуфт, ки агар давлате, ки пас аз инқилоби Миср ташкил шуд, бо Иёлоти Муттаҳида ва Исроил созиши намекард, шароит ба тартибе пеш намерафт, ки ин давлатро сарнагун кунанд ва Ҳуснӣ Муборак, диктотури собиқи Миср, аз зиндон озод шавад.
Оқои Хоминаӣ таъкид кард: "Вазъияти афрод ё кишварҳое, ки ба хотири ба даст овардани дили мустакбирон аз усули худ гузаштанд, акнун дар муқобили дидагони мо аст."
Ӯ ҳамчунин гуфт: "Нармиш ва инъитофи ҳунармандона ва қаҳрамонона дар ҳамаи арсаҳои сиёсӣ, матлуб ва мавриди қабул аст, аммо ин монуври ҳунармандона набояд ба маънои убур аз хатти қирмиз ва бозгаштан аз роҳбурдҳои асосӣ ва таваҷҷуҳ накардан ба ормонҳо бошад."
Беҳбуди равобити хориҷии Эрон аз ҷумлаи аҳдофи эъломшудаи Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳур аст. Бархе аз муҳофизакорон ба оқои Рӯҳонӣ ҳушдор медиҳанд, ки ин беҳбуд набояд ба қимати кӯтоҳ омадан аз шиъорҳои инқилобӣ тамом шавад.
Аз ҷумлаи шиъорҳое, ки Оқои Хоминаӣ дар дидор бо аъзои Маҷлиси хибрагон матраҳ карда, "ғуддаи саратонӣ будани Исроил" ва "шайтони бузург будани Омрико" аст.
