Ҳамлаи Омрико ба Сурия "фаротар аз ҳамлаи ҳавоии маҳдуд хоҳад буд"

Женерол Ҷак Кин, муовини асбақи ситоди нерӯи заминии Иёлоти Муттаҳида ба Би-би-сӣ гуфт абъоди ҳамлаи эҳтимолии Омрико ба Сурия мумкин аст беш аз он чизе бошад, ки то кунун гуфта шудааст.
Бано ба гуфтаи ӯ иқдоми низомии мавриди назари Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико фаротар аз ҳамлаи ҳавоии маҳдуд ба имконоти шимиёии давлати Сурия хоҳад буд.
Мақомоти омрикоӣ то кунун эълом кардаанд, ки иқдоми низомӣ алайҳи Сурия танҳо шомили ҳамалоти ҳавоии маҳдуд аст, ки имкони истифода аз таслиҳоти шимиёӣ аз ҳукумати Сурияро бигирад.
Сурия истифода аз силоҳи шимиёӣ алайҳи шаҳрвандони худро рад мекунад ва мегӯяд ин иддаъо танҳо баҳона барои оғози ҷанг аст.
Женерол Ҷак Кин бо сенотури ҷумҳурихоҳе, ки дар ҷараёни барномаҳои Кохи сафед қарор гирифтаанд, суҳбат карда ва мегӯяд ба ин сенотур итминон дода шудааст, ки Борок Убомо қасд дорад зарбаҳои чашмгир ба тавони низомии нерӯҳои Башор Асад бизанад.
Муъовини асбақи ситоди нерӯи заминии Омрико ҳамчунин гуфта, ки Омрико барномаҳо барои пуштибонии густардатар аз шӯришиёни мухолифи Асад дорад.
Қатар мувофиқи ҳамла
Бо наздик шудан ба мавъиди тасмимгирии кунгреи Омрико дар бораи ҳамла ба Сурия Қатар низ ҳимояти худро аз ин ҳамла эълом кардааст.
Холид бин Муҳаммад бин Атия, вазири хориҷаи Қатар ба Би-би-сӣ гуфт иқдоми низомии хориҷӣ барои ҳимоят аз мардуми Сурия зарурӣ аст. Ӯ гуфта Қатар хоҳони тағйири режим дар Сурия нест, аммо агар Башор Асад дар қудрат бимонад, афроди бештареро хоҳад кушт.
Қатар яке аз аслитарин пуштибонони мухолифони Башор Асад аст ва пеш аз ин ба ҳамроҳи Арабистони Саъудӣ хостори мудохилаи низомии Иттиҳодияи Араб дар Сурия шуда буд.
