Раъйи манфии Маҷлиси авом ба иқдоми низомӣ дар Сурия

Намояндагони Маҷлиси авом дар Бритониё тарҳи давлати ин кишвар барои иқдоми низомӣ дар Сурия дар вокуниш ба корбурди таслиҳоти шимиёӣ мухолифат кардааст.
Маҷлиси намояндагон бо 285 раъйи мухолиф дар баробари 272 раъйи мувофиқ бо тарҳи давлати Девид Комерун мухолифат кард.
Оқои Комерун дар суханоне гуфт, ки ин раъй нишон медиҳад, ки порлумон бо иқдоми низомӣ мухолиф аст ва давлати ӯ бар ин асос иқдом хоҳад кард.
Раъйи Маҷлиси авом, ки аз он ба унвони як шикасти сангин барои сиёсати хориҷии Девид Комерун ном бурда шудааст, монеъ аз ширкати Бритониё дар иқдоми низомии эҳтимолии Иёлоти Муттаҳида ва муттуҳидонаш алайҳи ҳукумати Башор Асад мешавад.
Кохи Сафед дар вокуниш ба мухолифати порлумони Бритониё бо иқдоми низомӣ дар Сурия гуфтааст Иёлоти Муттаҳида ба ройзанӣ бо Бритониё идома хоҳад дод.
Бино бар эъломияи Кохи Сафед , Борок Убомо бар асоси манофеъи Иёлоти Муттаҳида дар бораи ҳар гуна иқдоми эҳтимолӣ тасмимгирӣ хоҳад кард.
Кохи Сафед таъкид кард кишварҳое, ки урфи байналмилалӣ дар бораи таслиҳоти шимиёиро нақз мекунанд, бояд посухгӯ бошанд.
Давлати Бритониё пеш аз ин раъйгирии порлумон дар посух ба нигарониҳои ҳизби Коргар бахшҳое аз тарҳи худро ислоҳ карда буд.
Ҳизби Коргар низ ислоҳияеро бар ин тарҳ дар бораи зарурати ироаи шавоҳиди қонеъкунанда аз сӯйи давлат ироа карда буд, ки бо ихтилофи 114 раъй рад шуд.
Ин тарҳ иқдоми низомӣ дар Сурияро дар сурате, ки бозрасони Созмони Милали Муттаҳид корбурди таслиҳоти шимиёӣ ба василаи ҳукумати Башор Асадро таъйид кунанд, муҷоз медонист.
Филип Ҳомунд, вазири диоъи Бритониё, гуфтааст, ки кишвараш дар иқдоми низомӣ алайҳи Сурия ширкат нахоҳад кард, вале таъкид кард ин иқдом бидуни ҳузури Бритониё ҳам сурат хоҳад гирифт.
Ба гуфтаи ӯ напайвастани Бритониё ба иқдоми низомӣ алайҳи ҳукумати Сурия монеъ аз анҷоми он нахоҳад шуд, вале Омрико ва муттаҳидонашро маъюс хоҳад кард.
Оқои Ҳомунд гуфт ӯ ва оқои Комерун аз раъйи Маҷлиси намояндагон маъюс шудаанд ва ҳушдор дод, ки ин рухдод ба равобити Ландан ва Вошингтун осеб хоҳад зад.
Ӯ пештар гуфта буд, к раъйи манфии ҳизби Коргар боъис мешавад, ки имшаб ҳукумати Асад бо осудагии бештаре ба хоб биравад.
Оқои Ҳомунд ҳамчунин гуфтааст, ки ҷанги Ироқ афкори умумӣ дар Бритониёро дар робита бо ҳар иқдоми низомӣ дар Ховраи Миёна масмум кардааст.
Ройзании Кохи Сафед т ва кунгре
Ҳамзамон Чок Ҳейгел ва Ҷон Керрӣ, вазири дифоъ ва умури хориҷаи Омрико ва дигар аъзои тими амнияти миллии давлати Убомо бо ширкат дар як кунфронси теелфунӣ бо гурӯҳе аз намоянагони ду ҳизби Демукрот ва Ҷумҳурихоҳ дар кунгре рӯйкарди Иёлоти Муттаҳида ба буҳрони Сурияро баррасӣ карданд.
Ба гуфтаи манобеъи муталеъ, аъзои давлати Омрико дар ин ҷаласа таъкид карданд, ки Кохи Сафед ҳукумати Башор Асадро масъули корбурди силоҳи шимиёӣ дар ҳумаи Димишқ медонад ва раиси ҷумҳурии Омрико ҳанӯз барои иқдоми низомӣ дар Сурия тасмим нагирифтааст.
Ба гуфтаи як узви аршади кумита равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Омрико, аъзои давлати Убомо дар ин ҷаласа таъкид карданд, ки бидуни шак давлати Сурия аз таслиҳоти ҳастаӣ истифода кардааст.
Элиют Ангел гуфт ширкаткунандагон дар ҷаласа гуфтанд, ки шавоҳиди мавҷуд дар бораи корбурди ин таслиҳот бар иттилоъоти гирдоваришуда аз шунуди муколимоти мақомҳои сурии устувор ва расади таҳаррукоти низомиёни ин кишвар аст.
Раъйи манфии Маҷлиси авом ба иқдоми низомии Бритониё дар Сурия пас аз он сурат гирифт, ки нишасти 5 узви доимии Шӯрои Амният бидуни натиҷа поён ёфт.
Ин нишаст, ки панҷшанбе дар Ню-Йурк баргузор шуд, натавонист аз ихтилофҳои Омрико, Бритониё ва Фаронса бо Русия ва Чин сари иқдоми низомӣ дар Сурия бикоҳад.
