Мушовири ҳуқуқии давлати Бритониё мудохилаи низомӣ дар Сурияро муҷоз донист

Давлати Бритониё хулосаи назари мушовири ҳуқуқии давлати ин кишвар дар мавриди ҳамлаи низомӣ ба Сурияро мунташир кардааст.
Дар ин матн омадааст мавзеъи давлати Бритониё дар мавриди машруъияти ҳар гуна иқдоми низомӣ дар Сурия тасреҳ мекунад, ки агар иқдомоти лозим дар ин замина дар Шурои Амният бо мавонеъе мувоҷеҳ шавад, Бритониё ҳамчунон муҷоз аст тибқи усули мудохилаи инсондӯстона даст ба тадобири истисноӣ бизанад, ки мудохилаи низомӣ барои аз байн бурдани ранҷи мардуми Сурия аз ҷумлаи ин тадобир аст.
Давлати Бритониё ҳамчунин матни мушовараеро, ки аз кумитаи муштараки иттилоъотии ин кишвар дар мавриди шавоҳиди марбут ба ҳамлаи шимиёӣ дар Димишқ дарёфт карда, мунташир кардааст.
Давлати Бритониё гуфтааст назари ин кумита он аст, ки ҳафтаи гузашта дар Димишқ ҳамлае бо силоҳи шимиёӣ рух дода ва эҳтимоли зиёде ҳаст, ки ҳукумати Сурия омили он буда бошад.
Дар ин матн омадааст иттилоъоте вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад ҳукумати Сурия дар ин маврид муқассир аст ва ҳеҷ як аз гурӯҳҳои мухолиф тавоноии анҷоми ҳамлаи шимиёӣ дар чунин миқёсеро надорад.
Пеш аз он Эд Милибанд, раҳбари ҳизби коргари Бритониё, ҳизби мухолифи давлат таъкид кард, ки бояд ба бозрасони таслиҳотии Созмони Милал вақт дод то таҳқиқоташонро комил кунанд.
Ҳамакнун намояндагони порлумони Бритониё баҳс дар бораи мудохилаи низомӣ дар Сурияро оғоз кардаанд. Давлати Бритониё барои мудохилаи низомӣ дар Сурия ниёзманди ҳимояти порлумон аст.
Дар ибтидои ин ҷаласа Девид Комерун, нахуствазири Бритониё суҳбат кард ва гуфт пешнависи қатъномае, ки Бритониё матраҳ карда ҷониби тарафайни даргир дар Сурияро намегирад ва ба маънии ишғоли хоки он кишвар ва тағйири режим дар Сурия нест. Ӯ гуфт ин қатънома ба истифодаи густарда аз таслиҳоти шимиёӣ ва вокуниши Бритониё ба як ҷинояти ҷангӣ марбут мешавад.
Аз суи дигар Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст бозрасони ин созмон, ки ба Сурия рафтаанд рӯзи ҷумъа ба кори худ поён хоҳанд дод ва бомдоди шанбе ин кишварро тарк мекунанд.
Оқои Бон дар сафар ба Утриш гуфт бозрасон ҳангоми бозгашт гузориши худро ба ӯ медиҳанд. Вай гуфт рӯзи чаҳоршанбе бо Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико дар ин маврид, ки чӣ гуна метавон ба таҳқиқоти Созмони Милал дар ин маврид суръат дод, суҳбат кардааст.
Имрӯз панҷшанбе (29 август) савумин рӯз аз кори бозрасони Созмони Милал дар Сурия аст.
Дар ҳамин ҳол Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия гуфтааст ҳар гуна ҳамлаи низомӣ ба кишварашро посух медиҳад.
Бо ин ҳол ба назар мерасад эҳтимоли дахолати низомии фаврии Ғарб дар Сурия каме фурӯкаш карда ва ройзаниҳои сиёсӣ дар Омрико ва Бритониё барои гирифтани тасмими ниҳоӣ идома дорад.
Кишварҳои минтақа ҳам дар бораи ҳамлаи эҳтимолӣ ба Сурия вокунишҳои мутафовите нишон додаанд. Туркия гуфтааст истифода аз силоҳи шимиёӣ набояд бидуни посух гузошта шавад, аммо Эрон мегӯяд ҳар гуна иқдоми низомӣ алайҳи Сурия барои минтақа фоҷиъабор хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Миср низ гуфтааст, ки кишвараш дар ҳамла ба Сурия ширкат нахоҳад кард ва мухолифи ҳамла ба ин кишвар аст.
