Кохи Сафед: Дар истифодаи режими Сурия аз силоҳи шимиёӣ тардиди чандоне нест

Дафтари раиси ҷумҳурии Омрико ҳукумати Сурияро масъули ҳамалоти шимиёии ахир дар он кишвар донистааст.
Ҷей Корнӣ, сухангӯйи Кохи Сафеди Омрико, корбурди аслиҳаи шимиёӣ алайҳи яке аз манотиқи ҳумаи Димишқ, пойтахти Сурияро маҳкум дониста ва гуфтааст, ки "тардиди чандоне вуҷуд надорад", ки ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, омили ин ҳамла будааст.
Оқои Корнӣ дар як нишасти хабарӣ гуфт: "Ин иқдом ноқизи яке аз ҳинҷорҳои дерини байналмилалӣ аст, ки истифода аз аслиҳаи шимиёӣ дар миқёси густардаро мамнӯъ кардааст." Вай афзуд: "Дар назар надорам ба мабонии ҳуқуқии ин мавзӯъ бипардозам, зеро дар ҳоли ҳозир вокуниши эҳтимолӣ ба ин воқиъа дар дасти баррасӣ аст."
Сухангӯйи Кохи Сафед гуфт, ки дафтари раиси ҷумҳурии Омрико "тайи рӯзҳои оянда" шавоҳиде дар исботи вуқӯъи ҳамлаи шимиёӣ ва масъулияти давлати Сурия дар қиболи онро ироа хоҳад дод, аммо дар ин маврид, ки вокуниши Иёлоти Муттаҳида ба ин вазъият чи хоҳад буд, изҳори назаре накард.
Пештар Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, гуфта буд, ки шавоҳиди мавҷуд қатъан нишондиҳандаи корбурди аслиҳаи шимиёӣ дар атрофи Димишқ дар рӯзҳои чаҳоршанбеи гузашта аст ва бо изҳори назар, ки шахсан аз мушоҳидаи тасовири қурбониёни ин ҳамла такон хӯрда, афзуда буд, ки чунин иқдомоте "бо тамомии меъёрҳои ахлоқӣ мунофот дорад."
Бархе нозирон изҳороти мақомоти омрикоиро ҳокӣ аз талоши онон барои ҷалби ҳимояти афкори умумии омрикоиён аз амалиёти низомӣ алайҳи Сурия ва нишонаи омодагӣ барои даст задан ба чунин амалиёте донистаанд.
Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, моҳҳо пеш ҳушдор дода буд, ки истифода аз аслиҳаи шимиёӣ дар ҷанги дохилии Сурия "хатти қирмизи" Омрико маҳсуб мешавад ва убур аз ин хатти қирмиз табаъоте барои ҳукумати Сурия дар пай хоҳад дошт.
Дар ҳоле ки гузоришҳои иттилоъотӣ ҳокӣ аз он будааст, ки артиши Сурия дорои зарродхонаи силоҳи шимиёӣ аст, давлати он кишвар ҳаргиз доштани чунин таслиҳотеро таъйид накарда буд. Дар вокуниш ба ҳушдори оқои Убомо ҳам мақомоти сурӣ бо таъйиди вуҷуди чунин зарродхонае, гуфтанд, ки артиши Сурия ҳаргиз алайҳи шаҳрвандони худ аз ҳар гурӯҳе, ки бошанд, аз аслиҳаи шимиёӣ истифода нахоҳад кард.
Бо ин ҳама, кӯтоҳмуддате пас аз ин изҳорот мухолифони ҳукумати Сурия гузоришҳое аз корбурди нисбатан маҳдуди маводди шимиёӣ дар бархе нукоти амалиётӣ мунташир карданд, ки нахуст бо такзиби мақомоти давлатӣ ва сипас интисоби ин ҳамалоти шимиёӣ ба мухолифон мувоҷеҳ шуд.
Ҷанг барои бақо
Чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта манобеъи вобаста ба мухолифони ҳукумати Сурия аз як ҳамлаи шимиёии густарда ба яке аз шаҳракҳои атрофи пойтахт хабар доданд ва баъдан тасовире аз қурбониёни ин ҳамла, ки дар сойтҳои интернетӣ мунташир ва тавассути хабаргузориҳо ба таври густарда мухобира шуд, пайдо шуд
Мақомот ва расонаҳои давлатииСурия нахуст вуқӯъи чунин ҳамалотеро такзиб карданд, аммо баъдан гуфтанд, ки ин ҳамла тавассути мухолифон сурат гирифта ва ҳадаф аз он ҳам махдуш кардани чеҳраи ҳукумати Сурия дар замоне буда, ки бозрасони шимиёии Созмони Милал барои баррасии ҳамалоти шимиёии чанд моҳи пеш батозагӣ ба Сурия ворид шуда буданд.
Мақомоти давлати Сурия пас аз чанд рӯз таътил ва дар пайи дархости Русия бо азимати бозрасони Созмони Милал ба маҳалли ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбе мувофиқат карданд, ҳарчанд маъмурияти расмии ин бозрасон баррасии вуқӯъи ҳамлаи шимиёӣ аст ва қарор нест онон дар мавриди омили чунин ҳамлае изҳори назар кунанд.
Раҳбарони чанд кишвари урупоӣ, бахусус Бритониё ва Фаронса давлати Омрикоро барои иқдоми танбеҳӣ алайҳи ҳукумати Сурия таҳти фишор қарор додаанд, зеро ба гуфтаи нозирон, онон муътақиданд, ки адами вокуниш ба истифодаи маҳдуди қаблӣ боъис шуд, то артиши Сурия ба корбурди густардатари ин навъ таслиҳот мубодират варзад.
Нозирон муътақиданд, ки раҳбарони ҳукумати Сурия дар ҷанге сарнавиштсоз даргир ҳастанд, зеро меонанд, ки бо таваҷҷуҳ ба амалкардашон дар ҷанги дохилӣ, ки беш аз яксад ҳазор кушта барҷой гузошта, дар сурати шикаст дар ин ҷанг оқибате ногувор дар интизори онон хоҳад буд. Ба ин далел аст, ки мумкин аст ба ҳар василаи мумкин барои ғалаба бар мухолифон мутавассил шаванд.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, қабл аз истифода аз аслиҳаи шимиёӣ нерӯҳои давлатӣ ин минтақаро аз замину ҳаво зери оташи сангин қарор дода буданд ва дар хилоли ин оташборӣ буд, ки аслиҳаи шимиёӣ ба кор рафт.
Дар чанд моҳи ахир мақомоти сурӣ аз пешравии нерӯҳои давлатӣ алайҳи мухолифон хабар дода ва Башор Асад, раиси ҷ умҳурии Сурия низ тасаллути муҷаддади ҳукумат бар тамомии нуқоти Сурияро наздик дониста буд. Касоне ки ҳукумати Сурияро ба корбурди аслиҳаи шимиёӣ дар рӯзи чаҳоршанбе муттаҳам мекунанд, гуфтаанд, ки дар ҳоле ки соири буҳронҳои минтақаӣ боъиси инҳирофи афкори умумии ҷаҳониён аз масоили Сурия шуда буд, мумкин аст артиш дар назар доштааст бо ворид кардани заработи корӣ ва тарсондани нерӯҳои мухолиф дастёбӣ ба пирӯзии ниҳоиро тасреъ кунад.
