Русия: Мудохилаи низомӣ дар Сурия бидуни муҷаввизи СММ ноқизи қавонини байналмилалӣ аст

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия гуфтааст, ки ҳар гуна мудохилаи низомӣ дар Сурия бидуни муҷаввизи Созмони Милал (СММ) ноқизи қавонини байналмилалӣ аст.
Оқои Лавров ин суханонро пас аз он баён кард, ки Уилиём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё дар гуфтугӯе бо Би-би-сӣ аз эҳтимоли посухи низомӣ бидуни муҷаввизи Созмони Милал дар мавриди истифода аз таслиҳоти шимиёӣ дар Сурия хабар дод.
Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия мегӯяд Ғарб ҳеҷ мадраке дол бар истифодаи давлати Сурия аз силоҳи шимиёӣ надорад.
Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ тими бозрасони Созмони Милали Муттаҳид ба минтақае дар ҳумаи Димишқ, ки гуфта шуда ҳафтаи гузашта ҳадафи ҳамлаи шимиёӣ қарор гирифта, ворид шудаанд.
Видиюи мунташиршуда бозрасонро дар ҳоле ки саргарми суҳбат бо мардум ва гирифтани намуна барои таҳқиқ ҳастанд, нишон медиҳад.
Пеш аз ҳамлаи тактирандозони ношинос ба корвони худравҳои ҳомили ин бозрасон дар масири маҳалли ҳамлаи шимиёӣ гузориш шуда буд.
Гуфта шуд, ки яке аз худравҳо чандин бор ҳадафи тирандозӣ қарор гирифт. Аммо ин ҳамла талафоте надоштааст.
Расонаҳои давлатии Сурия шӯришиёни мухолифи давлатро омили ин ҳамла донистаанд.
Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия пас аз чанд рӯз ва дар пайи фишорҳои байналмилалӣ ба тими бозрасони Созмони Милал иҷоза дод, ки вориди ин минтақа, ки рӯзи чаҳоршанбеи гузаштаи 21 август) ҳадафи ҳамлаи шимиёӣ қарор гирифт, шаванд.
Садҳо нафар дар пайи ин ҳамла кушта ва шумори зиёде маҷруҳ шуданд.
Омрико ва Бритониё гуфтаанд бисёре аз шавоҳиди мавҷуд дар ин минтақа пас аз гузашти 5 рӯз аз вуқуъи ин ҳамла аз байн рафтааст.
Дар ҳамин ҳол Башор Асад дар гуфтугӯе бо рӯзномаи русии Известия зимни радди иттиҳомоти ворида мабнӣ бар даст доштани нерӯҳои давлатӣ дар ин ҳамла ба Омрико дар мавриди мудохилаи низомӣ дар ин кишвар ҳушдор дод.
Оқои Асад гуфт: "Агар касе қасд дорад то Сурияро ба арӯсаки хаймашаби бозии Ғарб табдил кунад, бояд бигӯям, ки чунин иттифоқе нахоҳад уфтод."
Буҳрони Сурия, ки бо саркӯби хушунатбори тазоҳуроти эътирозии мухолифон ба ҷанги дохилӣ бадал шуда, то кунун беш аз сад ҳазор кушта ва миллиюнҳо овора бар ҷо гузоштааст.
