Туркия: Ба ҳар эътилофе алайҳи Сурия мепайвандем

  • 26 Август, 2013
Image caption Вазири хориҷаи Туркия чанд рӯз пеш бо Аҳмад Ҷарбо аз раҳбарони яке аз гурӯҳҳои мухолифи Башор Асад дидор кард

Аҳмад Довудуғлу, вазири умури хориҷаи Туркия, гуфтааст, ки агар тавофуқе густарда ва дар сатҳи Шӯрои Амнияти Созмони Милал барои иқдом ба ҳалли буҳрони Сурия шакл нагирад, Туркия ба ҳар эътилофи байналмилалии дигар алайҳи Сурия хоҳад пайваст.

Оқои Довудуғлу гуфта: "Авлавияти мо ҳамеша бо амали муштарак бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва бино ба тасмимоти Созмони Милал аст. Аммо агар Шӯрои Амнияти Созмони Милал натавонад барои чунин амре тасмим бигирад, бадилҳои дигар дар дастури кор қарор хоҳанд гирифт."

Ӯ афзуда ҳамакнун гурӯҳе муташаккил аз 34-35 кишвар машғули ройзанӣ дар бораи роҳҳои мудохила дар буҳрони Сурия ҳастанд ва "агар дар хилоли ин раванд эътилофии зидди Сурия шакл бигирад, Туркия ҷои худро дар он эътилоф хоҳад дошт."

Изҳороти вазири хориҷаи Туркия пас аз он мунташир мешавад, ки ба дунболи вуқӯъи як ҳамлаи шимиёӣ дар ҳумаи Димишқ, ки масъули он мушаххас нест, эҳтимоли мудохилаи низомии Иёлоти Муттаҳида, Бритониё ва Фаронса дар Сурия қувват гирифтааст.

Сурия мувофиқат карда, то амнияти бозрасони Созмони Милали Муттаҳидро таъмин кунад ва ба онон иҷоза дода, то аз маҳалли вуқӯъи ҳамла боздид кунанд.

Бо ин ҳол, Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё мегӯянд дигар барои таҳқиқ дар бораи моҳияти ҳамла ва омили он дер шудааст. Онҳо мегӯянд тардиди ночизе дар бораи ин доранд, ки ҳукумати Башор Асад аз силоҳҳои шимиёӣ истифода кардааст.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, гуфтааст Русия амиқан дар бораи қасди иқдоми низомии кишварҳои ғарбӣ алайҳи Сурия нигарон аст.

Матолиби муртабит